https://sputnik.tj/20220625/volodin-ukraina-kitob-napartoyand-1049503644.html
Володин ба украиниҳо маслиҳат дод, ки китобҳои дарсии русиро напартоянд
Володин ба украиниҳо маслиҳат дод, ки китобҳои дарсии русиро напартоянд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия, ба украиниҳо тавсия дод, ки китобҳои дарсии русиро то 1 сентябр нигоҳ доранд ва онҳоро напартоянд
2022-06-25T18:00+0500
2022-06-25T18:00+0500
2023-10-02T17:11+0500
дар русия
китоб
маориф
вячеслав володин
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/19/1039723435_0:0:3015:1697_1920x0_80_0_0_c829e14f041dfbdcc27e4e32a841fe31.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин ба мардуми Украина маслиҳат дод, ки ба халос шудан аз китобҳои дарсии забони русӣ шитоб накунанд, то баъдан онҳоро ҷустуҷӯ накунанд. Қаблан хабар дода шуд, ки аз 1 август дар вилояти Одесса фанни забон ва адабиёти рус дигар таълим дода намешавад, китобҳои дарсӣ алакай бозпас гирифта шудаанд ва тамоми адибони рус аз барномаи таълимӣ хориҷ шудаанд. Ғайр аз ин, кумитаи ичроияи шаҳри Николаев хабар дод, ки аз 1 сентябри соли ҷорӣ дар мактабҳои шаҳри Николаев истифода бурдани забони русӣ манъ карда мешавад. "Яке аз вазифаҳои амалиёти вижаи низомӣ барқарор кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандоне мебошад, ки мехоҳанд бо забони модарии худ ҳарф зананд ва дар паи омӯзиши он бошанд. Ба ҷавобгарӣ кашидани мансабдорони украинӣ барои нақзи ҳуқуқи мардум дуруст аст. Ва мардуми Украина бояд барои партофтани китобҳои дарсии забони русӣ шитоб накунанд, бигзор то 1-уми сентябр бошанд, то баъдтар ҷустуҷӯяшон накунед", - навиштааст Володин дар шабакаи Telegram-и худ.Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.
https://sputnik.tj/20220524/rusi-kherson-zaboni-davlati-1048666575.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/19/1039723435_179:0:2910:2048_1920x0_80_0_0_fe28a185dcc7eedd274a49f1d24e474a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
володин, украина, китобҳои русӣ,
володин, украина, китобҳои русӣ,
Володин ба украиниҳо маслиҳат дод, ки китобҳои дарсии русиро напартоянд
18:00 25.06.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия ба украиниҳо тавсия дод, ки китобҳои дарсии русиро то 1 сентябр нигоҳ доранд, на ин ки онҳоро партоянд
ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин ба мардуми Украина маслиҳат дод, ки ба халос шудан аз китобҳои дарсии забони русӣ шитоб накунанд, то баъдан онҳоро ҷустуҷӯ накунанд.
Қаблан хабар дода шуд, ки аз 1 август дар вилояти Одесса фанни забон ва адабиёти рус дигар таълим дода намешавад, китобҳои дарсӣ алакай бозпас гирифта шудаанд ва тамоми адибони рус аз барномаи таълимӣ хориҷ шудаанд.
Ғайр аз ин, кумитаи ичроияи шаҳри Николаев хабар дод, ки аз 1 сентябри соли ҷорӣ дар мактабҳои шаҳри Николаев истифода бурдани забони русӣ манъ карда мешавад.
"Яке аз вазифаҳои амалиёти вижаи низомӣ барқарор кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандоне мебошад, ки мехоҳанд бо забони модарии худ ҳарф зананд ва дар паи омӯзиши он бошанд. Ба ҷавобгарӣ кашидани мансабдорони украинӣ барои нақзи ҳуқуқи мардум дуруст аст. Ва мардуми Украина бояд барои партофтани китобҳои дарсии забони русӣ шитоб накунанд, бигзор то 1-уми сентябр бошанд, то баъдтар ҷустуҷӯяшон накунед", - навиштааст Володин дар шабакаи Telegram-и худ.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.