Русӣ дар Херсон забони давлатӣ мешавад

© Sputnik / Андрей Иглов / Гузариш ба медиабонкРоссийские учебники по русскому языку
Российские учебники по русскому языку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Обуна шудан
Дар назар аст, ки забони русӣ дар минтақа дар муошират ва ҳалли масъалаҳои давлатӣ истифода шавад, ҳамчунин забони таълим дар мактабҳо ва донишгоҳҳо хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Забони русӣ баробари украинӣ дар вилояти озодшудаи Херсон мақоми давлатӣ хоҳад гирифт.
Дар ин бора РИА "Новости" аз қавли муовини раиси маъмурияти низомию шаҳрвандии вилоят Кирилл Стремусов хабар дод.

"Забони асосии коргузорӣ, муошират ва масоили дорои аҳамияти давлатӣ забони русӣ хоҳад буд", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи Стремусов, забони украинӣ дар минтақа мамнуъ нахоҳад шуд. Илова бар ин муовини раиси маъмурият гуфт, ки таҳсили минбаъда дар мактабу донишгоҳҳои вилоят бо забони русӣ сурат мегирад. Дар зимн ӯ истисно накард, ки бо хоҳиши волидон синфҳои украинӣ низ ташкил мегарданд.
Мақомдори Херсон изҳор дошт, ки ҳаққи шаҳрвандонро поймол нахоҳанд кард.
"Дар минтақаи мо як ҷамъияти бузурги тоторҳои Қрим ҳам зиндагӣ мекунанд. Додани мақоми давлатӣ ба забони тоторҳоро, тавре ки дар Қрим сурат мегирад, мо дар мулоқот бо ҷамъият ба таври муфассал баррасӣ хоҳем кард", - гуфт ӯ.
Георгий Мурадов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2022
Намояндаи Қрим: Украина дар шакли пешинааш боқӣ намемонад
Маврид ба зикр аст, ки нерӯҳои Русия тамоми вилояти Херсон ва қисмати назди Азови вилояти Запорожро зери назорат гирифтанд. Дар ин минтақаҳо раёсатҳои низомӣ-шаҳрвандӣ ташкил карда шудааст. Ба ҳамин васила Украина аз баҳри Азов канда шуда, ҳудудҳои Херсону Запорож бо Ҷумҳурии Халқии Донетск пайванд гардиданд.
Андрей Турчак, котиби Шӯрои кулли ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" гуфт, Русия ба ин минтақа барои ҳамеша омад ва мақоми онро сокинонаш муайян хоҳад кард. Дар навбати худ роҳбари минтақа Владимир Салдо гуфт, вилоят аллакай қисми ҷудонашаванди Русия мебошад.
Лентаи хабарҳо
0