Дар се моҳ беш аз 33 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шуд

Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Русия иттилоъ додаааст, ки дар семоҳаи аввали соли равон беш аз 30 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии ин кишварро гирифтааст
ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар гузорише, ки ахиран Вазорати умури дохилии Русия нашр кардааст, гуфта мешавад, дар моҳҳои январ-марти соли равон 33 ҳазору 84 нафар шаҳрвандии Русияро гирифтаанд.
Дар қиёс қирғизҳову ӯзбекҳо ба маротиб камтар мақоми шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд.
Тибқи гузориши ВКД-и Русия, дар се моҳи соли равон ҳамагӣ 5028 қирғиз ва 6509 ӯзбек дорои шаҳрвандии Русия шудааст.
Бояд гуфт, ки дар гирифтани шаҳрвандии Русия шаҳрвандони Украина пешсафанд. Дар ин давра 54641 украинӣ шаҳрванди Русия шудаанд. Дар маҷмуъ дар се моҳи соли ҷорӣ 141 663 ҳазор нафар шаҳрванди Русия гаштаанд.
Сучков Виталий Иванович - Руководитель Департамента национальной политики и межрегиональных связей города Москвы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2022
Сучков: Муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистонро ба Маскав накашед
Ҳамчунин тоҷикон дар гирифтани иҷозаи зисти муваққат ва иҷозаи иқомати доимӣ дар қиёс ба шаҳрвандони Қирғизистону Ӯзбекистон пешсаф ҳастанд.
Дар моҳи январ-марти соли равон 12 541 шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи зисти муваққат гирифтааст. Шаҳрвандони Ӯзбекистон 3292 ва аз Қирғизистон 2032 иҷозаи зисти муваққат гирифтаанд.
Ҳамзамон тоҷикон 24291иҷозаи иқомати доимӣ гирифтаанд. Дар ин муддат шаҳрвандони Ӯзбекистон 6015 ва Қирғизистон 3097 иҷозаи иқомати доимӣ ба даст овардаанд.
Лентаи хабарҳо
0