https://sputnik.tj/20220624/munoqisha-marzii-tojikistonu-qirghizistonro-maskav-1049482723.html
Сучков: Муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистонро ба Маскав накашед
Сучков: Муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистонро ба Маскав накашед
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Департаменти сиёсати миллӣ ва равобити байниминтақавии шаҳрдории Маскав талаб кард, муноқишаи марзӣ миёни ду кишварро ба кӯчаҳои Маскав накашанд
2022-06-24T15:25+0500
2022-06-24T15:25+0500
2022-06-24T20:24+0500
дар тоҷикистон
дар русия
қирғизистон
марз
муноқиша
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/18/1049482560_0:88:959:627_1920x0_80_0_0_f270c624b7d341b4cd5e2c02046bbfa6.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Виталий Сучков дар конфронси “Маскав: минтақаи ҳуснитафоҳум”, ки дар пойтахти Русия баргузор шуд, гуфт, муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба ин шаҳр кашида нашаванд ва зимнан аз мақомот дархост кард аз задухӯрдҳои тоҷикону қирғизҳо дар Русия ҷилавгирӣ шавад.Вай таъкид кард, ки ҷилавгирӣ аз ин гуна занозаниҳои муҳоҷирон барои мақомоти шаҳри Маскав бисёр муҳим аст.“Мо дар оянда сари ин кор хоҳем кард. Шумо шоҳиди он будед, ки мо чандин бор бо роҳбарни ҷамъиятҳои миллӣ дар ин бора гуфтугӯ карда будем. Дар ин дидорҳо мо мавқеъи худро рушан ба онҳо расонидем. Айни ҳол, мо корамонро идома медиҳем”, - илова кард роҳбари Департаменти сиёсати миллӣ ва равобити байниминтақавии шаҳрдории Маскав.Ҳамзамон вай дар ин конфронс илова кард, ки кори мақомоту ҷамъиятҳои миллӣ дар пеш аст ва ба ҳамин хотир ҳама бояд сари ин масъала якҷо кор кунанд.Ёдрас мешавем, ки ахиран дар пойтахти Русия конфронс дар мавзуи “Маскав – минтақаи ҳуснитафоҳум: вазъи муҳоҷират ва ризояти байниқавмӣ дар шароити нави иқтисодии фишорҳои таҳримӣ” баргузор шуд, ки дар он мақомоти шаҳри Маскав, ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.
https://sputnik.tj/20220614/barrasii-pahluhoi-gunoguni-muhojirat-dushanbe-1049190734.html
қирғизистон
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/18/1049482560_0:0:959:720_1920x0_80_0_0_ba959b274007018b1fcbe87da36a40bb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, тоҷикистон, қирғизистон, муҳоҷирон, муноқиша, марз, маскав, занозанӣ, кашида нашавад
русия, тоҷикистон, қирғизистон, муҳоҷирон, муноқиша, марз, маскав, занозанӣ, кашида нашавад
Сучков: Муноқишаи марзии Тоҷикистону Қирғизистонро ба Маскав накашед
15:25 24.06.2022 (Навсозишуда: 20:24 24.06.2022) Роҳбари Департаменти сиёсати миллӣ ва равобити байниминтақаии шаҳрдории Маскав талаб кард, муноқишаи марзӣ миёни ду кишварро ба кӯчаҳои Маскав накашанд
ДУШАНБЕ, 24 июн - Sputnik. Виталий Сучков дар конфронси “Маскав: минтақаи ҳуснитафоҳум”, ки дар пойтахти Русия баргузор шуд, гуфт, муноқишаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ба ин шаҳр кашида нашаванд ва зимнан аз мақомот дархост кард аз задухӯрдҳои тоҷикону қирғизҳо дар Русия ҷилавгирӣ шавад.
“Дар марзҳои ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравии мо нооромиҳо вуҷуд дорад. Муҳим он аст, ки мо ба муҳоҷирон фаҳмонем, ташаннуҷе, ки хориҷ аз марзҳои мо вуҷуд доранд ба кӯчаҳои шаҳрҳои Русия кашонида нашавад”, - гуфт оқои Сучков.
Вай таъкид кард, ки ҷилавгирӣ аз ин гуна занозаниҳои муҳоҷирон барои мақомоти шаҳри Маскав бисёр муҳим аст.
“Мо дар оянда сари ин кор хоҳем кард. Шумо шоҳиди он будед, ки мо чандин бор бо роҳбарни ҷамъиятҳои миллӣ дар ин бора гуфтугӯ карда будем. Дар ин дидорҳо мо мавқеъи худро рушан ба онҳо расонидем. Айни ҳол, мо корамонро идома медиҳем”, - илова кард роҳбари Департаменти сиёсати миллӣ ва равобити байниминтақавии шаҳрдории Маскав.
Ҳамзамон вай дар ин конфронс илова кард, ки кори мақомоту ҷамъиятҳои миллӣ дар пеш аст ва ба ҳамин хотир ҳама бояд сари ин масъала якҷо кор кунанд.
Ёдрас мешавем, ки ахиран дар пойтахти Русия конфронс дар мавзуи “Маскав – минтақаи ҳуснитафоҳум: вазъи муҳоҷират ва ризояти байниқавмӣ дар шароити нави иқтисодии фишорҳои таҳримӣ” баргузор шуд, ки дар он мақомоти шаҳри Маскав, ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок доштанд.