Шуруи ҷанги Балхоб: паёмадҳояш чӣ хоҳад буд?

© AP / Bernat ArmangueБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Обуна шудан
Ҷанг миёни толибон ва нерӯҳои Мавлавӣ Маҳдӣ дар шаҳристони Балхоби вилояти Сарипули Афғонистон шуруъ шуд, ки ҳукумати нави ин кишвар ҳазорон нерӯ фиристодааст
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Толибон садҳо ҷангии худро аз чаҳор тараф ба ҷанги Мавлавӣ Маҳдӣ, фармондеҳи ҳазораи Толибон, ки аз ин гуруҳ буридааст, эъзом кардааст.
Бино ба гузоришҳо, раҳбарони зиддитолиб, назири Аҳмади Масъуд, Муҳаммади Муҳаққиқ, Устод Атомуҳаммади Нур, Абдурашид Дӯстум ва дигарон пуштибонии худро аз нерӯҳои Мавлавӣ Маҳдӣ эълон кардаанд.
Сайидолим Козимӣ, яке аз афроди наздики Мавлавӣ Маҳдӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷанги шадид дар қисмати шимолӣ - минтақаи Дуздондараи Қумкӯтал ва қисмати ғарбӣ - Оби Калон шуруъ шуд ва аввалин талафот ба толибон ворид гардид.
“Ҷанг соати 9 – субҳ дар Хомкӯтал шуруъ шуд ва нерӯҳои муқовимат толибонро то минтақаи Гӯри Қозӣ ақибнишинӣ карданд. Шаш кушта ба ҷо мондааст. Дар минтақаи Ҳатбахшӣ, миёни шаҳристонҳои Балхоб ва Санчорак ақибнишинӣ карданд. Як даҳшака (ДШК) ва ду ренҷер ба ғанимат гирифта шуда, се кушта дар ҷо мондааст”, - гуфт Козимӣ.
Посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Лякин-Фролов дар бораи таҳдидҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон гуфт
Аммо ба гуфтаи мардуми Оби Калон, теъдоди куштаҳо ба 20 нафар мерасад. Як тонки “Ҳомвей” - и толибон дар рустои Ойбулоқи Дараи Суф чаппа шуда, 6 толиб ба ҳалокат расидааст
Бино ба иттилоъи ӯ, дар ҳоли ҳозир Толибон аз чор тараф: шимол - шаҳристонҳои Сангчорак ва Гӯсфандӣ (вилояти Сарипул) ва Зоеву Кишандеҳ (Балх), ғарб - шаҳристони Кӯҳистонот (Сарипул), шарқ - шаҳристони Дараи Суфи Боло (Самангон) ва ҷануб - вулусволии Якавланг (Бомиён) муҳосира шудааст.

“Мо тамоми роҳҳои вуруд ба Балхобро бо истифода аз булдозерҳо масдуд кардем ва ҷойҳоеро низ инфиҷор додем, то нерӯҳои толибон ва дигар созмонҳои террористӣ натавонанд вориди шаҳристон шаванд. Тамоми дарвозаҳои вурудӣ таҳти пӯшиши нерӯҳои мо қарор дорад”, - гуфт Козимӣ.

Бино ба иттилое, ки аз манобеъи гуногун мерасанд, толибон ҳудуди 6 ҳазор нерӯ ба Балхоб фиристодаанд ва ин нерӯҳоро Қорӣ Фасеҳуддин, сардори Ситоди кул аз самти шарқу шимол ва Мулло Фозил, муовини вазири дифоъи толибон аз шимолу Ғарб фармондеҳӣ мекунанд.
Дар мавриди теъдоди нерӯҳои таҳти фармони Мавлавӣ Маҳдӣ, ки бино ба иттилооти қаблӣ, 400 нафар ҳисоб мешуд, Сайидолим Козимӣ мегӯяд, бо расидани нерӯҳои кӯмакӣ аз вилоёти Бомиён, Ғур ва Дойкундӣ теъдоди онҳо ба чаҳор ҳазор нафар расидааст.
“Дар ин минтақа нерӯҳои таҳти фармони Сайид Мустафои Козимӣ, дар вулусволиҳои атрофи марбути вилоятҳои Самангону Балх нерӯҳои Аҳмади Масъуд, Атомуҳаммади Нур ва Абдурашид Дӯстум низ ҳузур доранд. Ҳамаи ин раҳбарон бо Мавлавӣ Маҳдӣ тамос гирифта, пуштибонии худро эълон карданд. Мушкил таъмини онҳо бо силоҳ буд, ки онро ҳам Мавлавӣ Маҳдӣ дар ихтиёрашон гузошт”, - гуфт Козимӣ.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Ҷанг дар Балхоб – “Панҷшери дуюм”: даргирӣ миёни толибон ва Маҳдӣ Муҷоҳид
Мавлавӣ Маҳдӣ танҳо толиби баландмақоми ҳазора дар ҳукумати толибон, ҳамон ҳам раиси истихбороти Бомиён ва вулусволи Балхоб буд, ки як моҳи қабл ба далели барканорӣ аз вазифа аз ин гуруҳ роҳашро ҷудо кард. Чанд ҳайати толибон аз Кобул муваффақ нашуданд, ки ӯро тариқи музокира ба саф баргардонанд.
Маҳдӣ аз толибон хост, ки ба ҳаққи ҳазораҳо ва шиаҳои Афғонистон дар қудрат эҳтиром бигзорад, ҳадди ақал, зимоми ҳукумат дар вилоёту вулусволиҳои ҳазоранишинро дар ихтиёри ҳазораҳо гузоранд.
Дар ҳукумати толибон ягон ҳазораи вазир нест ва ин гуруҳ мазҳаби шиаи ҷаъфарияро, ки дар замони ҷумҳурият расмӣ буд, эътироф намекунад. Балхоб, пойгоҳи аслии Мавлавӣ Маҳдӣ, дар замони муқовимати аввал (1996 – 2001) низ барои толибон як қалъаи дастнорас буд.
Он замон низ ин гуруҳ натавониста буд ин шаҳристонро ба пуррагӣ забт кунад. Зоҳиран, таҳаввулоте, ки имрӯзҳо дар ҷараён аст, ин шаҳристонро дигарбора ба як мушкили ҷиддӣ барои толибон табдил медиҳад.
Аз нигоҳи нозирони вазъ, ҷанги Балхоб амалан қуфли сукути нерӯҳои зиддитолибонӣ дар шимоли Афғонистон мешиканад ва онро ба маркази дуввуми муқовимат табдил хоҳад дод.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Фармони роҳбари толибон дар хусуси ташкили мадориси ҷиҳодӣ
Сайид Ориф Ҳусайнӣ, яке аз рушанфикрони ин минтақа ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз сӯи дигар, хавфи ин вуҷуд дорад, ки дуҳли як ҷанги мазҳабӣ зада шавад.
“Балхоби Сарипул ва вилояти ҳамшафаташ Бомиён умдатан ҳазора ва шианишинанд. Ҳоло хавфи ин ба вуҷуд омадааст, ки ҷанги сунниву шиа ба миён наояд, зеро Толибон ба мазҳаби шиа эҳтиром надоранд, гуфт Ҳусайнӣ
Бино ба иттилоъи ӯ, дар ҳоли ҳозир Толибон аз чор тараф: шимол - шаҳристонҳои Сангчорак ва Гӯсфандӣ (вилояти Сарипул) ва Зоеву Кишандеҳ (Балх), ғарб - шаҳристони Кӯҳистонот (Сарипул), шарқ - шаҳристони Дараи Суфи Боло (Самангон) ва ҷануб - вулусволии Якавланг (Бомиён) Балхобро муҳосира шудааст.
*- ташкилотҳои террористӣ, ки фаъолияташон дар Русия ва Тоҷикистон манъ карда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0