Лякин-Фролов дар бораи таҳдидҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон гуфт

© Sputnik / Амир ИсаевПосол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов
Посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Обуна шудан
Сафири Русия гуфт, вазъ дар Афғонистон, ки бо кишвари Тоҷикистон ҳаммарз аст, то ҳол ҳеҷ "заминае барои оромиш"-ро надорад
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Вазъият дар наздикии марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мушкил боқӣ мемонад. Дар ин бора Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар мусоҳиба бо "Известия" хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар манотиқи шимолии Афғонистон ҳудуди 6 ҳазор ҷангҷӯ фаъолият мекунанд.
Сухан дар бораи аъзои чунин созмонҳои террористӣ, аз қабили “Ҷамоати Ансоруллоҳ”*, “Давлати исломӣ”* ё "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон"* меравад. Ҳамаи ин "заминае барои оромиш настанд".
"Хатари калонтарин барои Тоҷикистон аз он гурӯҳҳои террористӣ аст, ки дар сафҳои онҳо аз ҷумла мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ меҷанганд. Онҳо нақшаи паҳн кардани ақидаҳои радикалиро дар саросари минтақа пинҳон намекунанд", - гуфт дипломат дар мусоҳиба.
Лякин-Фролов афзуд, аз гузоришҳои расмии сохторҳои қудратии Тоҷикистон низ маълум мешавад, ки теъдоди нисбатан кам, вале то ҳол дар кишвар афроде ҳастанд, ки аз ақидаҳои ифротгаро пуштибонӣ мекунанд ва бо террористон ҳамкорӣ мекунанд.
Московский формат консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Сенатори амрикоӣ: Ҳукумати кунунии Афғонистон ташкилшуда аз террористону одамрабоён аст
"Мо бояд ба мақомоти ҷумҳурӣ эҳтиром гузорем, ки бо таблиғи ақидаҳои гуногуни тахрибкор дар байни сокинони кишвар хеле муассир мубориза бурда, ба ифротгароён иҷоза намедиҳад, ки сари худро баланд кунанд", - қайд кард сафир.
Вай афзуд, дар ин замина мунтазам дар чаҳорчӯби СПАД дар сурати воридшавии гуруҳҳои ғайриқонунӣ аз қаламрави Афғонистон иқдомоти муштарак дар шакли дуҷониба таҳия мешавад.
Дар ин росто, пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон василаи муҳими таъмини амнияти на танҳо ҷумҳурӣ, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, афзуд дипломат.
*- ташкилотҳои террористӣ, ки фаъолияташон дар Русия ва Тоҷикистон манъ карда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0