https://sputnik.tj/20220620/farmoni-rohbari-tolibon-dar-khususi-tashkili-madorisi-jihodi-1049359755.html
Фармони роҳбари толибон дар хусуси ташкили мадориси ҷиҳодӣ
Фармони роҳбари толибон дар хусуси ташкили мадориси ҷиҳодӣ
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари толибон ахиран фармонеро дар хусуси чигунагӣ ташкил ва масорифи мадориси ҷиҳодӣ дар Иморати Исломии Афғонистон содир кардааст
2022-06-20T18:00+0500
2022-06-20T18:00+0500
2022-06-20T20:49+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
толибон
фармон
роҳбар
содир
мадраса
ҷиҳод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042434634_0:216:2875:1833_1920x0_80_0_0_32daa923361f716e17b9c6caa5f9b9f3.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Мулло Ҳибатуллоҳи Охндзода, раҳбари толибон фармонеро дар хусуси чигунагии ташкилу масорифи мадориси ҷиҳодӣ, содир кардааст.Дар ин фармоне, ки ахиран мунташир шуда омадааст, дар тамоми мадориси ҷиҳодӣ нассоби манзуршудаи толибон тадрис шавад.Раҳбари толибон дар ин фармони афзуда, ки талош шавад то шуюхи машҳури маҳаллӣ дар маҳали худашон ба унвони муаллим таъйин шаванд.Тибқи ин мактуб, Охундзода ҳукм кардааст, ки вулусволону қумандонҳои амнияти вулусволиҳои вилояти Қандаҳори муовинони худро аз миёни муллоҳои мадорис интихоб кунанд, то онон дар канори иҷрои вазоифи марбута, масъуляти имомати ниҳоди марбутаи тадриси афроди толибонро низ ба пеш бубаранд.Дар мактуби содиршда ба вулусволиҳои Қандаҳор гуфта шудааст, ки раҳбари толибон дар як ҳукми шифоҳии ин дастурро ба мақомҳои ин вилоят додааст.Дар ин фармон, ташкилу ҳазинаҳои мадориси ҷиҳодӣ низ тавзеҳ дода шудааст.Бар бунёди он, ҳар мадорис ҷиҳодӣ бояд 10 муаллим дошта бошад; аз ҷумлаи се нафари шуюухи ҳадис бо 25 ҳазор афғонӣ маош, се шуюух "мавқуфалайҳ" бо 20 ҳазор афғонӣ маош, се устоди фунун бо 15 ҳазор маош ва як тан устоди дорулҳифоз бо 20 ҳазор афғонӣ маоши таъйин шудааст.Гуфта шуда, ки ҳар яке аз мадрисаи ҷиҳодии дорои ҳашт корманд (ходим) шомили як нафари мудир ё муҳтамоми мадриса, як нафари нозим, ду ронанда, се нафари ошпаз ва се нафар нонво бошад.Бар бунёди маълумот, ин дастури як моҳи пеш аз сӯии раҳбари толибони содир шудааст.Қандаҳор зодгоҳу маҳали будубоши раҳбар толибон аст. Маълум нест ки ин ҳукм дар дигари вилоятҳо ҳам иҷро мешавад ё на.
https://sputnik.tj/20220620/jang-balkhob-panjsher-tolibon-mahdi-mujohid-1049346480.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/16/1042434634_72:0:2803:2048_1920x0_80_0_0_caf03883dae5bb940d4f168ee1c5d347.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, осиёи марказӣ, толибон, фармон, мадорис, роҳбари толибон
афғонистон, осиёи марказӣ, толибон, фармон, мадорис, роҳбари толибон
Фармони роҳбари толибон дар хусуси ташкили мадориси ҷиҳодӣ
18:00 20.06.2022 (Навсозишуда: 20:49 20.06.2022) Роҳбари толибон ахиран фармонеро дар хусуси чигунагии ташкил ва масорифи мадориси ҷиҳодӣ дар Иморати Исломии Афғонистон содир кардааст
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Мулло Ҳибатуллоҳи Охндзода, раҳбари толибон фармонеро дар хусуси чигунагии ташкилу масорифи мадориси ҷиҳодӣ, содир кардааст.
Дар ин фармоне, ки ахиран мунташир шуда омадааст, дар тамоми мадориси ҷиҳодӣ нассоби манзуршудаи толибон тадрис шавад.
Раҳбари толибон дар ин фармони афзуда, ки талош шавад то шуюхи машҳури маҳаллӣ дар маҳали худашон ба унвони муаллим таъйин шаванд.
Тибқи ин мактуб, Охундзода ҳукм кардааст, ки вулусволону қумандонҳои амнияти вулусволиҳои вилояти Қандаҳори муовинони худро аз миёни муллоҳои мадорис интихоб кунанд, то онон дар канори иҷрои вазоифи марбута, масъуляти имомати ниҳоди марбутаи тадриси афроди толибонро низ ба пеш бубаранд.
Дар мактуби содиршда ба вулусволиҳои Қандаҳор гуфта шудааст, ки раҳбари толибон дар як ҳукми шифоҳии ин дастурро ба мақомҳои ин вилоят додааст.
Дар ин фармон, ташкилу ҳазинаҳои мадориси ҷиҳодӣ низ тавзеҳ дода шудааст.
Бар бунёди он, ҳар мадорис ҷиҳодӣ бояд 10 муаллим дошта бошад; аз ҷумлаи се нафари шуюухи ҳадис бо 25 ҳазор афғонӣ маош, се шуюух "мавқуфалайҳ" бо 20 ҳазор афғонӣ маош, се устоди фунун бо 15 ҳазор маош ва як тан устоди дорулҳифоз бо 20 ҳазор афғонӣ маоши таъйин шудааст.
Гуфта шуда, ки ҳар яке аз мадрисаи ҷиҳодии дорои ҳашт корманд (ходим) шомили як нафари мудир ё муҳтамоми мадриса, як нафари нозим, ду ронанда, се нафари ошпаз ва се нафар нонво бошад.
Бар бунёди маълумот, ин дастури як моҳи пеш аз сӯии раҳбари толибони содир шудааст.
Қандаҳор зодгоҳу маҳали будубоши раҳбар толибон аст. Маълум нест ки ин ҳукм дар дигари вилоятҳо ҳам иҷро мешавад ё на.