https://sputnik.tj/20220622/diplomat-rusiya-khatar-dargiri-abarqudrat-1049427296.html
Дипломати Русия вазифаашонро пешгирии даргирии ҳастаӣ гуфт
Дипломати Русия вазифаашонро пешгирии даргирии ҳастаӣ гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Рисолати дипломатияи Русия дар шароити номуайянии дурнамои муносиботи байналмилалӣ, ҷилавгирӣ аз даргирӣ миёни абарқудратҳои ҳастаӣ арзёбӣ шуд
2022-06-22T19:15+0500
2022-06-22T19:15+0500
2022-06-22T19:15+0500
дар русия
амният ва мудофиа
мария захарова
амалиёт
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/41/1027914158_0:0:2676:1506_1920x0_80_0_0_d1784f2b14236f9a0fb5d5c02055975c.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Афзалияти аввалиндараҷаи кори дипломати Русия пешгирии даргирии ҳастаӣ мебошад, изҳор дошт муовини вазири умури хориҷии ФР, Сергей Рябков зимни як ҳамоиш дар Маскав. Ӯ гуфт, чунин хатар дар пасманзари номуайянии вазъи байналмилалӣ ба далели буҳрони Украина ҷой дорад. "Бо назардошти шиддати минбаъдаи буҳрони украинӣ ва раванди пешгӯинашавандаи ҳаводиси байналмилалӣ, афзалияти аслии дипломатияи Русия пешгирии даргирии мустақими абарқудратҳои ҳастаист", - изҳор дошт Рябков.Ҳифзу идомаи муколама ва коҳиши шиддат аз самтҳои дигари фаъолияти дипломатҳои Русия арзёбӣ шуд. "Кор дар самти таъмини эътидоли стратегӣ, ҳифзи низоми паҳншавии силоҳи қатли ом ва беҳбуди назорати аслиҳа хеле муҳим аст", - таъкид намуд дипломати Русия. Ин дар ҳолест, ки қаблан Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия қаблан гуфт, Маскав ҳеч гоҳ бо истифодаи силоҳи ҳастаӣ касеро таҳдид накардааст. "Русия ҳеҷ гоҳ на танҳо касеро ба истифодаи силоҳи ҳастаӣ таҳдид накардааст, балки баръакс пайваста ба тамоми кишварҳо аз ин бемасъулиятӣ ҳушдор медиҳад", - афзуд ӯ. Маврид ба зикр аст, ки суҳбатҳо дар мавриди эҳтимоли даргирии ҳастаӣ дар пасманзари амалиёти низомӣ дар Украина, ки аз моҳи феврал ба ин сӯ идома дорад, бештар шудаанд.
https://sputnik.tj/20220622/bayden-pandemiyai-nav-elon-1049416431.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102791/41/1027914158_0:0:2600:1950_1920x0_80_0_0_0660741d576f2cf55f82280da75cadfe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рисолат, пешгирӣ, даргирӣ, ҳастаӣ
рисолат, пешгирӣ, даргирӣ, ҳастаӣ
Дипломати Русия вазифаашонро пешгирии даргирии ҳастаӣ гуфт
Рисолати дипломатияи Русия дар шароити номуайянии дурнамои муносиботи байналмилалӣ ҷилавгирӣ аз даргирӣ миёни абарқудратҳои ҳастаӣ арзёбӣ шуд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Афзалияти аввалиндараҷаи кори дипломати Русия пешгирии даргирии ҳастаӣ мебошад, изҳор дошт муовини вазири умури хориҷии ФР, Сергей Рябков зимни як ҳамоиш дар Маскав.
Ӯ гуфт, чунин хатар дар пасманзари номуайянии вазъи байналмилалӣ ба далели буҳрони Украина ҷой дорад.
"Бо назардошти шиддати минбаъдаи буҳрони украинӣ ва раванди пешгӯинашавандаи ҳаводиси байналмилалӣ, афзалияти аслии дипломатияи Русия пешгирии даргирии мустақими абарқудратҳои ҳастаист", - изҳор дошт Рябков.
Ҳифзу идомаи муколама ва коҳиши шиддат аз самтҳои дигари фаъолияти дипломатҳои Русия арзёбӣ шуд.
"Кор дар самти таъмини эътидоли стратегӣ, ҳифзи низоми паҳншавии силоҳи қатли ом ва беҳбуди назорати аслиҳа хеле муҳим аст", - таъкид намуд дипломати Русия.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия қаблан гуфт, Маскав ҳеч гоҳ бо истифодаи силоҳи ҳастаӣ касеро таҳдид накардааст.
"Русия ҳеҷ гоҳ на танҳо касеро ба истифодаи силоҳи ҳастаӣ таҳдид накардааст, балки баръакс пайваста ба тамоми кишварҳо аз ин бемасъулиятӣ ҳушдор медиҳад", - афзуд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки суҳбатҳо дар мавриди эҳтимоли даргирии ҳастаӣ дар пасманзари амалиёти низомӣ дар Украина, ки аз моҳи феврал ба ин сӯ идома дорад, бештар шудаанд.