Байден пандемияи навро эълон кард

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкЗаявление Джо Байдена по ситуации на Украине
Заявление Джо Байдена по ситуации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Амрико аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба пандемияи нав омодагӣ бигиранд ва барои мубориза ба он маблағ ҷустуҷӯ намоянд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ҷо Байден, раисҷумҳури ИМА ахиран дар нишасти матбуотӣ дар Кохи сафед гуфт, ки ҷаҳон бояд ба пандемияи нав омодагӣ бигирад, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Ба ақидаи роҳбари Амрико, мубориза бо ин пандемия “маблағи бештар”-ро талаб хоҳад кард.
"Барои мубориза бо пандемияи нав ба мо маблағи бештар лозим мешавад. Боз як пандемияи дигар сар мезанад. Мо бояд дар ин бора пешакӣ фикр кунем. Барои ҳамин ба мо маблағҳои иловагӣ лозим аст", - гуфт Байден дар посух ба суоли рӯзноманигорон дар бораи маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи мубориза бо COVID- 19 дар Иёлоти Муттаҳида.
Глава МИД РФ С. Лавров принял участие в заседании Совета глав субъектов РФ при МИД РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2022
Лавров: Амрико наметавонад Русияро аз ҳаққи овоздиҳӣ дар ҷаҳон маҳрум созад
Тибқи маълумоти Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, шумори қурбониёни коронавирус дар Иёлоти Муттаҳида беш аз як миллион нафарро ташкил медиҳад. Аз рӯи ин нишондиханда ИМА нисбат ба дигар кишварҳо пешқадам аст.
Бар асоси назарсанҷиҳои ахир, мизони ризояти мардум аз раисиҷумҳур тақрибан 40 дарсадро ташкил медиҳад, ки ӯ дар миёни руасои ҷумҳури давраи ахири ин икшвар аз камтарин маъруфият бархурдор аст.
Мунаққидон мунтазам ӯро дар таназзули равонӣ муттаҳам мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0