https://sputnik.tj/20220618/ima-muttahidonash-munoqisha-ukraina-omodag-1049305660.html
"Washington Post": ИМА ва муттаҳидонаш ба як муноқишаи тӯлонӣ дар Украина омодагӣ мебинанд
"Washington Post": ИМА ва муттаҳидонаш ба як муноқишаи тӯлонӣ дар Украина омодагӣ мебинанд
Sputnik Тоҷикистон
Нашрияи амрикоӣ дар гузориши худ навиштааст, Иёлоти Муттаҳида дар бораи имкони тамдиди низоъ дар Украина то моҳи феврали соли равон тасмими зарурӣ қабул карда буд
2022-06-18T12:08+0500
2022-06-18T12:08+0500
2022-06-20T15:05+0500
има
украина
дар русия
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/12/1046008199_0:0:3123:1757_1920x0_80_0_0_b84e8fff19c4a8bae4ad3ebb693261f9.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Мақомҳои давлатии Амрико ва муттаҳидони ба муноқишаи тӯлонӣ дар Украина омодагӣ мегиранд, навиштааст нашрияи Washington Post.Ба гуфтаи як мақоми баландпояи вазорати хориҷаи Амрико, ки номаш ошкор нашудааст, мансабдорони маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден "эҳтимоли муноқишаи тӯлониро баррасӣ карда ва эътироф карданд, ки" таъсири манфии глобалии онро "ҳатто пеш аз моҳи феврали соли ҷорӣ" эътироф карданд.Маврид ба зикр аст, ки қаблан намояндагони Маскав гуфта буданд, ки ИМА ба идомаи ҷанг дар Украинаи манфиатдоранд.Ба таъктди онҳо агар ИМА хостори сулҳ бошад, ба ин кишвар силоҳ ворид намесозад ва Киевро водор ба гуфтушунид мекунад.Сафири Русия дар ИМА низ таъкид кард, ки кашидани силоҳ ба Киев аз ҷониби Амрико ба рӯёрӯии Маскав ва Вашингтон мунҷар мешавад.Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.
https://sputnik.tj/20220618/antonov-khatar-jang-rusiya-amriko-hushdor-1049304809.html
https://sputnik.tj/20220617/putin-ima-khudo-1049289621.html
има
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/12/1046008199_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a5cacf283e42d4a075ba6b1b59268113.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има муноқишаи тӯлонӣ украина омодагӣ
има муноқишаи тӯлонӣ украина омодагӣ
"Washington Post": ИМА ва муттаҳидонаш ба як муноқишаи тӯлонӣ дар Украина омодагӣ мебинанд
12:08 18.06.2022 (Навсозишуда: 15:05 20.06.2022) Нашрияи амрикоӣ дар гузориши худ навиштааст, ИМА дар бораи имкони тамдиди низоъ дар Украина то моҳи феврали соли равон тасмими зарурӣ қабул карда буд
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Мақомҳои давлатии Амрико ва муттаҳидони ба муноқишаи тӯлонӣ дар Украина омодагӣ мегиранд, навиштааст нашрияи Washington Post.
Ба гуфтаи як мақоми баландпояи вазорати хориҷаи Амрико, ки номаш ошкор нашудааст, мансабдорони маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден "эҳтимоли муноқишаи тӯлониро баррасӣ карда ва эътироф карданд, ки" таъсири манфии глобалии онро "ҳатто пеш аз моҳи феврали соли ҷорӣ" эътироф карданд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан намояндагони Маскав гуфта буданд, ки ИМА ба идомаи ҷанг дар Украинаи манфиатдоранд.
Ба таъктди онҳо агар ИМА хостори сулҳ бошад, ба ин кишвар силоҳ ворид намесозад ва Киевро водор ба гуфтушунид мекунад.
Сафири Русия дар ИМА низ таъкид кард, ки кашидани силоҳ ба Киев аз ҷониби Амрико ба рӯёрӯии Маскав ва Вашингтон мунҷар мешавад.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.