Путин: ИМА худро фиристодаи Худо медонад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин, архивное фото
Президент РФ В. Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Обуна шудан
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар пайи пирӯзӣ дар ҷанги сард худро фиристодаи Худо эълон карду манфиатҳояшро муқаддас медонад, гуфт президенти Русия
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин зимни ҳамоиши байналмилалии Санкт-Петербург гуфт, ИМА дар пайи пирӯзӣ дар ҷанги сард худро фиристодаи Худо эълон карду манфиатҳояшро муқаддас медонад.
Кишвардори Русия гуфт, онҳо худро бартар аз дигарон медонанд.
Путин афзуд, тайи даҳсолаҳои ахир давлатҳои дар ҳоли рушди сареъ зуҳур карданд ва манофеи онҳо набояд сарфи назар шавад.

"Чун пештара вазъ дигар нахоҳад буд, марҳилаи ҷаҳони якқутбӣ поён ёфт", - таъкид намуд раисҷумҳури Русия.

Ёдовар мешавем, ки 25-умин Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург аз 15 то 18 июн дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мешавад.
Аз роботи яхмосфурӯш то чойнӯшӣ зери гумбазҳо: аксҳои ҳайратангез аз форуми Петербург
Дар ин ҳамоиш намояндагони 120 давлат, аз ҷумла Русия ширкат хоҳанд кард.
Ҳамчунин аз ин ҳамоиш беш аз 2700 нафар намояндагони тиҷорат дидан хоҳанд кард, ки беш аз 1000 нафари онҳоро роҳбарони ширкатҳо намояндагӣ мекунанд.
Ҳадафи асосии чорабинӣ дастгирии муколамаи созандаест, ки ба барқарории ҳамдигарфаҳмӣ ва фароҳам овардани замина барои қабули қарору амалҳои муштарак мусоидат менамояд.
Лентаи хабарҳо
0