https://sputnik.tj/20220612/imzoi-sozishnoma-hamkori-amonatbonk--bonk-belarus-1049128339.html
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни “Амонатбонк” ва “Бонки рушди Беларус”
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни “Амонатбонк” ва “Бонки рушди Беларус”
Sputnik Тоҷикистон
Маросими имзои созишномаи умумӣ дар бораи маблағгузории содиротӣ миёни “Амонатбонк” ва “Бонки рушди Беларус” дар шаҳри Минск сурат гирифт
2022-06-12T10:50+0500
2022-06-12T10:50+0500
2022-06-14T19:55+0500
дар тоҷикистон
беларус
имзо
созишнома
амонатбонк
ҳамкорӣ
молия
иқтисод
бонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0c/1049128183_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_1a23d68a1d503881722699d6e8f32723.png
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Созишномаи умумӣ дар бораи маблағгузории содиротӣ аз ҷониби Икромӣ Сироҷиддин, раиси Раёсати БДА ҶТ "Амонатбонк" Салом ва Александр Егоров, раиси Раёсати ҶСК “Бонки рушди Беларус” ба имзо расид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти бонки дафлатии амонатгузории Тоҷикистон.Тибқи иттилои манбаъ созишномаи мазкур дар шаҳри Минск дар рафти баргузории ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Белрус ба имзо расидааст.Ҳамзамон масъулини “Амонатбон” илова карданд, ки мақсад ва ҳадафҳои ҷонибҳо пеш аз ҳама густариш додани гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо мебошад.Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои Бонки АвруОсиёии Рушд дар моҳи апрели соли ҷорӣ Беларус интиқоли маҳсулотро ба Тоҷикистон коҳиш додааст.Манбаъ меафзояд, содироти мол аз Беларус ба кишварҳои ИДМ 75 дарсад коҳиш ёфта, ба Русия баръакс бештар шудааст.Қаблан Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар дода буд, тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар семоҳаи аввали соли 2022 беш аз 901 миллион долларро ташкил додааст.Тибқи маълумоти ин ниҳод, савдо бо кишварҳои ИДМ 53,7 дарсади гардиши умумии муомилотро ташкил додааст.
https://sputnik.tj/20220608/emomali-rahmon-qonun-imzo-1049040683.html
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/0c/1049128183_96:0:896:600_1920x0_80_0_0_bf3093f99fd5045bd0bb159a040191eb.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, беларус, "амонатбонк", имзо,созишнома, ҳамкорӣ “бонки рушди беларус”
тоҷикистон, беларус, "амонатбонк", имзо,созишнома, ҳамкорӣ “бонки рушди беларус”
Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни “Амонатбонк” ва “Бонки рушди Беларус”
10:50 12.06.2022 (Навсозишуда: 19:55 14.06.2022) Маросими имзои созишномаи умумӣ дар бораи маблағгузории содиротӣ миёни “Амонатбонк” ва “Бонки рушди Беларус” дар шаҳри Минск сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Созишномаи умумӣ дар бораи маблағгузории содиротӣ аз ҷониби Икромӣ Сироҷиддин, раиси Раёсати БДА ҶТ "Амонатбонк" Салом ва Александр Егоров, раиси Раёсати ҶСК “Бонки рушди Беларус” ба имзо расид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти бонки дафлатии амонатгузории Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ созишномаи мазкур дар шаҳри Минск дар рафти баргузории ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Белрус ба имзо расидааст.
“Созишномаи мазкур байнисоҳавӣ буда, ба имзо расонидани он дар рушди муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ ва бонкдории Тоҷикистон ва Беларус ба манфиат хоҳад буд”,- қайд кардааст манбаъ.
Ҳамзамон масъулини “Амонатбон” илова карданд, ки мақсад ва ҳадафҳои ҷонибҳо пеш аз ҳама густариш додани гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо мебошад.
Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои Бонки АвруОсиёии Рушд дар моҳи апрели соли ҷорӣ Беларус интиқоли маҳсулотро ба Тоҷикистон коҳиш додааст.
Манбаъ меафзояд, содироти мол аз Беларус ба кишварҳои ИДМ 75 дарсад коҳиш ёфта, ба Русия баръакс бештар шудааст.
Қаблан Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар дода буд, тиҷорати Тоҷикистон бо кишварҳои ИДМ дар семоҳаи аввали соли 2022 беш аз 901 миллион долларро ташкил додааст.
Тибқи маълумоти ин ниҳод, савдо бо кишварҳои ИДМ 53,7 дарсади гардиши умумии муомилотро ташкил додааст.