https://sputnik.tj/20220608/emomali-rahmon-qonun-imzo-1049040683.html
Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои навро имзо кард
Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои навро имзо кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳоеро, ки қаблан ҳар ду палатаи Маҷлиси олии ҷумҳурӣ қабул карданд, ба имзо расондааст
2022-06-08T19:10+0500
2022-06-08T19:10+0500
2022-06-08T19:10+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
эмомалӣ раҳмон
имзо
қонун
амал
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102418/32/1024183235_1:0:2613:1469_1920x0_80_0_0_a7c11d2273b9d942e5e6df089596fab6.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, қонунҳои қабулнамудаи парлумонро имзо кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, бархе аз қонунҳои имзошударо ном бурдаст. Дар феҳрасти қонунҳои имзошуда аз ҷумла қонунҳо "Дар бораи истеҳсолоти иҷро", "Дар бораи мараторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ" номбар шудаанд. "Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардида, тартиби маҷбурии иҷрои санадҳои судӣ, дигар санадҳои мақомоти давлатӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иҷрочиёни мақомоти иҷроро муайян менамояд", - омадааст дар иттилоия. Таъкид гардидааст, ки қонуни Тоҷикистон "Дар бораи мараторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ" ба боздошти санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ равона гардида, ба рушди соҳибкорӣ, пешрафти фаъолияти соҳибкорон ва бунёди ҷойҳои нави корӣ нигаронда шудааст.Аз ҷумлаи қонунҳои дигари имзошуда аз ҷумла тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи ҳифзи муҳити зист", "Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ" номбар гардидаанд. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, қонунҳои қабулгардида барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ ва беҳдошти зиндагии аҳолӣ равона шудаанд.Зикр шудааст, қонунҳои мазкур дар пайи нашр дар матбуоти расмӣ мавриди амал қарор мегиранд.
https://sputnik.tj/20220605/tasdiq-shart-barkanori-dushanbe-vmkb-1048944446.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102418/32/1024183235_327:0:2286:1469_1920x0_80_0_0_cb9034d724a384099e0aaab2be20669d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
имзо, қонун, тағйирот, президент
имзо, қонун, тағйирот, президент
Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои навро имзо кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон як қатор қонунҳоеро, ки қаблан ҳар ду палатаи Маҷлиси олии ҷумҳурӣ қабул карданд, ба имзо расондааст
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, қонунҳои қабулнамудаи парлумонро имзо кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дода, бархе аз қонунҳои имзошударо ном бурдаст.
Дар феҳрасти қонунҳои имзошуда аз ҷумла қонунҳо "Дар бораи истеҳсолоти иҷро", "Дар бораи мараторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ" номбар шудаанд.
"Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардида, тартиби маҷбурии иҷрои санадҳои судӣ, дигар санадҳои мақомоти давлатӣ, инчунин вазъи ҳуқуқии иҷрочиёни мақомоти иҷроро муайян менамояд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид гардидааст, ки қонуни Тоҷикистон "Дар бораи мараторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ" ба боздошти санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ равона гардида, ба рушди соҳибкорӣ, пешрафти фаъолияти соҳибкорон ва бунёди ҷойҳои нави корӣ нигаронда шудааст.
Аз ҷумлаи қонунҳои дигари имзошуда аз ҷумла тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи ҳифзи муҳити зист", "Дар бораи аудити дохилӣ дар ташкилотҳои бахши давлатӣ" номбар гардидаанд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, қонунҳои қабулгардида барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ ва беҳдошти зиндагии аҳолӣ равона шудаанд.
Зикр шудааст, қонунҳои мазкур дар пайи нашр дар матбуоти расмӣ мавриди амал қарор мегиранд.