https://sputnik.tj/20220612/bonki-milli-ba-tashkiloti-sughurtavii-takafful-to-soli-2025-ijozatnoma-dod-1049131379.html
Бонки миллӣ ба “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” то соли 2025 иҷозатнома дод
Бонки миллӣ ба “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” то соли 2025 иҷозатнома дод
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ то соли 2025 иҷозатнома дод
2022-06-12T15:30+0500
2022-06-12T15:30+0500
2022-06-12T15:30+0500
дар тоҷикистон
бонки миллӣ
иҷозатнома
суғурта
ташкилот
фаъолият
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_df2a1dae6fcfcf523709aafe73523c6a.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Қарори мазкур аз сӯи Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон санаи 9 июни соли равон ба имзо расидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳоди молиявӣ.Тибқи иттилои манбаъ, қарори мазкур бинобар сабаби тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавии ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” сурат гирифтааст.“Қарори мазкур мутобиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 22 сентябри соли 2025 Иҷозатнома дода шуд”, - иттилоъ додааст БМТ.Манбаъ қайд кардааст, ки тибқи қарори мазкур Иҷозатномаҳои “Ташкилоти суғуртавии Такаффул”, ки барои амалисозии фаъолияти суғуртавӣ аз 07 майи соли 2019, ва 22 сентябри соли 2020, дода шуда буданд, аз эътибор соқит дониста шуд.Ҳамзамон роҳбарияти Бонки миллӣ, Идораи назорати суғуртавиро барои ворид намудани сабти дахлдор дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта вазифадор намудааст.Ёдрас мешавем, ки дар ҳоли ҳоззир дар бозори Суғуртаи Тоҷикистон 18 ширкати суғуртавӣ фаъолият даорад.
https://sputnik.tj/20220610/tojikiston-bonki-jadid-dushanbe-siti-bonk-1049111085.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826263_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_1ca53e0c2ff464e6bde609375f319528.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллӣ, иҷозатнома, ташкилоти суғуртавӣ, фаъолият, такаффул
тоҷикистон, бонки миллӣ, иҷозатнома, ташкилоти суғуртавӣ, фаъолият, такаффул
Бонки миллӣ ба “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” то соли 2025 иҷозатнома дод
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ то соли 2025 иҷозатнома дод
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Қарори мазкур аз сӯи Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон санаи 9 июни соли равон ба имзо расидааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин ниҳоди молиявӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, қарори мазкур бинобар сабаби тағйир ёфтани маҳалли ҷойгиршавии ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” сурат гирифтааст.
“Қарори мазкур мутобиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” барои амалӣ намудани фаъолияти суғуртавӣ тавассути аз нав ба расмият даровардан ба муҳлати то 22 сентябри соли 2025 Иҷозатнома дода шуд”, - иттилоъ додааст БМТ.
Манбаъ қайд кардааст, ки тибқи қарори мазкур Иҷозатномаҳои “Ташкилоти суғуртавии Такаффул”, ки барои амалисозии фаъолияти суғуртавӣ аз 07 майи соли 2019, ва 22 сентябри соли 2020, дода шуда буданд, аз эътибор соқит дониста шуд.
Ҳамзамон роҳбарияти Бонки миллӣ, Идораи назорати суғуртавиро барои ворид намудани сабти дахлдор дар Феҳристи ягонаи давлатии иштирокчиёни касбии бозори суғурта вазифадор намудааст.
Ёдрас мешавем, ки дар ҳоли ҳоззир дар бозори Суғуртаи Тоҷикистон 18 ширкати суғуртавӣ фаъолият даорад.