Дар ВМКБ се раҳбари олами ҷиноӣ боздошт шуданд

© Sputnik / Табылды КадырбековСотрудник силовых структур во время задержания. Архивное фото
Сотрудник силовых структур во время задержания. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2022
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон раҳбарони ҷиноии Хоруғро ба ҳабс гирифтааст, ки гуфта мешавад, боздоштшудагон таҳти тафтиш қарор доранд
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Дар ВМКБ се нафари муттаҳам ба фаъолиятҳои ҷиноӣ боздошт шуданд. Дар ин бора ситоди байниидоравӣ оид ба таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар вилоят хабар додааст.
Дар натиҷаи як амалиёти вижа дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сарони гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд.
Ба иттилои манбаъ, онҳо дар даст доштан дар як қатор ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин – куштор, авбошӣ, ғоратгарӣ, қочоқи маводи мухаддир, аслиҳа ва сангҳои қиматбаҳо гумонбар мешаванд.
Илова бар ин, онҳо ба ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, бандитизм, бетартибиҳои оммавӣ, барангехтани кинаву адовати маҳаллӣ муттаҳам мешаванд.
Пост при въезде в Горно-Бадахшанскую автономную область - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2022
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқирро дар Хоруғ паронданд
Гуфта мешавад, ки нисбат ба дастгиршудагон тафтишоти пешакӣ идома дошта, дар ҳабс қарор доранд.
Назари худи муттаҳамон ё ҷониби ҳимояашон дар бораи қазияи боздошт феълан маълум нест.
Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот тафсилоти задухӯрди мақомоти амниятӣ бо сокинони ноҳияи Рӯшонро, ки аз онҳо "гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша" ном мебарад, нашр намуда буд.
Тибқи изҳороти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, "гурӯҳҳои мутаашаккили ҷиноятпеша"-ро Алим Шерзамон, ҳаммаслакони ӯ Холбаш Холбашев ва Улфатхоним Мамадшоева роҳбарӣ ва сарпарастӣ мекардаанд.
Мақомот мегӯянд, гурӯҳи тақрибан 200-нафарӣ роҳи Душанбе - Хоруғро бастаанд ва дар натиҷаи амалиёти гузарондашуда дар Рӯшон расман 8 нафар кушта, 11 маҷруҳ ва зиёда аз 100 нафар боздошт гардидаанд.
Природа Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Кушта шудани 5 нафар дар куҳистони Рӯшон зимни амалиёт: шарҳи мақомот
Инчунин таъкид шудааст, рӯзи 18 май дар зимни ноамниҳо дар ноҳияи Рӯшон як афсар кушта ва 13 низомии дигар захмӣ шудааст.
Нооромиҳо дар ВМКБ аз моҳи ноябри соли 2021, баъди куштани як сокини ноҳияи Роштқалъа зимни амалиёти боздошт оғоз шуда буданд. Сокинони маҳаллӣ бо баргузории ҳамоиш аз мақомот таҳқиқи мунсифонаи қазия ва муҷозоти омилони марги сокинони мулкиро талаб карданд.
Лентаи хабарҳо
0