https://sputnik.tj/20220522/mahmadboqir-mahmadboqirro-dar-khorugh-parondand-1048633155.html
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқирро дар Хоруғ паронданд
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқирро дар Хоруғ паронданд
Sputnik Тоҷикистон
Хабари кушта шудани яке аз лидерони мурдумӣ дар ВМКБ-ро оҷонсии хабарии "Ховар" бо истинод ба Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар ин вилоят таъйид кард 22.05.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-05-22T18:39+0500
2022-05-22T18:39+0500
2022-05-23T17:14+0500
дар тоҷикистон
хоруғ
вмкб
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101358/62/1013586205_0:72:2881:1692_1920x0_80_0_0_b23f166448ee7184b76e3f499da29c44.jpg
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии ВМКБ рӯзи 22 май дар шаҳри Хоруғ кушта шуд.Дар хабари оҷонсӣ омаадааст, ки куштори ин сокини маҳаллаи Хоруғи Боло "бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ" рӯй додааст.Дар хабари расмӣ ӯро "саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғ" номидаанд. Дар хабар омадааст, ки аз рӯи ин ҳодиса прокуратураи вилоят тафтишоти пешакиро оғоз кардааст.Исми Маҳмадбоқир ахиран дар робита бо эътирозҳои мардумӣ дар шаҳри Хоруғ дар доираи парвандаи мақомоти ҳифзи қонун зикр гардид.Рӯзи 17 май дар изҳороти Вазорати корҳои дохилӣ номи ӯ дар қатори чанд нафари дигар зикр гардид, ки гӯё эътирозҳои 16 май -ро дар Хоруғ созмон доданд.Аз ин пеш, моҳи феврал алайҳи ӯ бо айбномаи "истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият ва барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд. Мақомот аз Маҳмадбоқир талаб намуданд, ки худро таслим кунад. Вале ӯ ба такрор исрор меварзид, ки гунаҳкор нест ва ба давлату ҳукумат хиёнате накардааст. Дар ВМКБ Маҳмадбоқир миёни дигар роҳбарони ғайрирасмӣ нуфузи бештар дошт.
https://sputnik.tj/20220517/vkd-girdihamoi-khorugh-1048504844.html
хоруғ
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101358/62/1013586205_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_e9a220c3264334b3a515c81eb250436e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, хоруғ, вмкб, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, хоруғ, вмкб, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Маҳмадбоқир Маҳмадбоқирро дар Хоруғ паронданд
18:39 22.05.2022 (Навсозишуда: 17:14 23.05.2022) Хабари кушта шудани яке аз лидерони мурдумӣ дар ВМКБ-ро оҷонсии хабарии "Ховар" бо истинод ба Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар ин вилоят таъйид кард
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, яке аз лидерони ғайрирасмии ВМКБ рӯзи 22 май дар шаҳри Хоруғ кушта шуд.
Дар хабари оҷонсӣ омаадааст, ки куштори ин сокини маҳаллаи Хоруғи Боло "бар асари муноқишаи байниҳамдигарии дохилӣ" рӯй додааст.
Дар хабари расмӣ ӯро "саркардаи гурӯҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғ" номидаанд.
Дар хабар омадааст, ки аз рӯи ин ҳодиса прокуратураи вилоят тафтишоти пешакиро оғоз кардааст.
Исми Маҳмадбоқир ахиран дар робита бо эътирозҳои мардумӣ дар шаҳри Хоруғ дар доираи парвандаи мақомоти ҳифзи қонун зикр гардид.
Рӯзи 17 май дар изҳороти Вазорати корҳои дохилӣ номи ӯ дар қатори чанд нафари дигар зикр гардид, ки гӯё эътирозҳои 16 май -ро дар Хоруғ созмон доданд.
Аз ин пеш, моҳи феврал алайҳи ӯ бо айбномаи "истифодаи зӯр нисбати намояндаи ҳокимият ва барангехтани кинаву адовати маҳалгароӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шуда буд. Мақомот аз Маҳмадбоқир талаб намуданд, ки худро таслим кунад. Вале ӯ ба такрор исрор меварзид, ки гунаҳкор нест ва ба давлату ҳукумат хиёнате накардааст.
Дар ВМКБ Маҳмадбоқир миёни дигар роҳбарони ғайрирасмӣ нуфузи бештар дошт.