https://sputnik.tj/20220531/kushta-rushon-amaliyot-sharh-rasmi-1048826504.html
Кушта шудани 5 нафар дар куҳистони Рӯшон зимни амалиёт: шарҳи мақомот
Кушта шудани 5 нафар дар куҳистони Рӯшон зимни амалиёт: шарҳи мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи як амалиёт дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ 5 нафар аз сокинони ноҳия кушта шудаанд, ки ба иттилои мақомот узви гуруҳи муташаккили ҷиноӣ будаанд
2022-05-31T14:02+0500
2022-05-31T14:02+0500
2022-05-31T19:28+0500
дар тоҷикистон
амалиёт
низомӣ
кушта
рӯшон
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102723/28/1027232894_0:16:2936:1667_1920x0_80_0_0_1c45e463c9801a68282beda602d11f57.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз нобудсозии 5 сокини ноҳияи Рӯшон хабар дод, ки дар узвият ба гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ-террористӣ муттаҳам мешаванд. Ба иттилои ВУД, амалиёти мазкур 31-уми май, соати 09:30 дар баландкӯҳҳои деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон гузаронда шуд. Дар натиҷа 5 сокини 48, 46, 35, 30 ва 53-сола, ки истиқоматкунандаҳои деҳаҳои Дерзуд ва Вамар будаанд, кушта шудаанд. ВУД аз афроди кушташуда аъзои созмони ҷиноӣ-террористӣ ном бурда, таъкид намудааст, ки ҳангоми нишон додани муқовимати мусаллаҳона безарар карда шуданд.Инчунин зикр шудааст, ки дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ яке аз роҳбарони гурӯҳи террористӣ, сокини 48-солаи деҳаи Вамар дастгир гардид. Мақомот мегӯянд, зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, ки дар баландии 2800 метр аз сатҳи баҳр ва фосилаи 1 км аз хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон ҷойгир аст, силлоҳҳое ёфт шудаанд. Аз ҷумла 1 адад силоҳи мерганӣ бо 200 дона тир, 1 адад пулемёти "Калашников" бо 150 дона тир, 1 адад гранатомёти зиддитанкӣ бо 3 адад гулӯла, 4 автомати "Калашников" бо 5 тирдон ва 135 дона тир, 5 адад норинҷаки дастӣ ва 2 адад таппончаи "Макаров" бо 50 дона тир дарёфт ва мусодира карда шуданд, омадааст дар иттилоия. ВУД мегӯяд, барои таслим шудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ борҳо пешниҳод шуда буд, аммо афроди зикршуда даъватҳоро сарфи назар карда, аз кирдорҳои ҷиноятии худ даст накашида, аз пайгарди мақомот пинҳон мешуданд.Ин дар ҳолест, ки 18 май низ мақомоти Тоҷикистон аз баргузории амалиёти зиддитеррористӣ дар ноҳияи Рӯшон хабар дода буданд, ки бар асари он расман 8 сокини ноҳия кушта шуданд. Мақомот аз кушташудагон аъзои гуруҳи ҷиноӣ-террористӣ ном бурда афзуданд, ки миёни сокинони осоишта касе осеб надидааст. Ба иттилои мақомот, амалиёт баъди он оғоз шуд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба қатори мошинҳои таъйиноти махсуси зиддитеррористии "Алфа"-и КДАМ ҳамла намуданд, ки дар натиҷа 1 афсар ба ҳалокат расида, 13 низомӣ ҷароҳат бардошт.
https://sputnik.tj/20220523/vkd-tazohuroti-rushon-hozir-1048647307.html
рӯшон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102723/28/1027232894_140:0:2752:1959_1920x0_80_0_0_05d7da6954071e889670432b6b478bd5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мақомот, кушта, нафар, рӯшон
мақомот, кушта, нафар, рӯшон
Кушта шудани 5 нафар дар куҳистони Рӯшон зимни амалиёт: шарҳи мақомот
14:02 31.05.2022 (Навсозишуда: 19:28 31.05.2022) Дар пайи амалиёти ҷадид дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ 5 нафар аз сокинони ноҳия кушта шудаанд, ки ба иттилои мақомот, узви гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ будаанд
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз нобудсозии 5 сокини ноҳияи Рӯшон хабар дод, ки дар узвият ба гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ-террористӣ муттаҳам мешаванд.
Ба иттилои ВУД, амалиёти мазкур 31-уми май, соати 09:30 дар баландкӯҳҳои деҳаи Дерзуди ноҳияи Рӯшон гузаронда шуд.
Дар натиҷа 5 сокини 48, 46, 35, 30 ва 53-сола, ки истиқоматкунандаҳои деҳаҳои Дерзуд ва Вамар будаанд, кушта шудаанд. ВУД аз афроди кушташуда аъзои созмони ҷиноӣ-террористӣ ном бурда, таъкид намудааст, ки ҳангоми нишон додани муқовимати мусаллаҳона безарар карда шуданд.
Инчунин зикр шудааст, ки дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ яке аз роҳбарони гурӯҳи террористӣ, сокини 48-солаи деҳаи Вамар дастгир гардид.
Мақомот мегӯянд, зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, ки дар баландии 2800 метр аз сатҳи баҳр ва фосилаи 1 км аз хатти сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон ҷойгир аст, силлоҳҳое ёфт шудаанд.
Аз ҷумла 1 адад силоҳи мерганӣ бо 200 дона тир, 1 адад пулемёти "Калашников" бо 150 дона тир, 1 адад гранатомёти зиддитанкӣ бо 3 адад гулӯла, 4 автомати "Калашников" бо 5 тирдон ва 135 дона тир, 5 адад норинҷаки дастӣ ва 2 адад таппончаи "Макаров" бо 50 дона тир дарёфт ва мусодира карда шуданд, омадааст дар иттилоия.
ВУД мегӯяд, барои таслим шудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ борҳо пешниҳод шуда буд, аммо афроди зикршуда даъватҳоро сарфи назар карда, аз кирдорҳои ҷиноятии худ даст накашида, аз пайгарди мақомот пинҳон мешуданд.
Ин дар ҳолест, ки 18 май низ мақомоти Тоҷикистон аз баргузории амалиёти зиддитеррористӣ дар ноҳияи Рӯшон хабар дода буданд, ки бар асари он расман 8 сокини ноҳия кушта шуданд. Мақомот аз кушташудагон аъзои гуруҳи ҷиноӣ-террористӣ ном бурда афзуданд, ки миёни сокинони осоишта касе осеб надидааст.
Ба иттилои мақомот, амалиёт баъди он оғоз шуд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба қатори мошинҳои таъйиноти махсуси зиддитеррористии "Алфа"-и КДАМ ҳамла намуданд, ки дар натиҷа 1 афсар ба ҳалокат расида, 13 низомӣ ҷароҳат бардошт.