Путин: Амрико бояд масъулияти аслии бозсозии Афғонистонро бар уҳда бигирад

© Sputnik / Владимир Астапкович / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия дар дидор бо ҳамтои туркманаш, ки бори аввал ба Маскав сафар карда, гуфт, кишвараш ҳамеша омодаи ҳамкорӣ бо шарикони хориҷист
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Владимири Путини раисҷумҳури Русия изҳор дошт ки Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш бояд масъулияти аслии бозсозии зерсохтҳои Афғонистон дар дараҷаи аввали таъаҳҳудоти молиро бар ӯҳда бигиранд.
Владимир Путин пас аз гуфтугӯ бо Сардор Берадимуҳамадов раисҷумҳури Туркманистон хотирнишон кард, ки Русия омодаи ҳамкорӣ бо шуракоӣ хориҷӣ аст.
“Мо омодаи идомаи кори муштарак бо Туркманистон ва соири шурако аз ҷумла дар чорчуби формати машваратии Маскав, Русия, Ҳинд, Эрон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин, Покистон ва панҷ ҷумҳурии Осиёи Марказӣ дар мавриди бозсозии Афғонистони пасоҷанг ва кумак ба идғоми ин кишвар ба зерсохтҳои минтақаӣ ва пружаҳои логистикӣ ҳастем", - гуфт раисҷумҳури Русия.
Московский формат консультаций по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Сенатори амрикоӣ: Ҳукумати кунунии Афғонистон ташкилшуда аз террористону одамрабоён аст
Вай дар идома афзуд: "дар айни ҳол, ба эътиқоди росихи мо таъаҳҳудоти аслии бозсозии Афғонистон дар дараҷаи аввали молӣ бояд бар уҳдаи Амрико ва муттаҳидонаш бошад, ки ҳузури 20 солаи онҳо ин кишварро ба ин нуқтаи ҳассос рисондааст".
Ёдрас мешавем, ки шаби 31 август низомиёни амрикоӣ комилан фурудгоҳи Кобулро тарк карданд ва ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар Афғонистонро поён ёфт.
Аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққати Афғонистон бо раҳбарии Муҳаммад Ҳасан Охунд эълон шуд, ки дар замони ҳукмронии нахустини толибон вазири умури хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0