https://sputnik.tj/20220610/senatori-amrikoi-hukumat-afghoniston-terroriston-odamraboyon-1049100252.html
Сенатори амрикоӣ: Ҳукумати кунунии Афғонистон ташкилшуда аз террористону одамрабоён аст
Сенатори амрикоӣ: Ҳукумати кунунии Афғонистон ташкилшуда аз террористону одамрабоён аст
Sputnik Тоҷикистон
Як сенатори амрикоӣ иддао кардааст, ки гурӯҳи толибон ва шабакаи Ҳаққонӣ дар Афғонистон як давлати пуштибони терроризм сохтааст
2022-06-10T18:10+0500
2022-06-10T18:10+0500
2022-06-10T18:23+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
толибон
террористӣ
амрико
сенатор
одамрабоӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013485_0:0:2731:1537_1920x0_80_0_0_ea51df9ab835dd91c702b53f7d2e30b4.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Расонаҳои Амрикоӣ гузориш додаанд, ки Мич Макконал, сенатори аршади ҷумҳурихоҳи ИМА батозагӣ гуфтааст, ҳукумати толибон ва "Шабакаи Ҳаққонӣ" дар Афғонистон "як давлати ҳомии тероризм" аст ва робитаи амиқе бо "Алқоида"* дорад.Макконал аз шитобзада берун шудани Амрико аз Афғонистон интиқод карда афзуд, ки ин тасмим Ҳукумати Амрико ва шарикони байналмилалии онро бо хатари таҳдидоти ҳаросафганӣ мувоҷеҳ сохтааст.Ба бовари ин сенатори амрикоӣ, "бидуни доштани пойгоҳ дар Афғонистон тавонои назорати иёлоти муттаҳида бар таҳдидоти физояндаи террористӣ дар ин кишвари маҳдуд шудааст".Мич Макконал ҳамчунон ба равобити толибону Алқоида* ишора карда гуфтааст: "Ҳукумати толибону "Шабакаи Ҳаққонӣ" дар Кобул танҳо як давлати ҳомии тероризм нест, балки як ҳукумат ташкилёфта аз терруристону одамрабоёнаст". Ҳукумате, ки ба ақидаи ӯ, робитаи амиқ бо "Алқоида"* дорад.Ин изҳороти оқои Макконал дар ҳоле матраҳ шудааст, ки чанде пеш тими назорат бар таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал дар як гузориш гуфт, ки толибону "Алқоида" ҳанӯз ҳам робитаи наздик доранду шабакаи "Алқоида" баъд аз ҳокимияти толибон дар Афғонистони озодии амали бештар пайдо кардааст.Аммо ин гузориш аз сӯйи толибон беасоси хонда шудааст.* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия
https://sputnik.tj/20220607/sigar-ashraf-ghani-million-dollar-afghoniston-gurekht-1049008380.html
афғонистон
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013485_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_0fa45a37c20318c8b5546914411010a5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, ҳукумат, толибон, террористон, одамрабоӣ, пуштибон
афғонистон, ҳукумат, толибон, террористон, одамрабоӣ, пуштибон
Сенатори амрикоӣ: Ҳукумати кунунии Афғонистон ташкилшуда аз террористону одамрабоён аст
18:10 10.06.2022 (Навсозишуда: 18:23 10.06.2022) Як сенатори амрикоӣ иддао кардааст, ки гурӯҳи толибон ва "Шабакаи Ҳаққонӣ" дар Афғонистон як давлати пуштибони терроризм сохтааст
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Расонаҳои Амрикоӣ гузориш додаанд, ки Мич Макконал, сенатори аршади ҷумҳурихоҳи ИМА батозагӣ гуфтааст, ҳукумати толибон ва "Шабакаи Ҳаққонӣ" дар Афғонистон "як давлати ҳомии тероризм" аст ва робитаи амиқе бо "Алқоида"* дорад.
Макконал аз шитобзада берун шудани Амрико аз Афғонистон интиқод карда афзуд, ки ин тасмим Ҳукумати Амрико ва шарикони байналмилалии онро бо хатари таҳдидоти ҳаросафганӣ мувоҷеҳ сохтааст.
Ба бовари ин сенатори амрикоӣ, "бидуни доштани пойгоҳ дар Афғонистон тавонои назорати иёлоти муттаҳида бар таҳдидоти физояндаи террористӣ дар ин кишвари маҳдуд шудааст".
Мич Макконал ҳамчунон ба равобити толибону Алқоида* ишора карда гуфтааст: "Ҳукумати толибону "Шабакаи Ҳаққонӣ" дар Кобул танҳо як давлати ҳомии тероризм нест, балки як ҳукумат ташкилёфта аз терруристону одамрабоёнаст". Ҳукумате, ки ба ақидаи ӯ, робитаи амиқ бо "Алқоида"* дорад.
Ин изҳороти оқои Макконал дар ҳоле матраҳ шудааст, ки чанде пеш тими назорат бар таҳримҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал дар як гузориш гуфт, ки толибону "Алқоида" ҳанӯз ҳам робитаи наздик доранду шабакаи "Алқоида" баъд аз ҳокимияти толибон дар Афғонистони озодии амали бештар пайдо кардааст.
Аммо ин гузориш аз сӯйи толибон беасоси хонда шудааст.
* - гурӯҳи террористии мамнӯъ дар қаламрави Русия