https://sputnik.tj/20220610/marz-qrim-kherson-1049088151.html
Марзи байни Қрим ва Херсон бардошта мешавад
Марзи байни Қрим ва Херсон бардошта мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар оянда марз миёни вилояти Херсон ва Қрим бардошта хоҳад шуду имконияти комили ҳамлу нақли бор, аз ҷумла гандум фароҳам мегардад
2022-06-10T13:00+0500
2022-06-10T13:00+0500
2022-06-10T14:28+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
вазорат
дифоъ
херсон
донбасс
марз
қрим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/07/1048995780_0:0:3413:1919_1920x0_80_0_0_83189d7224e58e68004dc6b2303fb0a9.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Марзи миёни вилояти Херсон ва Қрим бардошта мешавад, иттилоъ дод РИА "Новости" аз қавли ноиби мудири ҳукумати ҳарбӣ-шаҳрвандӣ Кирилл Стремоусов. "Фикр мекунам, дар дурнамо сарҳад умуман лағв мегардаду интиқоли гандум ва дигар намудаи ғалла на танҳо ба Русия, балки ба дигар давлатҳо ба таври густурда роҳандозӣ мешавад", - изҳор доштааст ӯ. Қаблан Стремоусов изҳор дошта буд, ки сарҳади вилояти Херсон бо минтақаҳои Украина, ки таҳти назорати режими Киев қарор доранд, ба хотири амният баста шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло имкон аст, ки аз ин минтақа ба Қрим ва ё қисмати озодшудаи вилояти Запороже ва аз он ҷо ба Ҷумҳуриҳои Мардумии Донбасс сафар кард.Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни амалиёти вижа низомиёни Русия вилояти Херсон ва қисмати Азови вилояти Запорожеро таҳти назорат гирифтанд.Дар минтақаҳо мудириятҳои низомӣ-шаҳрвандӣ ба кор, шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳои Русия ба пахши барномаҳо шуруъ карданд ва робитаҳои тиҷоратӣ бо Қрим барқарор мешаванд.Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.Ба гуфтаи вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.
https://sputnik.tj/20220610/vurud-hazor-gureza-shabonaruz-rusiya-1049086758.html
херсон
қрим
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/07/1048995780_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_a7c533da559e4c3851d122ce8809fdb1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сарҳад, қрим, херсон,
Марзи байни Қрим ва Херсон бардошта мешавад
13:00 10.06.2022 (Навсозишуда: 14:28 10.06.2022) Дар оянда марзи миёни вилояти Херсон ва Қрим бардошта хоҳад шуду имконияти комили ҳамлу нақли бор, аз ҷумла гандум фароҳам мегардад
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Марзи миёни вилояти Херсон ва Қрим бардошта мешавад, иттилоъ дод РИА "Новости" аз қавли ноиби мудири ҳукумати ҳарбӣ-шаҳрвандӣ Кирилл Стремоусов.
"Фикр мекунам, дар дурнамо сарҳад умуман лағв мегардаду интиқоли гандум ва дигар намудаи ғалла на танҳо ба Русия, балки ба дигар давлатҳо ба таври густурда роҳандозӣ мешавад", - изҳор доштааст ӯ.
Қаблан Стремоусов изҳор дошта буд, ки сарҳади вилояти Херсон бо минтақаҳои Украина, ки таҳти назорати режими Киев қарор доранд, ба хотири амният баста шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло имкон аст, ки аз ин минтақа ба Қрим ва ё қисмати озодшудаи вилояти Запороже ва аз он ҷо ба Ҷумҳуриҳои Мардумии Донбасс сафар кард.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷараёни амалиёти вижа низомиёни Русия вилояти Херсон ва қисмати Азови вилояти Запорожеро таҳти назорат гирифтанд.
Дар минтақаҳо мудириятҳои низомӣ-шаҳрвандӣ ба кор, шабакаҳои телевизионӣ ва радиоҳои Русия ба пахши барномаҳо шуруъ карданд ва робитаҳои тиҷоратӣ бо Қрим барқарор мешаванд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.