https://sputnik.tj/20220610/vurud-hazor-gureza-shabonaruz-rusiya-1049086758.html
Вуруди беш аз 18 ҳазор гуреза дар як шабонарӯз ба Русия
Вуруди беш аз 18 ҳазор гуреза дар як шабонарӯз ба Русия
Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди умумии гурезаҳое, ки аз аввали ташаннуҷи вазъият дар Донбасс вориди Русия шудаанд, ба иттилои мақомоти марзбонӣ наздики 1,5 млн нафарро ташкил медиҳад
2022-06-10T12:20+0500
2022-06-10T12:20+0500
2023-10-02T17:11+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
иҷтимоъ
фаъолият
донетск
донбасс
гуреза
ростови лаби дон
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/06/1048252483_0:0:3200:1800_1920x0_80_0_0_8459da1140273ae4244087341a8e103b.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Зиёда аз 18,5 ҳазор гуреза давоми як шабонарӯзи охир гузаргоҳҳои марзӣ дар вилояти Ростовро убур кардаанд, хабар дод РИА "Новости" аз қавли Раёсати марзбонии Хадамоти амнияти федералӣ дар минтақа. Манбаъ афзуд, ки аз аввали феврал ба ҳолати аввали моҳи июн танҳо аз тариқи гузаргоҳҳо дар вилояти Ростов ҳудуди 1,3 млн нафар вориди Русия шудаанд, ки аз ин теъдод 200 ҳазор нафарашон кӯдак мебошанд. Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия Татяна Москалкова ахиран зимни гузориш ба раисҷумҳур Владимир Путин изҳор дошт, ки феълан дар ин кишвар беш аз 1,4 млн гуреза паноҳ бурдаанд. Дар зимн ваколатдори ҳуқуқи инсон аз номи гурезаҳо дар Русия ба Путин изҳори сипос кард, ки дар ҳалли мушкилоташон мусоидат мекунанд.Москалкова изҳор дошт, ки беруншудаҳо аз Донбассу Украина одатан худро гуреза намегӯянд, балки бештарашон мақоми паноҳгоҳи муваққатиро мегиранд, зеро ин мақом барояшон имкони пайдо кардани кор медиҳад.Интиқоли шаҳрвандон аз Донбасс аз нимаи моҳи феврали соли равон дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар ин минтақа оғоз гардид.Дар зимн баробари қабули гурезаҳо аз Украина низомиёни ФР даҳҳо тонна кумаки башардӯстона ва хадамоти аввалияти тиббию дорувории заруриро ба сокинони маҳаллӣ пешниҳод мекунанд.Маврид ба зикр аст, ки Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро 21 феврал эътироф ва 24 феврал дар Украина амалиёти низомии махсусро оғоз кард.Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
https://sputnik.tj/20220609/rusiya-ukraina-kumak-video-1049070134.html
донетск
ростови лаби дон
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/06/1048252483_406:0:2806:1800_1920x0_80_0_0_308bcf15c66f89e9ad9182e8a5edd669.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, теъдод, гуреза, русия
афзоиш, теъдод, гуреза, русия
Вуруди беш аз 18 ҳазор гуреза дар як шабонарӯз ба Русия
12:20 10.06.2022 (Навсозишуда: 17:11 02.10.2023) Теъдоди умумии гурезаҳое, ки аз аввали ташаннуҷи вазъият дар Донбасс вориди Русия шудаанд, ба иттилои мақомоти марзбонӣ, наздики 1,5 млн нафарро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Зиёда аз 18,5 ҳазор гуреза давоми як шабонарӯзи охир гузаргоҳҳои марзӣ дар вилояти Ростовро убур кардаанд, хабар дод РИА "Новости" аз қавли Раёсати марзбонии Хадамоти амнияти федералӣ дар минтақа.
Манбаъ афзуд, ки аз аввали феврал ба ҳолати аввали моҳи июн танҳо аз тариқи гузаргоҳҳо дар вилояти Ростов ҳудуди 1,3 млн нафар вориди Русия шудаанд, ки аз ин теъдод 200 ҳазор нафарашон кӯдак мебошанд.
Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия Татяна Москалкова ахиран зимни гузориш ба раисҷумҳур Владимир Путин изҳор дошт, ки феълан дар ин кишвар беш аз 1,4 млн гуреза паноҳ бурдаанд.
Дар зимн ваколатдори ҳуқуқи инсон аз номи гурезаҳо дар Русия ба Путин изҳори сипос кард, ки дар ҳалли мушкилоташон мусоидат мекунанд.
Москалкова изҳор дошт, ки беруншудаҳо аз Донбассу Украина одатан худро гуреза намегӯянд, балки бештарашон мақоми паноҳгоҳи муваққатиро мегиранд, зеро ин мақом барояшон имкони пайдо кардани кор медиҳад.
Интиқоли шаҳрвандон аз Донбасс аз нимаи моҳи феврали соли равон дар пасманзари ташаннуҷи вазъ дар ин минтақа оғоз гардид.
Дар зимн баробари қабули гурезаҳо аз Украина низомиёни ФР даҳҳо тонна кумаки башардӯстона ва хадамоти аввалияти тиббию дорувории заруриро ба сокинони маҳаллӣ пешниҳод мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия истиқлоли ҷумҳуриҳои халқии Донетск ва Луганскро 21 феврал эътироф ва 24 феврал дар Украина амалиёти низомии махсусро оғоз кард.
Кишвардори Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯйи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.