https://sputnik.tj/20220607/hukm-kormand-maorif-pul-davlat-1048992256.html
Ҳукми як корманди маориф барои "дуздӣ"-и пули давлат
Ҳукми як корманди маориф барои "дуздӣ"-и пули давлат
Sputnik Тоҷикистон
Додситонии кулли Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҳолати азхудкунии пули давлат аз сӯйи корманди маорифи ноҳия Абдураҳмони Ҷомӣ хабар дод 07.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-07T13:40+0500
2022-06-07T13:40+0500
2022-06-07T18:57+0500
дар тоҷикистон
абдураҳмони ҷомӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
додситонии кулл
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102171/37/1021713792_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_120cd3a2cbc5cf3851d056cb4c1158c5.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ҳукми як масъули соҳаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки бо гумони даст доштан дар "дуздӣ"-и пули давлат боздошт шуд, эълон гардид.Ба иттилои дафтари матбуотии Додситонии кулии Тоҷикистон, номбурда сокини ноҳияи А. Ҷомии вилояти Хатлон буда, дар вазифаи мушовири кабинетии методӣ оид ба фанҳои забону адабиёти тоҷики шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур кор мекард.Ҳамчунин ӯ намояндаи шуъбаи маориф оиди гузаронидани маъракаи обунашавӣ ба нашрияҳои даврӣ аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳия дар назди Департаменти почтаи давлатӣ маҳсуб меёфт.Манбаъ меафзояд, дар давраи фаъолияти кориаш номбурда бо истифодаи ваколатҳои мансабияш 37 241 сомониро аз худ намудааст. Зимнан прокурори ноҳияи А. Ҷомӣ нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 245, қисми 2, банди “г”-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол кардааст.Бо ҳукми суд корманди маорифи ин ноҳия гунаҳгор дониста шуда, нисбати ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба маблағи 18000 сомонӣ таъйин карда шуд.Илова бар ин номбурда аз ишғоли мансаби муайян маҳрум карда шуд.
https://sputnik.tj/20220606/yovon-sohibkor-dollar-jarima-1048978492.html
абдураҳмони ҷомӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102171/37/1021713792_74:0:2805:2048_1920x0_80_0_0_74f66f25b7d855d0bb5dbca0e069bcde.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, абдураҳмони ҷомӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, додситонии кулл
дар тоҷикистон, абдураҳмони ҷомӣ, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, додситонии кулл
Ҳукми як корманди маориф барои "дуздӣ"-и пули давлат
13:40 07.06.2022 (Навсозишуда: 18:57 07.06.2022) Додситонии кулли Тоҷикистон аз ошкор шудани як ҳолати азхудкунии пули давлат аз сӯйи корманди маорифи ноҳия Абдураҳмони Ҷомӣ хабар дод
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ҳукми як масъули соҳаи маорифи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки бо гумони даст доштан дар "дуздӣ"-и пули давлат боздошт шуд, эълон гардид.
Ба иттилои дафтари матбуотии Додситонии кулии Тоҷикистон, номбурда сокини ноҳияи А. Ҷомии вилояти Хатлон буда, дар вазифаи мушовири кабинетии методӣ оид ба фанҳои забону адабиёти тоҷики шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур кор мекард.
Ҳамчунин ӯ намояндаи шуъбаи маориф оиди гузаронидани маъракаи обунашавӣ ба нашрияҳои даврӣ аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳия дар назди Департаменти почтаи давлатӣ маҳсуб меёфт.
Манбаъ меафзояд, дар давраи фаъолияти кориаш номбурда бо истифодаи ваколатҳои мансабияш 37 241 сомониро аз худ намудааст.
Зимнан прокурори ноҳияи А. Ҷомӣ нисбати гумонбаршаванда бо моддаи 245, қисми 2, банди “г”-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол кардааст.
Бо ҳукми суд корманди маорифи ин ноҳия гунаҳгор дониста шуда, нисбати ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба маблағи 18000 сомонӣ таъйин карда шуд.
Илова бар ин номбурда аз ишғоли мансаби муайян маҳрум карда шуд.