Дар Ёвон соҳибкорро барои харидуфурӯш бо доллар ҷарима карданд

CC BY 2.0 / Marco Verch Professional / A man with a blue shirt holds dollars in his handsДоллары в руках
Доллары в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Обуна шудан
Бо ҳукми суди ноҳияи Ёвон нисбати соҳибкор ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 25 600 сомонӣ ба фоидаи давлат таъйин карда шуд
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Муомилот бо асъори хориҷӣ тибқи қонун манъ аст, гузориш медиҳад Додситонии кулли Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, як сокини ноҳияи Ёвон, ки ба соҳибкорӣ машғул аст, барои даст задан ба ин амал бо қарори додгоҳ ба пардохти ҷарима муваззаф шуд.
Манбаъ меафзояд, номбурда дар бозори Панҷшанбеи ноҳияи мазкур нуқтаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дорад ва моҳи марти соли равон ба як харидор масолеҳи сохтмонӣ аз қабили тахта, шифер, қубур ва дигар намуди масолеҳро фурӯхтааст.
Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Боздошти як заминсоз дар Хатлон: барои таҳияи шиносномаи замин 9 000 сомонӣ талаб кард
Маблағи умумии бор беш аз 33 ҳазор сомонӣ ҳисобида шуда, соҳибкор барои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ се ҳазор доллар аз харидор гирифтааст, ки ин амали ӯро Додситонии куллии Тоҷикистон ғайриқонунӣ арзёбӣ намудааст.
Ҳамин тариқ, прокурори ноҳияи Ёвон, нисбати соҳибкор бо моддаи 286 қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ кушода, баъд аз анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол кардааст.
Бо ҳукми суди ноҳияи Ёвон,сокини Ёвон гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 400 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба маблағи 25600 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0