Тафреҳи сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар Норак ба марг анҷом ёфт

© Sputnik / Стас ЭтвешПриветственная арка перед въездом в город Нурек в Таджикистане, архивное фото
Приветственная арка перед въездом в город Нурек в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2022
Обуна шудан
Дар хабари Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар иллати марги як сокини 30-солаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин беэҳтиётӣ гуфта шудааст
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Дар шаҳри Норак ҳодисаи нохуш рух додааст, хабар медиҳад котиботи КҲФ.
Бар хабари манбаъ, сокини 30-солаи деҳаи Носирбобои ҷамоати деҳоти Сарчашмаи ноҳияи Ш. Шоҳинбарои тафреҳ ба шаҳри Норак рафтааст, вале истироҳати ӯ ба марг анҷомид.
Гуфта мешавад, марҳум ҳангоми шиноварӣ дар карери 9-ум аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.
Зимнан, наҷотбахшони кумитаи мазкур фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади марҳумро аз дохили обанбор пайдо карданд ва мақомоти дахлдор супориданд.
Тело 25-летнего гражданина Туркменистана было найдено вчера в Гиссарском Гранд-канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Фоҷиа дар Шаҳринав: ду ноболиғ дар канали Ҳисор ғарқ шуданд
Илова бар, Кумитаи ҳолтаҳои фавқулода мегӯяд, як ҳодисаи дигари нохуш дар Ғарм иттифоқ афтод.
"Ноболиғи 16 - сола, сокини шаҳркати Ғарм дар рӯди Мурхоб ғарқ шудааст", - омадааст дар хабари кумита.
Манбаъ аз қавли шоҳидони ҳодисаи ғарқшавии кӯдак менависад, ки ӯ ба моҳидорӣ рафту ғарқи дарё шуд
зикр гардид, ки имдодгарон кумитаи мазкур дар минтақаи Ғарб ҳамроҳ бо сокинони маҳаллӣ ҷасади ноболиғро пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Лентаи хабарҳо
0