Фоҷиа дар Шаҳринав: ду ноболиғ дар канали Ҳисор ғарқ шуданд

© КЧС РТТело 25-летнего гражданина Туркменистана было найдено вчера в Гиссарском Гранд-канале
Тело 25-летнего гражданина Туркменистана было найдено вчера в Гиссарском Гранд-канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Обуна шудан
Канали калони Ҳисор бо ду ноболиғи дигарро ба комаш бурд. Мақомот сабаби ғарқшавии писаронро беназоратии волидон хондаанд
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Ду писарбачаи 13 ва 14-сола дар канали Ҳисор ғарқ шудаанд. Ин ҳодиса тахминан соати 12:20 дақиқаи рӯзи 20-уми май рух додааст, хабар медиҳад, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон
Бино ба иттилои манбаъ, ноболиғони ғарқшуда сокинони деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав будаанд.
Ба иттилои манбаъ, тайи ду рӯзи охир корҳои ҷустуҷи ҷасади ноболиғон идома дошт.
"Рӯзи 22-уми май ҷасади яке аз онҳо пайдо ва ба волидонаш супурда шуд. Ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғи дигар идома дорад", - афзудааст манбаъ.
Сабаби марги онҳоро КҲФ беназоратии волидон ва риоя нашудани қоидаҳои шиноварӣ унвон кардааст.
Маврид ба зикр аст, ки ин нахустин ҳолати ғарқшавӣ дар ин канал нест.
Қаблан низ дар шаҳри Ҳисор ду бародар, сокинони ҷамоати Сомони шаҳри мазкур, ки яке 7 ва дуюмӣ 6-сола буданд, ҳамроҳ бо модарашон барои таҷлили Иди Фитр ба ҳавлии бобояшон, ба деҳаи Деҳқонободи ҷамоати Деҳқонобод рафта, ғарқ мешаванд.
Ғарқшавӣ ва фавти кӯдаки ноболиғ дар Хатлон: КҲФ сабабашро гуфт
Ба нақли КҲФ, ҳангоми гаштугузору идгардак ин бародарон хостанд, аз болои як қубуре, ки ду соҳили канали Калони Ҳисорро ба ҳам васл мекард, гузаранд. Вале ҳар ду ҳам натавонистанд мувозинати худро нигоҳ доранд ва ба оби канал уфтоданд.
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Дар Ишкошим марде ҳамсари даст ба худкушизадаашро наҷот доду худ ғарқ шуд
Сокини деҳа Сайид Беков ин ҳодисаро дида, базудӣ худро ба об андохтааст. Мутаассифона, вай танҳо яке аз онҳо, писари 7-соларо наҷот дода ва додари шашсолаи вайро об бо худ бурдааст.
Ишқи мамнуъ? Ҷавону духтаре дар Хуҷанд худро ба Сирдарё партофтанд
"Ба ҷойи ҳодиса дастаи имдодгарони раёсати кумита расиданд ва то торикӣ ҷасади писарбачаро ҷустанд. Аммо натиҷа надод. Сар аз субҳи имрӯз корҳои ҷустуҷӯӣ дубора оғоз шудаанд", - омадааст дар хабарнома.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сабаби ин фоҷиаҳоро беназорат будани кӯдакон хонда буд.
Лентаи хабарҳо
0