https://sputnik.tj/20220606/basta-dumilliarddollari-tojikiston-rahmon-1048982073.html
Тоҷикистон хостори сармоягузории бештари БОР шуд
Тоҷикистон хостори сармоягузории бештари БОР шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бастаи лоиҳаҳое, ки Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон амалӣ карду дар ҳоли татбиқашон аст, беш аз 2 млрд доллари амрикоӣ арзёбӣ гардиданд
2022-06-06T21:25+0500
2022-06-06T21:25+0500
2022-06-06T21:25+0500
дар тоҷикистон
бонк
осиё
рушд
мулоқот
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/06/1048981318_0:99:2048:1251_1920x0_80_0_0_8dbbd9585eb992a26da64dd56b4030d4.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Шиксин Чен, ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Чен барои иштирок дар конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028 дар ҶТ қарор дорад. Ҳамоиши мазкур аз 6 то 9 июн дар Душанбе давом мекунад. Эмомалӣ Раҳмон иштироки намояндагони БОР-ро дар конфронси оби Душанбе далели дастгирии ташаббусҳои Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об арзёбӣ кардаст. Ҷонибҳо аз рушди шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Бонк дар тӯли 24 соли ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Таъкид шудааст, ки шарикии ҷонибҳо дар ҳамаи самтҳои муҳим дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардидааст. Ба иттилои расмӣ, бастаи маблағгузориҳои Бонк дар Тоҷикистон то ба имрӯз 175 лоиҳаи сармоягузорӣ ва маблағи онҳо зиёда аз 2 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад."Ҷонибҳо дар рафти мулоқот масъалаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, шаҳрдорӣ ва бахши молияро баррасӣ карданд", - омадааст дар иттилоия.Дафтари матбуоти раисҷумҳур афзуд, феълан дар ин соҳаҳо 17 лоиҳа ба маблағи 900 млн доллар амалӣ шуда истодааст.Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, нақлиёт, маориф ва рушди инфрасохтор, мавриди муҳокима қарор дода шуд.Инчунин Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии БОР дар маврҳилаи пешгирӣ аз паҳншавии пандемия ва бартараф намудани пайомадҳои ин изҳори сипос кардааст. Бонки Осиёии Рушд аз созмонҳои байналмилалии молиявии ҷаҳонист, ки аз шарикони аслии Тоҷикистон дар татбиқи тарҳҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ ба шумор меравад.
https://sputnik.tj/20220420/tasvib-sozishnoma-jalb-mablagh-zahburh-vakhsh-1047813569.html
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/06/06/1048981318_231:0:2048:1363_1920x0_80_0_0_f5a59948d62a63fef9e5c3ff2a5ef1a0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баррасӣ, ҳамкорӣ, тоҷикистон, бор
баррасӣ, ҳамкорӣ, тоҷикистон, бор
Тоҷикистон хостори сармоягузории бештари БОР шуд
Бастаи лоиҳаҳое, ки Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон амалӣ карду дар ҳоли татбиқашон аст, беш аз 2 млрд доллари амрикоӣ арзёбӣ гардид
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Шиксин Чен, ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Чен барои иштирок дар конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", солҳои 2018-2028 дар ҶТ қарор дорад. Ҳамоиши мазкур аз 6 то 9 июн дар Душанбе давом мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон иштироки намояндагони БОР-ро дар конфронси оби Душанбе далели дастгирии ташаббусҳои Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об арзёбӣ кардаст.
Ҷонибҳо аз рушди шарикӣ миёни Тоҷикистон ва Бонк дар тӯли 24 соли ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Таъкид шудааст, ки шарикии ҷонибҳо дар ҳамаи самтҳои муҳим дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардидааст.
Ба иттилои расмӣ, бастаи маблағгузориҳои Бонк дар Тоҷикистон то ба имрӯз 175 лоиҳаи сармоягузорӣ ва маблағи онҳо зиёда аз 2 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
"Ҷонибҳо дар рафти мулоқот масъалаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, шаҳрдорӣ ва бахши молияро баррасӣ карданд", - омадааст дар иттилоия.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур афзуд, феълан дар ин соҳаҳо 17 лоиҳа ба маблағи 900 млн доллар амалӣ шуда истодааст.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҷалби маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, нақлиёт, маориф ва рушди инфрасохтор, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии БОР дар маврҳилаи пешгирӣ аз паҳншавии пандемия ва бартараф намудани пайомадҳои ин изҳори сипос кардааст.
Бонки Осиёии Рушд аз созмонҳои байналмилалии молиявии ҷаҳонист, ки аз шарикони аслии Тоҷикистон дар татбиқи тарҳҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва инфрасохторӣ ба шумор меравад.