Тасвиби созишнома барои тобовар кардани кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи Вахш

© Sputnik / Амир ИсаевПарламент Таджикистана, архивное фото
Парламент Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2022
Обуна шудан
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйирот ба як қатор қонунҳо ва созишномаи грантӣ бо Бонки Осиёии Рушдро ба тасвиб расонд
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Бонки Осиёии Рушд барои навсозии низоми обёрӣ дар ҳавзаи дарёи Вахш 30 млн. доллар ҷудо мекунад.
Созишномаи грантӣ дар ин бораро Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зимни ҷаласа таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода қабул намуд.
Ба иттилои дафтари матбуотии парлумон, маблағҳои грантӣ барои тобовар намудани низоми обёрӣ ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ равона гардида, заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш навсозӣ мешаванд.
Лоиҳаи мазкурро масъулини Бонки Осиёии Рушд қаблан муаррифӣ карда, таъкид намуда буданд, ки дар пайи амалӣ шудани иқдом қариб 6700 нафар деҳқон, ки 12%-и онҳо зан мебошад, аз беҳтар шудани вазъи обрасонӣ бархӯрдор мешаванд.
Асосан дар доираи ин лоиҳа БОР таҷдиди низоми обёрии Ёвонро дар ҳавзаи поёни рӯдхонаи Вахш маблағгузорӣ мекунад.
Картофель на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2022
Раҳмон масъалаи муҳимтарини рӯзро барои Тоҷикистон ном бурд
Евгений Жуков, мудири кулли БОР дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ қаблан гуфт, дар доираи лоиҳа баланд бардоштани ҳосилнокии бахши кишоварзӣ ва истифодаи самарноки об дар низоми обёрии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
Ӯ таъкид намуд, ки бахши кишварзию низоми обёрӣ дар минтақаи татбиқи лоиҳа ба офатҳои табиӣ тобовартар шуда, амнияти озуқавориро афзоиш медиҳад.
Вай афзуд, ки ин аввалин сармоягузории бонк дар соҳаи обёрӣ мебошад, ки ба таъмини баробарии гендерӣ бахшида шудааст ва ба занон имкон медиҳад, то дар идораи замину об бештар иштирок кунанд. Инчунин насби дастгоҳҳои обкашии каммасраф пешбинӣ шудааст, ки барои сарфаи нерӯ мусоидат мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки дар шароити тағйирёбии иқлим масъалаи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзӣ ва сермасрафии обёрӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба масъалаи мубрам табдил ёфтааст.
Лентаи хабарҳо
0