https://sputnik.tj/20220603/jang-qutb-shimol-khatar-nato-1048905280.html
Ҷанг барои Қутби Шимол – хатари ношӣ аз вуруди Шветсия ва Финландия ба НАТО
Ҷанг барои Қутби Шимол – хатари ношӣ аз вуруди Шветсия ва Финландия ба НАТО
Sputnik Тоҷикистон
Сарусадои воридшудани кишварҳое ба мисли Шветсия ва Финландия ба эътилофи НАТО чанд моҳ боз давом дорад ва ҳанӯз ба охир нарасидааст
2022-06-03T15:21+0500
2022-06-03T15:21+0500
2022-06-06T15:21+0500
хатар
нато
шветсия
финландия
тарс
амният ва мудофиа
аврупо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102698/40/1026984032_0:317:3077:2048_1920x0_80_0_0_50071d6b8b605309acefe0ff606777be.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik, Давид Нармания. Ин амалро мантиқӣ гуфтан душвор аст, зеро худи қарори Стокҳолм ва Ҳелсинкӣ дар бораи дохил шудан ба ин эътилоф дар назари аввал ба ақли солим комилан мухолиф аст.Ин дар муколама бо Туркия, ки мухолифи васеъшавии паймон аст, рӯшантар ба назар мерасад. Дар Анкара бар хилофи пойтахтҳои давлатҳои скандинавӣ ҳаракати сафаҳоти заминсохтании таърихро хеле хассос гирифта, кӯшиш мекунанд, ки истиқлоли худро бо роҳи муомила бо ИМА — манфиатдори асосии ин вазъият, аз арзаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ то амалиёти навбатии зидди курдҳо ва ин дафъа дар Сурияро таъмин кунад. Ёдовар мешавем, ки чунин амалҳои сарбозони турк дар Ироқро дар ҷаҳони демократӣ пай намебаранд. Ва дар омади гап, сухан дар бораи қариб охирин иттифоқчиёни Вашингтон дар минтақа меравад. Амалиёте, ки рӯзи сешанбе оғоз шуд, дар охири моҳи май эълон шуда буд ва Департаменти давлатӣ ҳатто тавонист Туркияро сарзаниш кунад, аммо тавре медонед, Анкара ба кори худ идома медиҳад.Туркия медонад, тағйироте, ки дар давоми солҳои охир дар ҷаҳон идома ёфт ва дар чанд моҳи охир бебозгашт гардид, аз давлатҳо озодии амалиётиро тақозо мекунад, агар онҳо, албатта, нахоҳанд, ки дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ чизе боқӣ монад.Аз тарафи дигар Шветсия ва Финландия тасмим гирифтаанд, ки бори гарони "форпости демократия" дар марзҳои Русияро ба дӯш гиранд ва худро бо риштаҳои бародарии Атлантикаи Шимолӣ, уҳдадориҳои хироҷгузорӣ дар назди Иёлоти Муттаҳида бубанданд. Дар айни замон, аз нуқтаи назари амният, онҳо ҳадди аққал чизе ба даст намеоранд, дар ҳадди аксар онҳо хавфи аз даст додани чизеро доранд. Маскав ба онҳо ҳеҷ хатаре надошт ва ҳоло онҳо аз кишварҳои нисбатан бетараф нисбат ба Русия ба узви иттиҳоди душманона бо он табдил меёбанд. Дар баробари ин онҳо пештар дар машқҳои НАТО иштирок карда буданд, бинобар ин бетарафии онҳо хеле шартӣ буд.Ҳар як одами оддӣ дар чунин вазъият шояд фикр кунад, ки ин ба онҳо ҳадди аққал аз нуқтаи назари иқтисодӣ фоида меорад, аммо зоҳиран ҳукуматҳои Скандинавия норасоии шадиди кадрии хеле муқаррариро аз сар мегузаронанд. Агар Финландия ду фоизи ММД-ро барои мудофиа харҷ мекард, пас Шветсия мачбур мешавад, ки бештар дар ин бахш маблағ сарф кунад. Соли гузашта барои эҳтиёҷоти ҳарбӣ дар ин кишвар ҳамагӣ 1,3 фоизи ММД сарф шуда буд, бинобар ин хароҷотро ба ин бахш яку ним баробар зиёд кардан лозим мешавад. Аммо чунин талабҳо мероси солҳои нисбатан осуда барои НАТО пас аз пошхӯрии ИШҶС аст, ки буҷаи низомии ин паймон тадриҷан коҳиш ёфт. Ҳоло бо баҳонаи "таҳдиди Русия" Вашингтон муттаҳидонашро ба осонӣ маҷбур мекунад, ки бо сарфи маблағҳои бештар саховатмандӣ нишон диҳанд.Дар пасманзари буҳрон ин гуна хароҷот ба буҷаи кишварҳо ва ба аҳолӣ зиён мерасонад. Аммо андешаи мардум дар масъалаи ворид шудан ба ин иттиҳод касеро ба ташвиш намеорад. Ҳанӯз дар охири моҳи апрел вазири корҳои хориҷии Шветсия Анн Линде ҳамватанони худро ҳушдор дода буд, ки раъйпурсӣ баргузор нахоҳад шуд. Ҳол он ки чунин як масъалаи муҳим махфӣ хоҳад буд, ки шветсияиҳои оддӣ набояд донанд.Ва агар барои Стокҳолм ва Ҳелсинки ҳамроҳ шудан ба блокҳо ба ивази манфиатҳои шубҳанок душвориҳоро ваъда карда бошад, пас Вашингтон ба шарофати ин мавқеи худро дар Қутби Шимол мустаҳкам мекунад. Пас аз пайвастани Шветсия ва Финландия ба НАТО Русия ягона узви ғайри НАТО дар Шӯрои Қутби Шимол боқӣ мемонад.Арктика эҳтимоли зиёд дорад, ки ба яке аз арсаҳои асосии муқовимат дар асри 21 табдил ёбад. Ва ин ҷо ҳарф на танҳо ва на он қадар дар бораи таҳдиди мустақими низомист, балки дар бораи иқтисодиёт аст. Маҷмуаи шашуми таҳримҳо алайҳи Маскав, ки қисман маҳдуд кардани интиқоли нафтро дар назар дорад, ба гумон аст, ба коҳиши нархи сӯзишворӣ, ки аллакай аз мизони рекордӣ гузаштааст, мусоидат кунад. Аз ин лиҳоз изҳороти раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден хеле муҳим ба назар мерасад, ки рӯзи дигар иқрор шуд, дар воқеъ, Ғарб омодааст, нафти Русияро, аммо бо нархи поинтар аз нархи бозор харидорӣ намояд.Баланд шудани арзиши тилои сиёҳ захираҳои Арктикаро боз ҳам дилкаш ва азхудкунии онҳоро муфидтар мегардонад. Ҳамзамон ҷаҳиш бори дигар итминон медиҳад, ки изҳорот дар бораи гузариш ба энергияи сабз, ки экологҳо, сиёсатмадорон ва шахсиятҳои машҳури риштаҳои гуногун пешгӯӣ карда буданд, хеле шитобкорона будааст.Аҳамияти минтақа дар партави мушкилоти глобалии логистикӣ бо рангҳои нав бозӣ мекунад. Тағйирёбии иқлим интиқоли боркашониро дар Арктика дастрастар мекунад, бинобар ин роҳи Баҳри шимолӣ имкон дорад, ки ба яке аз артерияҳои муҳимтарини савдои ҷаҳонӣ табдил ёбад: он назар ба роҳҳо тавассути канали Суэтс ё Димоғаи Умеди Нек тӯлонитар аст. Мамлакатҳои осиёии ғайриарктикӣ, пеш аз ҳама Чин ва Ҳиндустон низ ба тараққиёти он манфиатдор мебошанд.Бо вуҷуди ин пойгоҳи манобеи Арктика ва ҳуқуқи истифодаи имконоти нақлиётии он танҳо аввалин далелест, ки ҳоло, дар ин даҳа метавонад сабаби бархӯрди байни Русия ва Ғарб шавад. Дар шароити вуҷуди даъвоҳои ҳамдигар Шимол ба майдони мукаммали бархӯрду муқобила табдил меёбад, бинобар ин ИМА омодааст, барои мустаҳкам намудани мавқеъҳои худ дар ин роҳ хеле пули калон диҳад.
https://sputnik.tj/20220601/ukraina-nato-kishvar-karonai-baltika-1048856357.html
https://sputnik.tj/20220531/josusi-nato-marz-rusiya-dastgir-1048824560.html
https://sputnik.tj/20220531/turkiya-uzviyat-shvetsiya-finlandiya-nato-1048821477.html
шветсия
финландия
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102698/40/1026984032_194:0:2925:2048_1920x0_80_0_0_696c6214c3fb35c74750097d684d5669.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷанг, қутби шимол, хатар, шветсия, финландия, нато
ҷанг, қутби шимол, хатар, шветсия, финландия, нато
Ҷанг барои Қутби Шимол – хатари ношӣ аз вуруди Шветсия ва Финландия ба НАТО
15:21 03.06.2022 (Навсозишуда: 15:21 06.06.2022) Сарусадои воридшудани кишварҳое ба мисли Шветсия ва Финландия ба эътилофи НАТО чанд моҳ боз давом дорад ва ҳанӯз ба охир нарасидааст
ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik, Давид Нармания. Ин амалро мантиқӣ гуфтан душвор аст, зеро худи қарори Стокҳолм ва Ҳелсинкӣ дар бораи дохил шудан ба ин эътилоф дар назари аввал ба ақли солим комилан мухолиф аст.
Ин дар муколама бо Туркия, ки мухолифи васеъшавии паймон аст, рӯшантар ба назар мерасад. Дар Анкара бар хилофи пойтахтҳои давлатҳои скандинавӣ ҳаракати сафаҳоти заминсохтании таърихро хеле хассос гирифта, кӯшиш мекунанд, ки истиқлоли худро бо роҳи муомила бо ИМА — манфиатдори асосии ин вазъият, аз арзаи ҳавопаймоҳои ҷангӣ то амалиёти навбатии зидди курдҳо ва ин дафъа дар Сурияро таъмин кунад.
Ёдовар мешавем, ки чунин амалҳои сарбозони турк дар Ироқро дар ҷаҳони демократӣ пай намебаранд. Ва дар омади гап, сухан дар бораи қариб охирин иттифоқчиёни Вашингтон дар минтақа меравад. Амалиёте, ки рӯзи сешанбе оғоз шуд, дар охири моҳи май эълон шуда буд ва Департаменти давлатӣ ҳатто тавонист Туркияро сарзаниш кунад, аммо тавре медонед, Анкара ба кори худ идома медиҳад.
Туркия медонад, тағйироте, ки дар давоми солҳои охир дар ҷаҳон идома ёфт ва дар чанд моҳи охир бебозгашт гардид, аз давлатҳо озодии амалиётиро тақозо мекунад, агар онҳо, албатта, нахоҳанд, ки дар низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ чизе боқӣ монад.
Аз тарафи дигар Шветсия ва Финландия тасмим гирифтаанд, ки бори гарони "форпости демократия" дар марзҳои Русияро ба дӯш гиранд ва худро бо риштаҳои бародарии Атлантикаи Шимолӣ, уҳдадориҳои хироҷгузорӣ дар назди Иёлоти Муттаҳида бубанданд. Дар айни замон, аз нуқтаи назари амният, онҳо ҳадди аққал чизе ба даст намеоранд, дар ҳадди аксар онҳо хавфи аз даст додани чизеро доранд.
Маскав ба онҳо ҳеҷ хатаре надошт ва ҳоло онҳо аз кишварҳои нисбатан бетараф нисбат ба Русия ба узви иттиҳоди душманона бо он табдил меёбанд. Дар баробари ин онҳо пештар дар машқҳои НАТО иштирок карда буданд, бинобар ин бетарафии онҳо хеле шартӣ буд.
Ҳар як одами оддӣ дар чунин вазъият шояд фикр кунад, ки ин ба онҳо ҳадди аққал аз нуқтаи назари иқтисодӣ фоида меорад, аммо зоҳиран ҳукуматҳои Скандинавия норасоии шадиди кадрии хеле муқаррариро аз сар мегузаронанд. Агар Финландия ду фоизи ММД-ро барои мудофиа харҷ мекард, пас Шветсия мачбур мешавад, ки бештар дар ин бахш маблағ сарф кунад.
Соли гузашта барои эҳтиёҷоти ҳарбӣ дар ин кишвар ҳамагӣ 1,3 фоизи ММД сарф шуда буд, бинобар ин хароҷотро ба ин бахш яку ним баробар зиёд кардан лозим мешавад. Аммо чунин талабҳо мероси солҳои нисбатан осуда барои НАТО пас аз пошхӯрии ИШҶС аст, ки буҷаи низомии ин паймон тадриҷан коҳиш ёфт. Ҳоло бо баҳонаи "таҳдиди Русия" Вашингтон муттаҳидонашро ба осонӣ маҷбур мекунад, ки бо сарфи маблағҳои бештар саховатмандӣ нишон диҳанд.
Дар пасманзари буҳрон ин гуна хароҷот ба буҷаи кишварҳо ва ба аҳолӣ зиён мерасонад. Аммо андешаи мардум дар масъалаи ворид шудан ба ин иттиҳод касеро ба ташвиш намеорад. Ҳанӯз дар охири моҳи апрел вазири корҳои хориҷии Шветсия Анн Линде ҳамватанони худро ҳушдор дода буд, ки раъйпурсӣ баргузор нахоҳад шуд. Ҳол он ки чунин як масъалаи муҳим махфӣ хоҳад буд, ки шветсияиҳои оддӣ набояд донанд.
Ва агар барои Стокҳолм ва Ҳелсинки ҳамроҳ шудан ба блокҳо ба ивази манфиатҳои шубҳанок душвориҳоро ваъда карда бошад, пас Вашингтон ба шарофати ин мавқеи худро дар Қутби Шимол мустаҳкам мекунад. Пас аз пайвастани Шветсия ва Финландия ба НАТО Русия ягона узви ғайри НАТО дар Шӯрои Қутби Шимол боқӣ мемонад.
Арктика эҳтимоли зиёд дорад, ки ба яке аз арсаҳои асосии муқовимат дар асри 21 табдил ёбад. Ва ин ҷо ҳарф на танҳо ва на он қадар дар бораи таҳдиди мустақими низомист, балки дар бораи иқтисодиёт аст. Маҷмуаи шашуми таҳримҳо алайҳи Маскав, ки қисман маҳдуд кардани интиқоли нафтро дар назар дорад, ба гумон аст, ба коҳиши нархи сӯзишворӣ, ки аллакай аз мизони рекордӣ гузаштааст, мусоидат кунад. Аз ин лиҳоз изҳороти раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден хеле муҳим ба назар мерасад, ки рӯзи дигар иқрор шуд, дар воқеъ, Ғарб омодааст, нафти Русияро, аммо бо нархи поинтар аз нархи бозор харидорӣ намояд.
Баланд шудани арзиши тилои сиёҳ захираҳои Арктикаро боз ҳам дилкаш ва азхудкунии онҳоро муфидтар мегардонад. Ҳамзамон ҷаҳиш бори дигар итминон медиҳад, ки изҳорот дар бораи гузариш ба энергияи сабз, ки экологҳо, сиёсатмадорон ва шахсиятҳои машҳури риштаҳои гуногун пешгӯӣ карда буданд, хеле шитобкорона будааст.
Аҳамияти минтақа дар партави мушкилоти глобалии логистикӣ бо рангҳои нав бозӣ мекунад. Тағйирёбии иқлим интиқоли боркашониро дар Арктика дастрастар мекунад, бинобар ин роҳи Баҳри шимолӣ имкон дорад, ки ба яке аз артерияҳои муҳимтарини савдои ҷаҳонӣ табдил ёбад: он назар ба роҳҳо тавассути канали Суэтс ё Димоғаи Умеди Нек тӯлонитар аст. Мамлакатҳои осиёии ғайриарктикӣ, пеш аз ҳама Чин ва Ҳиндустон низ ба тараққиёти он манфиатдор мебошанд.
Бо вуҷуди ин пойгоҳи манобеи Арктика ва ҳуқуқи истифодаи имконоти нақлиётии он танҳо аввалин далелест, ки ҳоло, дар ин даҳа метавонад сабаби бархӯрди байни Русия ва Ғарб шавад. Дар шароити вуҷуди даъвоҳои ҳамдигар Шимол ба майдони мукаммали бархӯрду муқобила табдил меёбад, бинобар ин ИМА омодааст, барои мустаҳкам намудани мавқеъҳои худ дар ин роҳ хеле пули калон диҳад.