Туркия мавқеи худро дар мавриди узвияти Шветсия ва Финландия дар НАТО тағйир намедиҳад

© Sputnik / Sergey Karpuhin / Гузариш ба медиабонкПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Обуна шудан
Ба гуфтаи раисҷумҳур, эътирози Туркия ба узвияти Шветсия ва Финландия дар ин паймон низ як иқдоме ба хотири ҳамаи аъзои ин созмон аст
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия гуфт, кишвараш дар мавриди узвияти Шветсия ва Финландия дар НАТО мавқеашро тағйир нахоҳад дод, агар онҳо чораҳои зарурӣ наандешанд, менависад РИА "Новости".
Финландия ва Шветсия дар пасманзари ҳаводиси Украина рӯзи 18 май дархости пайвастан ба ин паймонро ба дабири кулли НАТО супурданд. Туркия аз оғози раванди баррасии ин дархостҳо ҷилавгирӣ кардааст. Эрдуғон гуфт, Анкара наметавонад ба узвияти Ҳелсинки ва Стокҳолм дар ин созмон "ҳа" бигӯяд, зеро ба итминони онҳо дар бораи равобит бо намояндагони Ҳизби коргарии Курдистон, ки дар Туркия мамнуъ аст, бовар намекунад.
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Турции Р. Эрдоганом   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Путину Эрдуғон аз амалиёт дар Украина ва роҳҳали он гуфтанд
"Эътирози Туркия ба узвияти Шветсия ва Финландия низ як иқдоми қатъӣ ба номи ҳамаи аъзои НАТО, ки то кунун ҳадафи терроризм қарор гирифтаанд, аст. Туркия мехоҳад ин кишварҳо аз амалиёти зиддитеррористӣ, ки аз ҷониби аъзои НАТО анҷом хоҳанд шуд, пуштибонӣ кунанд. Терроризм барои ҳамаи кишварҳои узв хатар дорад ва кишварҳои номзад бояд пеш аз пайвастан ба ин созмон инро эътироф кунанд", - афзуд Эрдуғон.
Русия борҳо таъкид кардааст, ки ҳадафи НАТО муқовимат аст. Сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, тавсеаи минбаъдаи ин блок амнияти бештаре ба Аврупо намеоварад, НАТО характери хашмгин дорад.
Раисҷумҳури Русия Владимир Путин таъкид кард, ки даст кашидан аз сиёсати суннатии бетарафии низомии Финландия иштибоҳ хоҳад буд, зеро ба амнияти он таҳдиде вуҷуд надорад.
Лентаи хабарҳо
0