https://sputnik.tj/20220601/ukraina-nato-kishvar-karonai-baltika-1048856357.html
Пас аз Украина НАТО кишварҳои Каронаи Балтикаро ба кура меандозад
Пас аз Украина НАТО кишварҳои Каронаи Балтикаро ба кура меандозад
Sputnik Тоҷикистон
Бо радди принсипҳои ҳамзистӣ бо Русия Лаҳистон ва дигар кишварҳои Каронаи Балтикаро рад намуда, аз рӯйи сенарияи Украина девонавор кӯшиши низомисозиро доранд
2022-06-01T18:10+0500
2022-06-01T18:10+0500
2022-06-01T18:10+0500
дар русия
ғарб
аврупо
балтика
лаҳистон
эстония
латвия
литва
нато
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/14/1038850646_0:49:1425:851_1920x0_80_0_0_84589e284a910cc8688ac6a84c7ee9c2.jpg
Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ аз "сабақи украинӣ" хулосаи дуруст набаровард ва дар минтақаи Назди Балтика вусъати беҳаёёнаи худро давом медиҳад. Афзоиши фаъолияти низомии НАТО дар наздикии марзҳои Русия дар як марҳила метавонад вокуниши шадиди Федератсияи Русияро ба бор орад."Рақси шамшерӣ"-и беохир дар кишварҳои Балтика аз 30 май то 12 июн бо машқҳои нерӯҳои муштараки дифои ҳавоии НАТО “Ramstein Legacy 2022” бо иштироки Лаҳистон, Литва, Латвия ва Эстония идома доранд.Вазифаҳои асосӣ амалӣ намудани мушакпарронии иттифоқ дар ҳарими ҳавоии ҳамаи кишварҳои зикршуда ва ҳамкории мутақобила дар чаҳорчӯби дифои зиддимушакӣ мебошад. Дар он сарбозони ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Норвегия, Белгия, Чехия, Руминия, Словакия, Италия, Испания ва Туркия иштирок доранд.Дар баробари ин дар қаламрави Шветсия рӯзҳои 5-17 июн тамрини бузурги низомии НАТО бо ширкати нерӯҳои 14 кишвари узви ин паймон, инчунин Финландия ва Шветсия баргузор мешавад. Вазифаҳои асосии он аз амалиёти десантӣ, тирпарронии тӯпхона, ҷанги зидди киштиҳои зериобӣ бо истифода аз дронҳои зериобӣ иборат мебошад. Ҳадафи зикршуда омодагӣ ба ҷанги эҳтимолӣ бо Русия аст.Тайёрии Шветсияро, ки ҳанӯз бетараф аст, аллакай ҷонишини раиси Кумитаи ҳарбии НАТО Лэнс Ландрум тафтиш кард.Рӯзи дигар дар минтақа бузургтарин машқҳои эътилофи дифоъ аз Аврупо (26 май), марҳилаи баҳории машқҳои низомии “Namejs 2022” (27 май) ва машқҳои баҳрӣ дар баҳри Балтика (30 май) ба анҷом расиданд.Қаблан маркази таҳлилии баҳрии Амрико сенарияи "зарбаи пешгирикунанда" ба вилояти Калининградро таҳия ва нашр карда буд, то чаҳор ҷузъи муҳими дифоъ - киштии мушакии “Искандар”, киштиҳои мушакии Флоти Балтика ва системаи мушакии С-400-ро аз байн барад.Ҳадафи машқҳо ва стратегияи НАТО ин аст, ки қувваҳои мусаллаҳи Русия то ҳадди аксар дар оғози муноқишаи низомӣ тазъиф шаванд. Оё Русия метавонад ба нақшаҳои таҷовузкорона ва омодагии ин иттифоқ бепарво нигоҳ кунад? Суол риторикӣ аст. Аз ин рӯ табиист, ки кишварҳои минтақаи Балтика пас аз анҷоми амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина аввалин номзадҳои ғайринизомисозӣ хоҳанд шуд."Корди финӣ" дар пушти АврупоТаҷрибаи украинӣ ба раҳбарони аврупоӣ чизе наомӯхтааст, онҳо сабаби аслии низоъ – тавсеаи НАТО ба Шарқро нодида мегиранд. Роҳбари дипломатияи Аврупо Ҷозеп Боррел аз он нигарон аст, ки Иттиҳодияи Аврупо "дар чунин ҷанге, ки дар Украина идома дорад" бештар аз ду ҳафта худро ҳифз карда метавонад. Гӯё муноқишаи Украина собит кард, ки қудрати нарм кофӣ нест, нерӯи низомӣ лозим аст.Боррел даъват кард, ки артиши ягонаи Иттиҳоди Аврупо таъсис дода шавад. Ин идея нав нест, вале ба талаботи амнияти баробар ва тақсимнашаванда чавоб дода наметавонад ва умуман ояндадор нест. Аҳамият диҳед, ки нирӯҳои НАТО ва артишҳои миллии пешрафта дар тӯли даҳсолаҳо ба Юнон ва Туркия дар тақсим ё безарарсозии ҷазираҳои баҳсбарангези Эгей кумак накардаанд. Артиши нави Иттиҳодияи Аврупо чиро тағйир медиҳад?Садри аъзами Олмон Олаф Шолз ваъда дод, ки "дар байни кишварҳои узви НАТО бузургтарин артиши анъанавӣ дар Аврупо"-ро таъсис медиҳад. Ёдовар мешавам, ки кишварҳои аврупоии иттиҳод имрӯз дар маҷмуъ қариб ду миллион сарбоз доранд. Артиши Олмон (184 ҳазор нафар) аз бритониёӣ (194 ҳазор) ва аз артиши итолиёӣ (170 ҳазор) каме камтар аст.Дар ҳамин ҳол шумораи қобили мулоҳизаи мутахассисони Пентагон ва НАТО дар моҳи августи соли 2021 аз “ҳаваскорон” (толибон) дар Афғонистон як зарбаи нангин гирифтанд. Байни шумораи армия ва самаранокии он робитаи мустақим вуҷуд надорад.Гурӯҳи қӯшунҳои Амрико дар Аврупо ба 100 ҳазор нафар расид. Амрикоиҳо дар ҷаҳони қадим тақрибан сесад пойгоҳ ва зерсохти низомӣ доранд: 123 дар Олмон, 49 дар Италия, 22 дар Британияи Кабир, 14 дар Туркия, 6 дар Руминия, чаҳор дар Полша ва Венгрия, дуто дар Словакия, яктоӣ дар Эстония, Грузия ва Латвия. Рӯйхат пурра нест. Хулоса, дар Аврупо барои амнияту субот ба қадри кофӣ нерӯ мавҷуд, аммо он камбуди мағз дорад.Вусъат додани иттифоқ онро мустахкам намекунад, балки он минтақаҳои нави ҷангро кафолат медихад. Ба НАТО дохил шудани Финландия ва Шветсияи бетараф аломатҳои аз воқеият дур шудан, ба аҳдпарастӣ табдил ёфтани демократияро дорад.Ҳукуматҳои ду мамлакати шукуфони Аврупои Шимолӣ кӯшиш мекунанд, ки барои ҳалли проблемаҳои мавчуд иттифоқи ҳарбӣ ба вуҷуд оваранд. Васеъшавии НАТО талхии мавҷудияти бемаънии онро танҳо зиёд мекунад.Сарфармондеҳи нави амрикоии нерӯҳои ин паймон дар Аврупо Кристофер Каволи номзадҳои нав ба узвият (Шветсия ва Финландия)-ро "плюси бузург ва тормози хурд" номид. Шояд вай имконият пайдо кунад, ки ин идеяро инкишоф диҳад.Ҷолиб он аст, ки Каволи забони русиро медонад, дар амалиёти Пентагон дар Халиҷи Форс, Босния ва Афғонистон ширкат кардааст ва мавзуи рисолаи биологии ӯ дар Донишгоҳи Принстон "Таъсири кирмҳои заминӣ ба паҳншавии амудии қолабҳои лаҷан дар хок" аст. Ин таъйинот дар пасманзари ҳаводиси Украина сурат мегирад ва генерал Каволи аллакай ба мудохилаи низомии Амрико бар сари ғаллаи Украина иҷоза додааст.Маркази стратегӣ ва амнияти ба номи Скоукрофт дар як нашрияи “Bloomberg” қайд кард, сарҳади Русия ва Финландия, ки 1300 километр тӯл мекашад, барои НАТО "вабои воқеӣ" аст. Таҳлилгарони амрикоӣ танҳо ду бартариятро мебинанд - "намоиши ҳамраъйӣ" ва "густариш бар хилофи мавқеъи Маскав".Бо вуҷуди ин дар оянда пайкарбандии сарҳадҳои иттиҳод иғвоангез ва таҳдид ба амнияти Федератсияи Русия метавонад як "корди финӣ" ба пушти Аврупо шаваду боиси муноқишаи низомӣ гардад. Пентагон аллакай ба пойгоҳҳои нав дар Финландия, дар наздикии марзҳои Русия назар мекунад.Русия аллакай вокуниш нишон медиҳад. Дар Ҳавзаи низомии ғарбӣ 12 қисми нави низомӣ ташкил карда мешаванд. Он аз ҳангҳои мушакӣ, бригадаҳои танкӣ ё лашкарҳои десантии ҳавоӣ иборат хоҳад буд ё аз ақсоми дигар, барои мо мушаххас нест.Бо вуҷуди ин он як рақиби эҳтимолӣ кофӣ нахоҳад буд. Ва дар вазъияти фарзияи муноқишаи низомӣ бо Иёлоти Муттаҳида Русия маҷбур хоҳад шуд, ки ҳама пойгоҳҳо ва иншооти низомиро дар қаламрави кишварҳои ҳамсояи блоки душман ҳамчун авлавият безарар созад.Даҳсолаҳои мусобиқаи мусаллаҳона ва нооромиҳои низомию сиёсӣ ҷазои ногузири кишварҳои Соҳили Балтика (аз ҷумла Финландия ва Шветсия) барои тавсеаи беэҳтиётонаи НАТО ба Шарқ ва Шимолу Шарқ, барои таҳдидҳои беасос ба Русия мебошад.Имконияти ба таври дипломатӣ ҳал намудани проблемахои амнияти Аврупоро истисно карда, Иттифоқи Атлантикаи Шимолӣ Русияро маҷбур мекунад, ки бо тамоми воситаҳои дигари қонунӣ амал кунад. Дар идомаи ғояи Папа Франсиск дар бораи иғвоангезӣ - "НАТО дар наздикии марзҳои Русия аккос мезанад", метавон пешгӯӣ кард: агар "саг"-и газанда нагурезад, леҳ мешавад.Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар “Telegram” пайвандед.
https://sputnik.tj/20220529/ikhtilof-avrupo-tahrimho-rusiya-1048779810.html
https://sputnik.tj/20220531/darsi-rusi-jahon-ba-gharb-bovar-nadorad-1048834621.html
https://sputnik.tj/20220527/gharb-khiyonat-kiev-1048752039.html
https://sputnik.tj/20220525/muvaffaqiyatr-severodonetsk-folksshturm-gharb-1048697797.html
аврупо
балтика
лаҳистон
эстония
латвия
литва
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/14/1038850646_113:0:1313:900_1920x0_80_0_0_be44a0baba6f8a37b9cda88832aee181.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
украина, нато, латвия, литва, эстония, русия, балтика ғарб
украина, нато, латвия, литва, эстония, русия, балтика ғарб
Пас аз Украина НАТО кишварҳои Каронаи Балтикаро ба кура меандозад
Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Бо радди принсипҳои ҳамзистӣ бо Русия Лаҳистон ва дигар кишварҳои Каронаи Балтикаро рад намуда, аз рӯйи сенарияи Украина девонавор кӯшиши низомисозиро доранд
Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ аз "сабақи украинӣ" хулосаи дуруст набаровард ва дар минтақаи Назди Балтика вусъати беҳаёёнаи худро давом медиҳад. Афзоиши фаъолияти низомии НАТО дар наздикии марзҳои Русия дар як марҳила метавонад вокуниши шадиди Федератсияи Русияро ба бор орад.
"Рақси шамшерӣ"-и беохир дар кишварҳои Балтика аз 30 май то 12 июн бо машқҳои нерӯҳои муштараки дифои ҳавоии НАТО “Ramstein Legacy 2022” бо иштироки Лаҳистон, Литва, Латвия ва Эстония идома доранд.
Вазифаҳои асосӣ амалӣ намудани мушакпарронии иттифоқ дар ҳарими ҳавоии ҳамаи кишварҳои зикршуда ва ҳамкории мутақобила дар чаҳорчӯби дифои зиддимушакӣ мебошад. Дар он сарбозони ИМА, Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Норвегия, Белгия, Чехия, Руминия, Словакия, Италия, Испания ва Туркия иштирок доранд.
Дар баробари ин дар қаламрави Шветсия рӯзҳои 5-17 июн тамрини бузурги низомии НАТО бо ширкати нерӯҳои 14 кишвари узви ин паймон, инчунин Финландия ва Шветсия баргузор мешавад. Вазифаҳои асосии он аз амалиёти десантӣ, тирпарронии тӯпхона, ҷанги зидди киштиҳои зериобӣ бо истифода аз дронҳои зериобӣ иборат мебошад. Ҳадафи зикршуда омодагӣ ба ҷанги эҳтимолӣ бо Русия аст.
Тайёрии Шветсияро, ки ҳанӯз бетараф аст, аллакай ҷонишини раиси Кумитаи ҳарбии НАТО Лэнс Ландрум тафтиш кард.
Рӯзи дигар дар минтақа бузургтарин машқҳои эътилофи дифоъ аз Аврупо (26 май), марҳилаи баҳории машқҳои низомии “Namejs 2022” (27 май) ва машқҳои баҳрӣ дар баҳри Балтика (30 май) ба анҷом расиданд.
Қаблан маркази таҳлилии баҳрии Амрико сенарияи "зарбаи пешгирикунанда" ба вилояти Калининградро таҳия ва нашр карда буд, то чаҳор ҷузъи муҳими дифоъ - киштии мушакии “Искандар”, киштиҳои мушакии Флоти Балтика ва системаи мушакии С-400-ро аз байн барад.
Ҳадафи машқҳо ва стратегияи НАТО ин аст, ки қувваҳои мусаллаҳи Русия то ҳадди аксар дар оғози муноқишаи низомӣ тазъиф шаванд. Оё Русия метавонад ба нақшаҳои таҷовузкорона ва омодагии ин иттифоқ бепарво нигоҳ кунад? Суол риторикӣ аст. Аз ин рӯ табиист, ки кишварҳои минтақаи Балтика пас аз анҷоми амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина аввалин номзадҳои ғайринизомисозӣ хоҳанд шуд.
"Корди финӣ" дар пушти Аврупо
Таҷрибаи украинӣ ба раҳбарони аврупоӣ чизе наомӯхтааст, онҳо сабаби аслии низоъ – тавсеаи НАТО ба Шарқро нодида мегиранд. Роҳбари дипломатияи Аврупо Ҷозеп Боррел аз он нигарон аст, ки Иттиҳодияи Аврупо "дар чунин ҷанге, ки дар Украина идома дорад" бештар аз ду ҳафта худро ҳифз карда метавонад. Гӯё муноқишаи Украина собит кард, ки қудрати нарм кофӣ нест, нерӯи низомӣ лозим аст.
Боррел даъват кард, ки артиши ягонаи Иттиҳоди Аврупо таъсис дода шавад. Ин идея нав нест, вале ба талаботи амнияти баробар ва тақсимнашаванда чавоб дода наметавонад ва умуман ояндадор нест. Аҳамият диҳед, ки нирӯҳои НАТО ва артишҳои миллии пешрафта дар тӯли даҳсолаҳо ба Юнон ва Туркия дар тақсим ё безарарсозии ҷазираҳои баҳсбарангези Эгей кумак накардаанд. Артиши нави Иттиҳодияи Аврупо чиро тағйир медиҳад?
Садри аъзами Олмон Олаф Шолз ваъда дод, ки "дар байни кишварҳои узви НАТО бузургтарин артиши анъанавӣ дар Аврупо"-ро таъсис медиҳад. Ёдовар мешавам, ки кишварҳои аврупоии иттиҳод имрӯз дар маҷмуъ қариб ду миллион сарбоз доранд. Артиши Олмон (184 ҳазор нафар) аз бритониёӣ (194 ҳазор) ва аз артиши итолиёӣ (170 ҳазор) каме камтар аст.
Дар ҳамин ҳол шумораи қобили мулоҳизаи мутахассисони Пентагон ва НАТО дар моҳи августи соли 2021 аз “ҳаваскорон” (толибон) дар Афғонистон як зарбаи нангин гирифтанд. Байни шумораи армия ва самаранокии он робитаи мустақим вуҷуд надорад.
Гурӯҳи қӯшунҳои Амрико дар Аврупо ба 100 ҳазор нафар расид. Амрикоиҳо дар ҷаҳони қадим тақрибан сесад пойгоҳ ва зерсохти низомӣ доранд: 123 дар Олмон, 49 дар Италия, 22 дар Британияи Кабир, 14 дар Туркия, 6 дар Руминия, чаҳор дар Полша ва Венгрия, дуто дар Словакия, яктоӣ дар Эстония, Грузия ва Латвия. Рӯйхат пурра нест. Хулоса, дар Аврупо барои амнияту субот ба қадри кофӣ нерӯ мавҷуд, аммо он камбуди мағз дорад.
Вусъат додани иттифоқ онро мустахкам намекунад, балки он минтақаҳои нави ҷангро кафолат медихад. Ба НАТО дохил шудани Финландия ва Шветсияи бетараф аломатҳои аз воқеият дур шудан, ба аҳдпарастӣ табдил ёфтани демократияро дорад.
Ҳукуматҳои ду мамлакати шукуфони Аврупои Шимолӣ кӯшиш мекунанд, ки барои ҳалли проблемаҳои мавчуд иттифоқи ҳарбӣ ба вуҷуд оваранд. Васеъшавии НАТО талхии мавҷудияти бемаънии онро танҳо зиёд мекунад.
Сарфармондеҳи нави амрикоии нерӯҳои ин паймон дар Аврупо Кристофер Каволи номзадҳои нав ба узвият (Шветсия ва Финландия)-ро "плюси бузург ва тормози хурд" номид. Шояд вай имконият пайдо кунад, ки ин идеяро инкишоф диҳад.
Ҷолиб он аст, ки Каволи забони русиро медонад, дар амалиёти Пентагон дар Халиҷи Форс, Босния ва Афғонистон ширкат кардааст ва мавзуи рисолаи биологии ӯ дар Донишгоҳи Принстон "Таъсири кирмҳои заминӣ ба паҳншавии амудии қолабҳои лаҷан дар хок" аст. Ин таъйинот дар пасманзари ҳаводиси Украина сурат мегирад ва генерал Каволи аллакай ба мудохилаи низомии Амрико бар сари ғаллаи Украина иҷоза додааст.
Маркази стратегӣ ва амнияти ба номи Скоукрофт дар як нашрияи “Bloomberg” қайд кард, сарҳади Русия ва Финландия, ки 1300 километр тӯл мекашад, барои НАТО "вабои воқеӣ" аст. Таҳлилгарони амрикоӣ танҳо ду бартариятро мебинанд - "намоиши ҳамраъйӣ" ва "густариш бар хилофи мавқеъи Маскав".
Бо вуҷуди ин дар оянда пайкарбандии сарҳадҳои иттиҳод иғвоангез ва таҳдид ба амнияти Федератсияи Русия метавонад як "корди финӣ" ба пушти Аврупо шаваду боиси муноқишаи низомӣ гардад. Пентагон аллакай ба пойгоҳҳои нав дар Финландия, дар наздикии марзҳои Русия назар мекунад.
Русия аллакай вокуниш нишон медиҳад. Дар Ҳавзаи низомии ғарбӣ 12 қисми нави низомӣ ташкил карда мешаванд. Он аз ҳангҳои мушакӣ, бригадаҳои танкӣ ё лашкарҳои десантии ҳавоӣ иборат хоҳад буд ё аз ақсоми дигар, барои мо мушаххас нест.
Бо вуҷуди ин он як рақиби эҳтимолӣ кофӣ нахоҳад буд. Ва дар вазъияти фарзияи муноқишаи низомӣ бо Иёлоти Муттаҳида Русия маҷбур хоҳад шуд, ки ҳама пойгоҳҳо ва иншооти низомиро дар қаламрави кишварҳои ҳамсояи блоки душман ҳамчун авлавият безарар созад.
Даҳсолаҳои мусобиқаи мусаллаҳона ва нооромиҳои низомию сиёсӣ ҷазои ногузири кишварҳои Соҳили Балтика (аз ҷумла Финландия ва Шветсия) барои тавсеаи беэҳтиётонаи НАТО ба Шарқ ва Шимолу Шарқ, барои таҳдидҳои беасос ба Русия мебошад.
Имконияти ба таври дипломатӣ ҳал намудани проблемахои амнияти Аврупоро истисно карда, Иттифоқи Атлантикаи Шимолӣ Русияро маҷбур мекунад, ки бо тамоми воситаҳои дигари қонунӣ амал кунад. Дар идомаи ғояи Папа Франсиск дар бораи иғвоангезӣ - "НАТО дар наздикии марзҳои Русия аккос мезанад", метавон пешгӯӣ кард: агар "саг"-и газанда нагурезад, леҳ мешавад.
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар “Telegram” пайвандед.