Раҳмону Мирзиёев тугмаи оғози бунёди 2 нерӯгоҳ дар Тоҷикистонро зер карданд

© Пресс-служба президента УзбекистанаЭмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев во время церемонии старта совместной ГЭС
Эмомали Рахмон и Шавкат Мирзиёев во время церемонии старта совместной ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Обуна шудан
Роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз шаҳри Тошканд ба таври маҷозӣ ба сохтмони 2 нерӯгоҳ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон дар вилояти Суғд оғоз бахшиданд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Сохтмони 2 нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон, дар қаламрави Тоҷикистон оғоз шуд, хабар дод дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии ҶТ.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев, ба таври маҷозӣ бо пахши тугмаи рамзӣ барои оғози татбиқи лоиҳаи муштарак - сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон асос гузоштанд.

"Мутахассисони ҳар ду ҷониб барои бунёди нерӯгоҳҳо бо иқтидори умумии 320 МВт марҳилаҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа ва дигар корҳоро ба анҷом мерасонанд", - омадааст дар иттилоия.

Дар маросими маҷозии оғози сохтмон, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз толори Қасри Президенти Ӯзбекистон ва дар маҳали сохтмони неругоҳ – деҳаи Ёвони ноҳияи Айнӣ, роҳбарияту муҳандисони соҳаи энергетикаи ду кишвар иштирок карданд.
Оғози татбиқи асосноккунии техникӣ як қадами устувор дар роҳи таъмиқи ҳамкориҳои ду кишвар дар ин бахш арзёбӣ шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ин тарҳҳоро ба манфиати мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон хонда, ба бунёдкорони он муваффақият хостаанд.
Торжественная церемония встречи лидера Таджикистана Эмомали Рахмона в Узбекистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Истиқболи расмӣ аз президенти Тоҷикистон дар Қасри "Куксарой" - аксҳо
Ин дар ҳолест, ки моҳи июни соли гузашта зимни сафари Мирзиёев ба Душанбе созиш шуд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон барои таҳияи асоснокии техникию иқтисодӣ, сохтмон ва истифодаи ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон як ҷамъиятро таъсис диҳанд.
Таъкид шуд, ки дар ҷамъият 50% ҷамъи 1 саҳмия моли Тоҷикистон ва боқимонда аз Ӯзбекистон мебошад.
Қаблан Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон арзиши лоиҳавии ду нерӯгоҳи обӣ дар Тоҷикистонро ҳудуди 552 миллион доллар гуфта буд.
Лентаи хабарҳо
0