https://sputnik.tj/20220602/bunyod-nerugoh-mushtarak-dushanbe-toshkand-1048879468.html
Баҳси бунёди нерӯгоҳҳои муштарак миёни Душанбе ва Тошканд
Баҳси бунёди нерӯгоҳҳои муштарак миёни Душанбе ва Тошканд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомдорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди якҷоя бунёд кардани нерӯгоҳҳои барқӣ гуфтушунид доранд. Қаблан чунин ниятро роҳбарони ду давлат баён доштанд
2022-06-02T16:00+0500
2022-06-02T16:00+0500
2022-06-02T18:16+0500
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
музокирот
энергетика
гуфтушунид
ҳамкорӣ
нерӯгоҳ
сохтмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/09/1032786070_0:4:1920:1084_1920x0_80_0_0_5e0424137258135302e20bfdcd53e113.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Ҳамкорӣ дар бахши энержӣ ва об аз масоили меҳварии музокироти мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад. Дар ин бора Ҳукумати Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия хабар дода афзуд, ки дар назар аст, муштаракан нерӯгоҳҳои обӣ бунёд шаванд. Таъкид шудааст, ки ин масъала дар мулоқоти Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон бо ҳамтои ӯзбекаш Сардор Умурзоқов баррасӣ гардид. Ин дар ҳолест, ки сохтмони муштаракаи нерӯгоҳҳо дар дарёи Зарафшонро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ҳадаф гузошта буданд. Аз ҷумла моҳи июни соли гузашта зимни сафари Мирзиёев ба Душанбе созиш шуд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон барои таҳияи асоснокии техникию иқтисодӣ, сохтмон ва истифодаи ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон як ҷамъиятро таъсис диҳанд. Қаблан Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон арзиши лоиҳавии ду нерӯгоҳи обӣ дар Тоҷикистонро ҳудуди 552 миллион доллар гуфта буд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар назар аст, аввал нерӯгоҳи барқи обии Ёвон бо арзиши 282 миллион доллари амрикоӣ бо иқтидори 140 Мвт ва 700-800 миллион кВт/соат бунёд гардад. Дар марҳилаи баъдӣ сохтмони нерӯгоҳ дар Фондарё баррасӣ мешавад, ки арзиши лоиҳавии он 270 миллион доллар ва иқтидораш 135 МВТ-ро ташкил медиҳад.Ба иттилои манбаъ, маблағгузории сохтмони ду нерӯгоҳ аз ҳисоби пули қарзу грант ва саҳми ҷонибҳо дар хазинаи оинномавии нерӯгоҳҳои бунёдшаванда дар назар аст.
https://sputnik.tj/20220602/tojikiston-kharidor-barq-roghun-1048870372.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/09/1032786070_318:0:1763:1084_1920x0_80_0_0_f7d18002b2716fd05dca95b96b12fa3f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
азм, душанбе, тошканд, бунёд, нерӯгоҳ, муштарак
азм, душанбе, тошканд, бунёд, нерӯгоҳ, муштарак
Баҳси бунёди нерӯгоҳҳои муштарак миёни Душанбе ва Тошканд
16:00 02.06.2022 (Навсозишуда: 18:16 02.06.2022) Мақомдорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди якҷоя бунёд кардани нерӯгоҳҳои барқӣ гуфтушунид доранд. Қаблан чунин ниятро роҳбарони ду давлат баён карда буданд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Ҳамкорӣ дар бахши энержӣ ва об аз масоили меҳварии музокироти мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад.
Дар ин бора Ҳукумати Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия хабар дода афзуд, ки дар назар аст, муштаракан нерӯгоҳҳои обӣ бунёд шаванд. Таъкид шудааст, ки ин масъала дар мулоқоти Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон бо ҳамтои ӯзбекаш Сардор Умурзоқов баррасӣ гардид.
"Ба таври алоҳида масоили ҳамкорӣ дар бахши энержӣ ва захираҳои об, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштараки бунёди иқтидорҳои нави тавлиди нерӯ баррасӣ гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки сохтмони муштаракаи нерӯгоҳҳо дар дарёи Зарафшонро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ҳадаф гузошта буданд.
Аз ҷумла моҳи июни соли гузашта зимни сафари Мирзиёев ба Душанбе созиш шуд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон барои таҳияи асоснокии техникию иқтисодӣ, сохтмон ва истифодаи ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон як ҷамъиятро таъсис диҳанд.
Қаблан Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон арзиши лоиҳавии ду нерӯгоҳи обӣ дар Тоҷикистонро ҳудуди 552 миллион доллар гуфта буд.
Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар назар аст, аввал нерӯгоҳи барқи обии Ёвон бо арзиши 282 миллион доллари амрикоӣ бо иқтидори 140 Мвт ва 700-800 миллион кВт/соат бунёд гардад. Дар марҳилаи баъдӣ сохтмони нерӯгоҳ дар Фондарё баррасӣ мешавад, ки арзиши лоиҳавии он 270 миллион доллар ва иқтидораш 135 МВТ-ро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, маблағгузории сохтмони ду нерӯгоҳ аз ҳисоби пули қарзу грант ва саҳми ҷонибҳо дар хазинаи оинномавии нерӯгоҳҳои бунёдшаванда дар назар аст.