https://sputnik.tj/20220602/tojikiston-kharidor-barq-roghun-1048870372.html
Тоҷикистон харидори умедбахши нерӯи барқи "Роғун"-ро пайдо кард
Тоҷикистон харидори умедбахши нерӯи барқи "Роғун"-ро пайдо кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти ҳар ду давлат аллакай як ёддошт дар бораи интиқоли захираҳо имзо кардаанд. Ҳоло Тоҷикистон сари бунёду фаъолсозии ҳамаи чархаҳо кор мекунад 02.06.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-06-02T16:40+0500
2022-06-02T16:40+0500
2022-06-02T18:19+0500
дар тоҷикистон
нбо "роғун"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102982/52/1029825202_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_c8b840b41aa664caee6d83f43df5f46e.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Тоҷикистон содироти нерӯи барқ аз нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ба Ӯзбекистонро оғоз мекунад. Дар ин бора "Repost.uz" бо такя ба Вазорати энергетикаи кишвари ҳамсоя менависад. Дар ин бора намояндагони ҳар ду ҷумҳурӣ аллакай меморандуми дахлдор имзо кардаанд. Ҳоло Тоҷикистон сари бунёду роҳандозии ҳамаи чархаҳои НБО "Роғун" кор мекунад. Содироти нерӯи барқ шартан аз тобистон оғоз мешавад. Созишномаи ниҳоӣ оид ба таъминот, ҳаҷм ва тарифҳо то охири соли 2022 ба нақша гирифта шудааст. Созишнома метавонад барои 10 сол баста шавад. Ёдовар мешавем, ки НБО-и "Роғун" бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии кишвар аст. Он дар 110-километрии шарқи Душанбе ҷойгир буда, иқтидори лоиҳавии он 13,1 миллиард киловатт-соат дар як сол аст. Баландии пешбинишудаи сарбанд 330 метр, ҳаҷми обанбор 13,3 миллиард метри мукааб мебошад. Моҳи ноябри соли 2018 чархаи якуми неругоҳи барқи обии "Роғун" ва дуюмаш сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд. Дар авоили соли 2022 мақомоти Тоҷикистон эълом карда буданд, ки қасд доранд, дар нерӯгоҳи барқи обӣ 2,5 миллиард сомонӣ (ҳудуди 221 миллион доллар) сармоягузорӣ кунанд. Ин дар муқоиса бо соли 2021 тақрибан 10% афзоиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20220531/sohibkoron-tojik-uzbekiston-hamkori-1048823021.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102982/52/1029825202_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_259d3c772c15c4d068921814d58ff134.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нбо "роғун"
дар тоҷикистон, нбо "роғун"
Тоҷикистон харидори умедбахши нерӯи барқи "Роғун"-ро пайдо кард
16:40 02.06.2022 (Навсозишуда: 18:19 02.06.2022) Мақомоти ҳар ду давлат аллакай як ёддошт дар бораи интиқоли захираҳо имзо кардаанд. Ҳоло Тоҷикистон сари бунёду фаъолсозии ҳамаи чархаҳо кор мекунад
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Тоҷикистон содироти нерӯи барқ аз нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ба Ӯзбекистонро оғоз мекунад. Дар ин бора "Repost.uz" бо такя ба Вазорати энергетикаи кишвари ҳамсоя менависад.
Дар ин бора намояндагони ҳар ду ҷумҳурӣ аллакай меморандуми дахлдор имзо кардаанд.
Ҳоло Тоҷикистон сари бунёду роҳандозии ҳамаи чархаҳои НБО "Роғун" кор мекунад.
Содироти нерӯи барқ шартан аз тобистон оғоз мешавад. Созишномаи ниҳоӣ оид ба таъминот, ҳаҷм ва тарифҳо то охири соли 2022 ба нақша гирифта шудааст. Созишнома метавонад барои 10 сол баста шавад.
Ёдовар мешавем, ки НБО-и "Роғун" бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии кишвар аст. Он дар 110-километрии шарқи Душанбе ҷойгир буда, иқтидори лоиҳавии он 13,1 миллиард киловатт-соат дар як сол аст.
Баландии пешбинишудаи сарбанд 330 метр, ҳаҷми обанбор 13,3 миллиард метри мукааб мебошад.
Моҳи ноябри соли 2018 чархаи якуми неругоҳи барқи обии "Роғун" ва дуюмаш сентябри соли 2019 ба истифода дода шуд.
Дар авоили соли 2022 мақомоти Тоҷикистон эълом карда буданд, ки қасд доранд, дар нерӯгоҳи барқи обӣ 2,5 миллиард сомонӣ (ҳудуди 221 миллион доллар) сармоягузорӣ кунанд. Ин дар муқоиса бо соли 2021 тақрибан 10% афзоиш ёфтааст.