https://sputnik.tj/20220601/sohibkoron-roghun-78-inshoot-1048848323.html
Соҳибкорони шаҳри Роғун 78 бинои нав бунёд мекунанд
Соҳибкорони шаҳри Роғун 78 бинои нав бунёд мекунанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Роғун аз нисф зиёди сохтмони дар нақша бударо соҳибкорон месозанд. Ҳамагӣ дар ин минтақа бунёди 105 иншооти нав дар назар аст
2022-06-01T13:50+0500
2022-06-01T13:50+0500
2022-06-01T17:41+0500
роғун
дар тоҷикистон
иншоот
истиқлол
сохтмон
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031747852_0:56:3001:1744_1920x0_80_0_0_630d3ce573134f175afcf266a42979f3.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар шаҳри Роғун то 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон 105 бинои нав бунёд мешавад.Ҳамин тавр аз нисф зиёди ин сохтмонҳоро соҳибкорони маҳаллӣ месозанд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".Бино ба гузориши сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун Шоира Раҷабалиева, аз иншооти сохташаванда 8 адади он аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ сохта мешаванд. 19 адади дигар аз ҳисоби буҷаи маҳаллию сармояи хориҷӣ ва 78 бинои боқимонда аз ҷониби соҳибкорон сохта мешаванд. Дар ҳудуди шаҳри Роғун 284 соҳибкор фаъолият мекунад.Зимнан дар шаҳри Роғун иншооти зиёди ҷашнӣ, аз ҷумла дар кӯчаи 25-солагии истиқлолият 38 бино, дар шаҳраки Оби Гарм 14, дар ҷамоати деҳоти Қади Об 43 ва дар ҷамоати деҳоти Сичароғ 10 бино бунёд мегардад, ки дар умум 105 сохтмонро ташкил медиҳанд. Дар ин бора зимни вохӯрии масъулини шаҳри Роғун бо соҳибкорону фаъолон баён гардидааст.Дар мулоқот бо соҳибкорону фаъолон раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода гуфтааст, ки "ҳамкории соҳибкорон бо мақомоти шаҳри Роғун сол то сол қавӣ гардида, ин гувоҳи дастгирии сиёсати давлатӣ, рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои мардум мебошад. Мақомоти шаҳр интизор доранд, ки шаҳри Роғун ояндаи наздик бояд ба яке аз марказҳои фарҳангиву сайёҳӣ ва муаррифи маданияти баланди меҳмоннавозии тоҷикон табдил мегардад, зеро таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин мавзеъ торафт зиёд мешавад.НБО Роғунро кӣ "мебардорад": Тоҷикистон донори байналмилалӣ меҷӯядБо ин мақсад бо истифода аз обҳои шифобахш ва табиати зебои диёр ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосир барои рушду ривоҷи соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби масъулин мунтазам тадбирҳо андешида мешавад.
https://sputnik.tj/20220525/bozdid-rasulzoda-roghun-1048692232.html
роғун
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031747852_300:0:2699:1799_1920x0_80_0_0_feea3095a6b0dc58d6e0a1e603e8b8a0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шаҳри роғун, иншооти нав, тоҷикистон
шаҳри роғун, иншооти нав, тоҷикистон
Соҳибкорони шаҳри Роғун 78 бинои нав бунёд мекунанд
13:50 01.06.2022 (Навсозишуда: 17:41 01.06.2022) Дар шаҳри Роғун аз нисф зиёди сохтмони дар нақшабударо соҳибкорон месозанд. Ҳамагӣ дар ин минтақа бунёди 105 бинои нав дар назар аст
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар шаҳри Роғун то 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон 105 бинои нав бунёд мешавад.
Ҳамин тавр аз нисф зиёди ин сохтмонҳоро соҳибкорони маҳаллӣ месозанд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Бино ба гузориши сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун Шоира Раҷабалиева, аз иншооти сохташаванда 8 адади он аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ сохта мешаванд.
19 адади дигар аз ҳисоби буҷаи маҳаллию сармояи хориҷӣ ва 78 бинои боқимонда аз ҷониби соҳибкорон сохта мешаванд. Дар ҳудуди шаҳри Роғун 284 соҳибкор фаъолият мекунад.
Зимнан дар шаҳри Роғун иншооти зиёди ҷашнӣ, аз ҷумла дар кӯчаи 25-солагии истиқлолият 38 бино, дар шаҳраки Оби Гарм 14, дар ҷамоати деҳоти Қади Об 43 ва дар ҷамоати деҳоти Сичароғ 10 бино бунёд мегардад, ки дар умум 105 сохтмонро ташкил медиҳанд.
Дар ин бора зимни вохӯрии масъулини шаҳри Роғун бо соҳибкорону фаъолон баён гардидааст.
Дар мулоқот бо соҳибкорону фаъолон раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода гуфтааст, ки "ҳамкории соҳибкорон бо мақомоти шаҳри Роғун сол то сол қавӣ гардида, ин гувоҳи дастгирии сиёсати давлатӣ, рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои мардум мебошад.
Мақомоти шаҳр интизор доранд, ки шаҳри Роғун ояндаи наздик бояд ба яке аз марказҳои фарҳангиву сайёҳӣ ва муаррифи маданияти баланди меҳмоннавозии тоҷикон табдил мегардад, зеро таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин мавзеъ торафт зиёд мешавад.
Бо ин мақсад бо истифода аз обҳои шифобахш ва табиати зебои диёр ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосир барои рушду ривоҷи соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби масъулин мунтазам тадбирҳо андешида мешавад.