Боздиди Қоҳир Расулзода аз сохтмони "Роғун": шароити кор чӣ гуна аст?

Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Обуна шудан
Сарвазири Тоҷикистон бо рафти сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ошно шуд: шароити кор чӣ гуна асту чӣ корҳое то кунун анҷом шудаанд
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ошно шуда, ба вусъати корҳои сохтмонӣ таъкид кардааст.
Расулзода нахуст аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ аз нақби сохтмонии қабати чорум ва нақбҳои дастрасии он боздид кардааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Гуфта мешавад, ки дар ин мавзеъ корҳои нақбканӣ, мустаҳкамкунии муваққатӣ, хобонидани бетони конструктивӣ, сементатсионӣ ва васлу насби оҳану филизот дар қисмати камераи дарвозаҳои садамавӣ ва асосӣ идома доранд.
Ҳамчунин дар баромадгоҳи нақби сохтмонии қабати сеюм корҳои заминӣ, мустаҳкамкунии канораҳои кӯҳ, гузоштани анкерҳои ПНА, АЖГ, пошидани маҳлулҳои бетонӣ, дар нақбҳои нақлиётии Т-23, Т-39, Т-39А корҳои нақбканӣ ва хобонидани бетони конструктивӣ, корҳои ҳаффории нақбҳои дастрасии сементатсионӣ ва нақби сементатсионии соҳили рост ҷараён доранд.
Плотина на Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.02.2022
Маълум шуд, барои сохтмони "Роғун" дар соли 2022 чӣ миқдор маблағ ихтисос меёбад
Дар ҳама қитъаҳои сохтмонӣ коргарону мутахассисони соҳибтаҷриба бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ ва масъулиятшиносӣ бо истифода аз муосиртарин нақлиёту механизми соҳавӣ корро ба таври шабонарӯзӣ идома дода истодаанд.
Гуфта мешавад, ки зимни бунёди иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуда, масолеҳи сохтмонӣ қабл аз истифода санҷида мешавад.

Шароити кор ва ҷаласаи Расулзода

Хабар дода мешавад, ки барои сохтмончиёну дигар коргарони муҳандисиву техникии ин нерӯгоҳи азим шароити мукаммали корӣ муҳайё аст ва ин омили асосии марҳила ба марҳила ва дар муҳлатҳои муайян ба анҷом расонидани корҳо гардидааст.
Ҳамчунин дар чорчӯби ин боздид таҳти раёсати Қоҳир Расулзода ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" доир гаштааст.
НБО Роғунро кӣ "мебардорад": Тоҷикистон донори байналмилалӣ меҷӯяд
Дар кори ҷаласа оид ба натиҷаҳои то ин дам ба дастомада мушкилот ва роҳҳои ҳали он андешаронӣ шудааст.
Расулзода таъкид кардааст, ки ҷараёни корҳои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" таҳти таваҷҷуҳи бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар муҳлатҳои муайян бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани иншоот пешрафти иқтисоди миллиро таъмин месозад ва ба баланд гаштани сатҳи некӯаҳволии мардум замина мегузорад.
Лентаи хабарҳо
0