Қурби рубл дар Тоҷикистон каме поин рафт

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Обуна шудан
Қурби рубли Русия дар Тоҷикистон гарчанде нисбати нишондоди як рӯзи пеш каме поин рафтааст, дар қиёс бо нишондоди ҳафтаҳои гузашта ҳанӯз баландтар мебошад
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъорро дар кишвар муайян кардааст, ки бар асоси он, арзиши рубл каме поин рафта, доллар бетағйир мондааст.
Ба иттилои БМТ, қурби расмии 1 ҳазор рубли Русия муодили 175 сомонӣ шудааст, ки нисбати нишондоди рӯзи гузашта 2 сомонӣ камтар мебошад.
Арзиши расмии доллари ИМА бетағйир, дар сатҳи 11.4 сомонӣ боқӣ монда, 1 евро ба 12.2151 сомонӣ баробар шудааст.
Бонкҳои тиҷории кишвар низ арзиши рублро зимни додугирифти пули нақд муайян намудаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 165 сомонӣ ва зимни фурӯш 180 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
ЦБ сделал заявление на введение санкций - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Бонки марказӣ ҳанӯз маҳдудияти хариди асъорро бекор намекунад
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 160 ва дар фурӯш 175 сомонӣ аст. Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 175 ва дар фурӯш 177 сомонӣ муайян намудааст.
Аввалин бонки молиявии хурди Тоҷикистон ҳазор рублро зимни харид 171 сомонӣ ва зимни фурӯш 177 сомонӣ нарх муқаррар кардааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 170 сомонӣ мехараду ба ивази 179 сомонӣ мефурӯшад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0