https://sputnik.tj/20220531/bozdosht-zaminsoz-khatlon-1048827111.html
Боздошти як заминсоз дар Хатлон: барои таҳияи шиносномаи замин 9 000 сомонӣ талаб кард
Боздошти як заминсоз дар Хатлон: барои таҳияи шиносномаи замин 9 000 сомонӣ талаб кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот дар вилояти Хатлон боз як корманди Кумитаи заминро дастгир кардаанд, ки ба истифода аз мақоми хидматияш муттаҳам мешавад. Ӯро ҷаримаи ҳангуфт ва ё аз 2 то 5 соли зиндон интизор аст
2022-05-31T15:30+0500
2022-05-31T15:30+0500
2022-05-31T20:13+0500
дар тоҷикистон
оҷонсии зидди фасод
абдураҳмони ҷомӣ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102470/19/1024701978_0:0:5184:2916_1920x0_80_0_0_143d2cd1e66172c535ac985e9fd28375.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон сармутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Абдураҳмон Ҷомиро боздошт кардааст.Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда дар давраи фаъолияташ бо сӯистифода аз мақоми хидматияш даст ба қаллобӣ задааст.Гуфта мешавад, дастгиршуда бо мақсади тасарруф кардани молу мулки ғайр ва сӯистифодаи боварӣ дар хусуси ҷудо кардани 0,06 га қитъа замини наздиҳавлигӣ аз ҳисоби заминҳои ҳудуди ноҳияи мазкур аз шаҳрванд "А" 9000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.Дар робита ба ин ҳолат нисбати сармутахассиси Кумитаи замин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо моддаҳои 247, қисми 2, бандҳои "в", "г" ва 3381, қисми 2, банди "в", Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.Бояд гуфт, дар сурати тасдиқи ин иттиҳомот ба боздоштшуда ҷарима ба андозаи аз 23 то 58 ҳазор сомонӣ ва ё аз 2 то панҷ соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян таҳдид мекунад.Назари худи муттаҳам ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълум нест.
https://sputnik.tj/20220517/bozdosht-zamin-ojonsi-qallobi-1048504809.html
абдураҳмони ҷомӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102470/19/1024701978_0:0:4608:3456_1920x0_80_0_0_38d4205fa73bbbbeca8bd7510f1a6af7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатлон заминсоз боздошт оҷонсии зидди фасод
хатлон заминсоз боздошт оҷонсии зидди фасод
Боздошти як заминсоз дар Хатлон: барои таҳияи шиносномаи замин 9 000 сомонӣ талаб кард
15:30 31.05.2022 (Навсозишуда: 20:13 31.05.2022) Мақомот дар вилояти Хатлон боз як корманди Кумитаи заминро дастгир кардаанд, ки ба истифода аз мақоми хидматияш муттаҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон сармутахассиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Абдураҳмон Ҷомиро боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда дар давраи фаъолияташ бо сӯистифода аз мақоми хидматияш даст ба қаллобӣ задааст.
Гуфта мешавад, дастгиршуда бо мақсади тасарруф кардани молу мулки ғайр ва сӯистифодаи боварӣ дар хусуси ҷудо кардани 0,06 га қитъа замини наздиҳавлигӣ аз ҳисоби заминҳои ҳудуди ноҳияи мазкур аз шаҳрванд "А" 9000 сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Дар робита ба ин ҳолат нисбати сармутахассиси Кумитаи замин дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо моддаҳои 247, қисми 2, бандҳои "в", "г" ва 3381, қисми 2, банди "в", Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Бояд гуфт, дар сурати тасдиқи ин иттиҳомот ба боздоштшуда ҷарима ба андозаи аз 23 то 58 ҳазор сомонӣ ва ё аз 2 то панҷ соли зиндон бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян таҳдид мекунад.
Назари худи муттаҳам ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълум нест.