https://sputnik.tj/20220517/bozdosht-zamin-ojonsi-qallobi-1048504809.html
Боздошти як корманди Кумитаи замин: Оҷонсӣ гуфт, ки ӯ чӣ кор кард
Боздошти як корманди Кумитаи замин: Оҷонсӣ гуфт, ки ӯ чӣ кор кард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот дар шимоли Тоҷикистон боз як корманди Кумитаи заминро дастгир кардаанд, ки дар бо истифода аз мақоми хидматияш муттаҳам мешавад
2022-05-17T13:20+0500
2022-05-17T13:20+0500
2022-05-17T14:24+0500
дар тоҷикистон
оҷонсии зидди фасод
боздошт
заминфурӯшӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_036d1b44fc3090273a4de57add31c159.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон котиби Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуровро боздошт кардааст.Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда дар давраи фаъолияташ бо сӯистифода аз мақоми хидматӣ даст ба қаллобӣ задааст.Гуфта мешавад, дастгиршуда бо мақсади тасарруф кардани молу мулки ғайр ва сӯистифодаи боварӣ дар хусуси мусоидат намудан ҷиҳати омода кардани санади интихоби қитъаи замин барои сохтмони маркази хизматрасонӣ ва минбаъд ҷудо карда додани он аз шаҳрванд “А” дар се ҳолат маблағи 12700 сомониро талаб карда гирифтааст.Оиди ин ҳолат нисбати Маҷидов Ҳасан Достиевич бо моддаи 247 қисми 3, банди “а”, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати боздоштшуда бо моддаи 247, қисми 3, банди "а", Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом ба боздоштшудаҳо ҷарима ба андозаи аз 54 то 67 ҳазор сомонӣ ва ё аз панҷ то ҳашт соли зиндон бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.Назари худи муттаҳам ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълум нест.Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод ахиран бо иттиҳоми қаллобӣ раҳбари Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Аштро боздошт карда буд.Оҷосӣ гуфт, боздоштшуда барои ғайриқонунӣ додани замин аз як шаҳрванд 10 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.
https://sputnik.tj/20220228/bozdosht-rais-jamoat-ojonsi-zaminfurushi-1046323979.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102443/18/1024431806_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_40153fc7b0df186129e02b031e9e6365.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
боздошти як корманди кумитаи замин: оҷонсӣ гуфт, ӯ чӣ қадар пул гирифт
боздошти як корманди кумитаи замин: оҷонсӣ гуфт, ӯ чӣ қадар пул гирифт
Боздошти як корманди Кумитаи замин: Оҷонсӣ гуфт, ки ӯ чӣ кор кард
13:20 17.05.2022 (Навсозишуда: 14:24 17.05.2022) Мақомот дар шимоли Тоҷикистон боз як корманди Кумитаи заминро дастгир кардаанд, ки ба истифода аз мақоми хидматияш муттаҳам мешавад
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон котиби Кумитаи идораи замини ноҳияи Б.Ғафуровро боздошт кардааст.
Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда дар давраи фаъолияташ бо сӯистифода аз мақоми хидматӣ даст ба қаллобӣ задааст.
Гуфта мешавад, дастгиршуда бо мақсади тасарруф кардани молу мулки ғайр ва сӯистифодаи боварӣ дар хусуси мусоидат намудан ҷиҳати омода кардани санади интихоби қитъаи замин барои сохтмони маркази хизматрасонӣ ва минбаъд ҷудо карда додани он аз шаҳрванд “А” дар се ҳолат маблағи 12700 сомониро талаб карда гирифтааст.
Оиди ин ҳолат нисбати Маҷидов Ҳасан Достиевич бо моддаи 247 қисми 3, банди “а”, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати боздоштшуда бо моддаи 247, қисми 3, банди "а", Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар сурати тасдиқи ин иттиҳом ба боздоштшудаҳо ҷарима ба андозаи аз 54 то 67 ҳазор сомонӣ ва ё аз панҷ то ҳашт соли зиндон бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.
Назари худи муттаҳам ё ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия феълан маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки ин ниҳод ахиран бо иттиҳоми қаллобӣ раҳбари Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Аштро боздошт карда буд.
Оҷосӣ гуфт, боздоштшуда барои ғайриқонунӣ додани замин аз як шаҳрванд 10 ҳазор сомонӣ талаб кардааст.