https://sputnik.tj/20220529/vurud-tojikon-sverdlovsk-1048777336.html
Вуруди рекордии тоҷикон ба Свердловск
Вуруди рекордии тоҷикон ба Свердловск
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи мақомоти корҳои дохилии Свердловск 3 кишвари пешсафи Осиёи Марказиро ном бурд, ки муҳоҷирон аз онҷо барои кор ба шаҳрҳои ин минтақа меоянд
2022-05-29T11:00+0500
2022-05-29T11:00+0500
2022-05-30T13:15+0500
дар русия
муҳоҷират
тоҷикон
ӯзбекон
қирғизҳо
свердловск
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043776236_0:0:3200:1801_1920x0_80_0_0_cab6a0639d19eb4ceba4da9d1d7f0d46.jpg
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Аз аввали соли 2022 беш аз 83,7 ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вилояти Свердловск ворид шудаанд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 баробар бештар аст.Ба иттилои сухангӯи идораи пулиси вилоят, Валерий Горелих, дар ҷои аввал аз рӯи шумора шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки ба 40,7 ҳазор ва ё 48,6% баробар мебошанд. Аз Ӯзбекистон 25,4 ҳазор нафар ва ё 30,3% ва аз Қирғизистон - 8,6 ҳазор ё 10,3% ба қаламрави вилоят омадаанд. Дар маҷмуъ шумораи муҳоҷирон дар Свердловск ҳудуди 126 ҳазор арзёбӣ шудааст. Бештари муҳоҷирон дар вилояти Свердловск кору иқомат дар шаҳрҳои Екатеринбург, Сисерт ва Березовскро интихоб мекунанд. Маврид ба зикр аст, ки аз Тоҷикистон ҳамасола садҳо ҳазор нафар барои дарёфти қути лоямут ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯй меоранд. Русия ҳамоно қабулкунандаи асосии муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мебошад. Чор далели асосӣ мавҷуд аст, ки тоҷикистониён барои муҳоҷирати меҳнатӣ бештар Русияро интихоб мекунанд, изҳор дошт ахиран Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ."Сабаби интихоби ин кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ пайванди таърихӣ доштани кишварҳо, донистани забон, фарҳанг, расму оин ва сатҳи талаботи бозори меҳнати ин кишвар мебошад", - афзуд ӯ.Аз шумораи умумии муҳоҷирон дар соли 2021 ҳудуди 94% дар Русия, 2,1% дар Қазоқистон, 0,6% дар Украина, 2% дигар дар кишварҳои ИДМ ва 1% дар кишварҳои хориҷи дур фаъолияти муваққатии меҳнатӣ доранд, изҳор дошт Каримзода.
https://sputnik.tj/20220527/sipos-tavsif-voli-maskav-muhojiron-1048750561.html
свердловск
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043776236_261:0:2992:2048_1920x0_80_0_0_078f147957e8d624831807142ed8988c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афзоиш, дубаробарӣ, муҳоҷирон, свердловск
афзоиш, дубаробарӣ, муҳоҷирон, свердловск
Вуруди рекордии тоҷикон ба Свердловск
11:00 29.05.2022 (Навсозишуда: 13:15 30.05.2022) Намояндаи мақомоти корҳои дохилии Свердловск 3 кишвари пешсафи Осиёи Марказиро ном бурд, ки муҳоҷирон аз он ҷо барои кор ба шаҳрҳои ин минтақа меоянд
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Аз аввали соли 2022 беш аз 83,7 ҳазор шаҳрванди кишварҳои Осиёи Марказӣ ба вилояти Свердловск ворид шудаанд. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 баробар бештар аст.
Ба иттилои сухангӯи идораи пулиси вилоят, Валерий Горелих, дар ҷои аввал аз рӯи шумора шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки ба 40,7 ҳазор ва ё 48,6% баробар мебошанд.
Аз Ӯзбекистон 25,4 ҳазор нафар ва ё 30,3% ва аз Қирғизистон - 8,6 ҳазор ё 10,3% ба қаламрави вилоят омадаанд. Дар маҷмуъ шумораи муҳоҷирон дар Свердловск ҳудуди 126 ҳазор арзёбӣ шудааст.
Бештари муҳоҷирон дар вилояти Свердловск кору иқомат дар шаҳрҳои Екатеринбург, Сисерт ва Березовскро интихоб мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки аз Тоҷикистон ҳамасола садҳо ҳазор нафар барои дарёфти қути лоямут ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯй меоранд. Русия ҳамоно қабулкунандаи асосии муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мебошад.
Чор далели асосӣ мавҷуд аст, ки тоҷикистониён барои муҳоҷирати меҳнатӣ бештар Русияро интихоб мекунанд, изҳор дошт ахиран Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ.
"Сабаби интихоби ин кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ пайванди таърихӣ доштани кишварҳо, донистани забон, фарҳанг, расму оин ва сатҳи талаботи бозори меҳнати ин кишвар мебошад", - афзуд ӯ.
Аз шумораи умумии муҳоҷирон дар соли 2021 ҳудуди 94% дар Русия, 2,1% дар Қазоқистон, 0,6% дар Украина, 2% дигар дар кишварҳои ИДМ ва 1% дар кишварҳои хориҷи дур фаъолияти муваққатии меҳнатӣ доранд, изҳор дошт Каримзода.