https://sputnik.tj/20220527/sipos-tavsif-voli-maskav-muhojiron-1048750561.html
Сипос: тавсифи волии Маскав аз кори муҳоҷирони меҳнатӣ
Сипос: тавсифи волии Маскав аз кори муҳоҷирони меҳнатӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ҳозир 14 ҳазор нафар хориҷиён дар сохтмонҳои вилояти Москва кор мекунанд, ки аз 50 то 100 ҳазор рубл маош доранд. Нисфашон зодагони Осиёи Миёна мебошанд
2022-05-27T16:20+0500
2022-05-27T16:20+0500
2022-05-27T18:53+0500
дар русия
муҳоҷират
маскав
сохтмон
бозор
талабот
муҳоҷир
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0a/1048333557_0:114:3237:1935_1920x0_80_0_0_6350d2864aee75cf692c17c80cb0dfdc.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Вилояти Маскав ният надорад, ки аз кори муҳоҷирон дар сохтмонҳо даст кашад, изҳор дошт волӣ Андрей Воробёв дар суҳбат бо РБК. Ӯ қайд кард, ки дар вилояти Маскав бозори калони фурӯши манзил мавчуд буда, сохтмони биноҳои ҷадид давом дорад. Аз ҷумла зикр шуд, ки феълан дар қаламрави вилоят 730 бинои истиқоматӣ сохта шуда истодаанд. Ба иттилои Воробёв, дар сохтмонҳо зиёда аз 30 ҳазор нафар кор мекунанд, ки 14 ҳазор нафарашон муҳоҷир мебошанд. Нисфи онҳо зодагони Осиёи Миёна ҳастанд, гуфт Воробёв.Вай зикр намуд, ки дар сохтмони биноҳо роҳбарон, прорабҳо ва коргарони қаторӣ фаъолият мекунанд, ки вобаста ба тахассус аз 60 то 100 ҳазор рубл дар моҳ маош мегиранд. Маврид ба зикр аст, ки қаблан бархе аз минтақаҳои Русия аз кори муҳоҷирон дар бахшҳои алоҳида даст кашиданд. Аз ҷумла Перм, Ханти-Мансийск, Хабаровск, Приморе, Калуга ва Тюмен дар ин феҳрастанд. Феълан кишвари қабулкунандаи асосии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон Русия мебошад.Чор далели асосӣ мавҷуд аст, ки тоҷикистониён барои муҳоҷирати меҳнатӣ бештар Русияро интихоб мекунанд, изҳор дошт ахиран Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ."Сабаби интихоби ин кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ пайванди таърихӣ доштани кишварҳо, донистани забон, фарҳанг, расму оин ва сатҳи талаботи бозори меҳнати ин кишвар мебошад", - афзуд ӯ.Аз шумораи умумии муҳоҷирон 94% дар Русия, 2,1% дар Қазоқистон, 0,6% дар Украина, 2% дигар дар кишварҳои ИДМ ва 1% дар кишварҳои хориҷи дур фаъолияти муваққатии меҳнатӣ доранд, изҳор дошт Каримзода.
https://sputnik.tj/20220524/korshinos-rusiya-muhojiron-tojik-niyoz-1048687639.html
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/0a/1048333557_253:0:2984:2048_1920x0_80_0_0_eb52b4204f6190878db3d708da274cd0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тавсиф, волӣ, маскав, муҳоҷирон, меҳнатӣ
тавсиф, волӣ, маскав, муҳоҷирон, меҳнатӣ
Сипос: тавсифи волии Маскав аз кори муҳоҷирони меҳнатӣ
16:20 27.05.2022 (Навсозишуда: 18:53 27.05.2022) Ҳозир 14 ҳазор нафар аз хориҷиён дар сохтмонҳои вилояти Маскав кор мекунанд. Нисфи онҳо зодагони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мебошанд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Вилояти Маскав ният надорад, ки аз кори муҳоҷирон дар сохтмонҳо даст кашад, изҳор дошт волӣ Андрей Воробёв дар суҳбат бо РБК.
Ӯ қайд кард, ки дар вилояти Маскав бозори калони фурӯши манзил мавчуд буда, сохтмони биноҳои ҷадид давом дорад. Аз ҷумла зикр шуд, ки феълан дар қаламрави вилоят 730 бинои истиқоматӣ сохта шуда истодаанд.
Ба иттилои Воробёв, дар сохтмонҳо зиёда аз 30 ҳазор нафар кор мекунанд, ки 14 ҳазор нафарашон муҳоҷир мебошанд. Нисфи онҳо зодагони Осиёи Миёна ҳастанд, гуфт Воробёв.
"Метавон аз онҳо даст кашид - раванди иваз кардани онҳо давом дорад. Аммо талабот ба кори онҳо вуҷуд дораду онҳо аз рӯи виҷдон фаъолият мекунанд, ташаккур ба онҳо", - таъкид намуд волии Маскав.
Вай зикр намуд, ки дар сохтмони биноҳо роҳбарон, прорабҳо ва коргарони қаторӣ фаъолият мекунанд, ки вобаста ба тахассус аз 60 то 100 ҳазор рубл дар моҳ маош мегиранд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан бархе аз минтақаҳои Русия аз кори муҳоҷирон дар бахшҳои алоҳида даст кашиданд. Аз ҷумла Перм, Ханти-Мансийск, Хабаровск, Приморе, Калуга ва Тюмен дар ин феҳрастанд.
Феълан кишвари қабулкунандаи асосии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон Русия мебошад.
Чор далели асосӣ мавҷуд аст, ки тоҷикистониён барои муҳоҷирати меҳнатӣ бештар Русияро интихоб мекунанд, изҳор дошт ахиран Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ.
"Сабаби интихоби ин кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ пайванди таърихӣ доштани кишварҳо, донистани забон, фарҳанг, расму оин ва сатҳи талаботи бозори меҳнати ин кишвар мебошад", - афзуд ӯ.
Аз шумораи умумии муҳоҷирон 94% дар Русия, 2,1% дар Қазоқистон, 0,6% дар Украина, 2% дигар дар кишварҳои ИДМ ва 1% дар кишварҳои хориҷи дур фаъолияти муваққатии меҳнатӣ доранд, изҳор дошт Каримзода.