Патрушев: ИМА бояд дар эҳёи Афғонистон кумак кунад

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСекретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Обуна шудан
Раиси Шӯрои амнияти Русия дар ҷараёни сафараш ба Тоҷикистон гуфт, Амрико бояд бори гарони харҷи бозсозии Афғонистонро бар дӯш гирад
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия дар ҷараёни даври чаҳоруми машваратҳои бисёрҷониба оид ба мушкили Афғонистон гуфт, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш ба Афғонистон хисороти аз ҳама бештар расонидаанд.
Ба гуфтаи Патрушев, маҳз ҳамин давлатҳо бояд бори гарони харҷи бозсозии Афғонистонро бар дӯш гиранд.
"Мо итминон дорем, баъд аз ҳама корҳое, ки Ғарб дар хоки Афғонистон анҷом дод, вай ҳақ надорад, ки бозиҳои геополитикии худро дар он ҷо идома диҳад", - афзуд дабири Шӯрои амнияти Русия.
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Патрушев бо раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон мулоқот кард
Илова бар ин Патрушев ба озод кардани дороиҳои Афғонистон, ки аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида ғайриқонунӣ баста шудаанд, ба манзури рушди тарҳҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар Афғонистон даъват кард.
Ёдовар мешавем, Николай Патрушев рӯзи 27 май барои ширкат дар даври чаҳоруми машваратҳо оид ба мушкили Афғонистон вориди Душанбе шуд.
Дар нишасти мушовирони амнияти миллӣ ва дабирони шӯроҳои амниятии Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон чолишҳо ва таҳдидҳо аз қаламрави Афғонистон матраҳ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0