https://sputnik.tj/20220527/patrushev-vorid-dushanbe-1048743731.html
Патрушев бо раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон мулоқот кард
Патрушев бо раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон мулоқот кард
Sputnik Тоҷикистон
Дабири Шӯрои амнияти Русия дар нишасти котибони Шӯрои амният дар пойтахти Тоҷикистон вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунад
2022-05-27T11:48+0500
2022-05-27T11:48+0500
2022-05-27T13:31+0500
николай патрушев
душанбе
нишаст
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/11/1043593499_0:288:2150:1497_1920x0_80_0_0_cf5357bd43ec259c9711f265c0f3e356.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев барои ширкат дар даври чаҳоруми машваратҳо оид ба мушкили Афғонистон вориди Душанбе шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ситоди Шӯрои амнияти Русия. Машваратҳои бисёрҷонибаи котибони Шӯрои амният ба масъалаҳои таъмини амният дар сарҳад бахшида мешавад, ки он 27 май баргузор мешавад. Қарор аст, дар мулоқот масоили марбут ба рушди авзоъ дар Афғонистон, ҳамчунин чолишҳо ва таҳдидҳо ба кишварҳои минтақа, ки аз ин қаламрав сар мезанад, баррасӣ шавад. Мушовирони амнияти миллӣ ва котибони шӯроҳои амниятии Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вориди Душанбе шудаанд.Маълум аст, ки Патрушев ҳамчунин як қатор мулоқотҳои дуҷониба баргузор менамояд. То кунун ӯ бо ҳамтои худ аз Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дидору гуфтушунид кардааст. Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами амният табодули афкор намуда, динамикаи рушди муносибатҳои Русияву Тоҷикистонро қайд намуда, ҳавасмандии худро ба таҳкими муносибатҳои иттифоқӣ тасдиқ намуданд. Патрушев инчунин бо мушовири амнияти миллии сарвазири Ҳиндустон Ажит Довал гуфтушунид кард.
https://sputnik.tj/20220523/rahmon-dabir-shsh-muloqot-1048654334.html
душанбе
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/11/1043593499_330:220:2150:1585_1920x0_80_0_0_d25721a62ae8e2515c8e052b027f3fe1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
патрушев душанбе афғонистон
патрушев душанбе афғонистон
Патрушев бо раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон мулоқот кард
11:48 27.05.2022 (Навсозишуда: 13:31 27.05.2022) Дабири Шӯрои амнияти Русия дар нишасти котибони Шӯрои амният дар пойтахти Тоҷикистон вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев барои ширкат дар даври чаҳоруми машваратҳо оид ба мушкили Афғонистон вориди Душанбе шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ситоди Шӯрои амнияти Русия.
Машваратҳои бисёрҷонибаи котибони Шӯрои амният ба масъалаҳои таъмини амният дар сарҳад бахшида мешавад, ки он 27 май баргузор мешавад.
Қарор аст, дар мулоқот масоили марбут ба рушди авзоъ дар Афғонистон, ҳамчунин чолишҳо ва таҳдидҳо ба кишварҳои минтақа, ки аз ин қаламрав сар мезанад, баррасӣ шавад.
Мушовирони амнияти миллӣ ва котибони шӯроҳои амниятии Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вориди Душанбе шудаанд.
Маълум аст, ки Патрушев ҳамчунин як қатор мулоқотҳои дуҷониба баргузор менамояд.
То кунун ӯ бо ҳамтои худ аз Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дидору гуфтушунид кардааст.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами амният табодули афкор намуда, динамикаи рушди муносибатҳои Русияву Тоҷикистонро қайд намуда, ҳавасмандии худро ба таҳкими муносибатҳои иттифоқӣ тасдиқ намуданд.
Патрушев инчунин бо мушовири амнияти миллии сарвазири Ҳиндустон Ажит Довал гуфтушунид кард.