https://sputnik.tj/20220527/mahdudiyat-sjb-obchakoni-hamduna-1048752526.html
Маҳдудияти сафар ҷорӣ накунед: тавсияи СҶБ дар робита ба хуруҷи обчакони ҳамдуна
Маҳдудияти сафар ҷорӣ накунед: тавсияи СҶБ дар робита ба хуруҷи обчакони ҳамдуна
Sputnik Тоҷикистон
Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба кишварҳо тавсия намедиҳад, ки ба далели хуруҷи бемории нав - обчакони маймун дар рафту омад маҳдудият ҷорӣ кунанд
2022-05-27T17:40+0500
2022-05-27T17:40+0500
2022-05-27T19:07+0500
маҳдудият
сҷб
тандурустӣ
тавсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044671670_0:0:3158:1776_1920x0_80_0_0_f8d9aa12263751a47bfbdd1587de79c5.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) тавсия намедиҳад, ки бинобар хуруҷи обчакони ҳамдуна барои сафар ба кишварҳое, ки ин беморӣ сабт нашудааст, маҳдудият ҷорӣ кунанд.Дар ин бора Силви Брианд, директори омодагии глобалии СҶБ барои пешгирии сироятҳои вазнин гуфт.Вай афзуд, ки кишварҳо бояд ба паҳншавии обчакони ҳамдуна вокунишҳои оқилона ва мувофиқро татбиқ кунанд ва пеш аз ҳама сухан дар бораи ҷустуҷӯи тамос бо шахсони сироятшуда ва инчунин ҷудокунии онҳо меравад.Бемории обчакони ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад.Ин беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо онро бо мушкилӣ паси сар мекунанд.Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад.СҶБ: Cурхакони маймун миёни одамон дар авҷ астСҶБ то кунун 131 ҳолати бемории обчакони ҳамдунаро дар лабораторияҳо тасдиқ кардааст.Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.
https://sputnik.tj/20220524/tojikiston-yagon-obchakon-handuma-1048678421.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044671670_427:0:3158:2048_1920x0_80_0_0_fc46cc1c7af6cce754c342198982f0ee.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сҷб, обчакони ҳамдуна, маҳдудият,
сҷб, обчакони ҳамдуна, маҳдудият,
Маҳдудияти сафар ҷорӣ накунед: тавсияи СҶБ дар робита ба хуруҷи обчакони ҳамдуна
17:40 27.05.2022 (Навсозишуда: 19:07 27.05.2022) Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба кишварҳо тавсия намедиҳад, ки ба далели хуруҷи бемории нав - обчакони ҳамдуна дар рафтуомад маҳдудият ҷорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (СҶБ) тавсия намедиҳад, ки бинобар хуруҷи обчакони ҳамдуна барои сафар ба кишварҳое, ки ин беморӣ сабт нашудааст, маҳдудият ҷорӣ кунанд.
Дар ин бора Силви Брианд, директори омодагии глобалии СҶБ барои пешгирии сироятҳои вазнин гуфт.
"Мо ҳеҷ гуна маҳдудияти сафарро тавсия намедиҳем", - гуфт Бранд дар брифинги рӯзи ҷумъа.
Вай афзуд, ки кишварҳо бояд ба паҳншавии обчакони ҳамдуна вокунишҳои оқилона ва мувофиқро татбиқ кунанд ва пеш аз ҳама сухан дар бораи ҷустуҷӯи тамос бо шахсони сироятшуда ва инчунин ҷудокунии онҳо меравад.
Бемории обчакони ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад.
Ин беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо онро бо мушкилӣ паси сар мекунанд.
Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад.
СҶБ то кунун 131 ҳолати бемории обчакони ҳамдунаро дар лабораторияҳо тасдиқ кардааст.
Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.