https://sputnik.tj/20220524/tojikiston-yagon-obchakon-handuma-1048678421.html
Обчакони ҳамдуна ба Тоҷикистон ҳам расид? Посухи Вазорати тандурустӣ
Обчакони ҳамдуна ба Тоҷикистон ҳам расид? Посухи Вазорати тандурустӣ
Sputnik Тоҷикистон
Сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳудуди кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба сирояти нав сабт нашудааст
2022-05-24T17:30+0500
2022-05-24T17:30+0500
2022-05-24T19:55+0500
тандурустӣ
вазорати тандурустӣ
дар тоҷикистон
вируси нав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103133/77/1031337710_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_928176667d5db3bf0cbafb1ea798388f.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба вируси нав - обчакони ҳамдуна ба қайд гирифта нашудааст.Дар ин бора сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.Ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, ин беморӣ нав набуда, онро бо забони тоҷикӣ обчакони ҳамдуна меноманд.Ҳодисаҳои гирифтории одамон ба ин бемории нав дар чанд кишвар, аз ҷумла дар Бритониёи Кабир, Шветсия, Итолиё, Фаронса, Австралия, Канада, Олмон, Нидерландия, Швейтсария ва Испания ба қайд гирифта шудаанд ва аксари ин кишварҳо чораҳои амниятиро дар ин росто ҷорӣ кардаанд.Мақомоти Тоҷикистон дар ин росто вобаста ба вазъи эпидемиологӣ амал хоҳанд кард.Дар бораи ҷорӣ намудани низоми ниқобпӯшӣ низ ин мақомдори тоҷик гуфт, вобаста ба вазъият амал хоҳанд кард.Бемории обчакони ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад.Беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо метавонанд онро бо мушкилӣ паси сар кунанд.Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад.СҶБ: Cурхакони маймун миёни одамон дар авҷ астСҶБ то кунун 131 ҳолати бемории обчакони ҳамдунаро дар лабораторияҳо тасдиқ кардааст. Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.
https://sputnik.tj/20220523/rospotrebnadzor-nazorat-marz-rusiya-shadid-1048652422.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103133/77/1031337710_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_f21fc270d45d8e7763134ef7f95ae30f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сурхакони маймун, сабт,
тоҷикистон, сурхакони маймун, сабт,
Обчакони ҳамдуна ба Тоҷикистон ҳам расид? Посухи Вазорати тандурустӣ
17:30 24.05.2022 (Навсозишуда: 19:55 24.05.2022) Эксклюзив
Сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳудуди кишвар ягон ҳолати гирифторӣ ба вируси нав сабт нашудааст
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Дар Тоҷикистон ягон мавриди гирифторӣ ба вируси нав - обчакони ҳамдуна ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ин бора сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар Наврӯз Ҷаъфаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба гуфтаи Наврӯз Ҷаъфаров, ин беморӣ нав набуда, онро бо забони тоҷикӣ обчакони ҳамдуна меноманд.
"Мо вазъияти ҷаҳонро бодиққат назорат карда, масъаларо меомӯзем. Ин беморӣ нав нест. Дар тоҷикон онро обчакони ҳамдуна мегӯянд", - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Ҳодисаҳои гирифтории одамон ба ин бемории нав дар чанд кишвар, аз ҷумла дар Бритониёи Кабир, Шветсия, Итолиё, Фаронса, Австралия, Канада, Олмон, Нидерландия, Швейтсария ва Испания ба қайд гирифта шудаанд ва аксари ин кишварҳо чораҳои амниятиро дар ин росто ҷорӣ кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистон дар ин росто вобаста ба вазъи эпидемиологӣ амал хоҳанд кард.
"Вобаста ба вазъи эпидемиологӣ ва тибқи дастурҳои СҶБ амал хоҳем кард", - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Дар бораи ҷорӣ намудани низоми ниқобпӯшӣ низ ин мақомдори тоҷик гуфт, вобаста ба вазъият амал хоҳанд кард.
Бемории обчакони ҳамдуна ё сурхакони маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад.
Беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо метавонанд онро бо мушкилӣ паси сар кунанд.
Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад.
СҶБ то кунун 131 ҳолати бемории обчакони ҳамдунаро дар лабораторияҳо тасдиқ кардааст.
Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.