Эрон бозори Русияро бо масолеҳи сохтмонӣ ва технологӣ пур мекунад

CC BY-SA 4.0 / Ахмад Джамали Могаддам / Площадь Накш-э Джахан, провинция Исфахан, Иран. Архивное фото
Площадь Накш-э Джахан, провинция Исфахан, Иран. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Обуна шудан
Эрон омода аст, ба Русия масолеҳи сохтмонӣ ва маҳсулоти гуногуни технологӣ диҳаду бозори холимондаи ин кишварро аз колоҳои худ пур кунад
ДУШАНБЕ, 26 май - Sputnik. Эрон омода аст, бозори Русияро бо колоҳои зарурӣ, аз масолеҳи сохтмонӣ то маҳсулоти технологӣ пур кунад.
Дар ин бора Вероника Никишина, раиси Маркази содироти Русия изҳор дошт.

"Шарикони эронӣ омодаанд, бо соҳибкорони рус музокира кунанд ва бозорро бо колоҳои зиёд - аз масолеҳи сохтмонӣ ва ороишӣ то маҳсулоти ҷиддии технологӣ таъмин кунанд", - гуфт Никишина зимни суханронӣ дар ҳамоиши миллии саноатии "Сиёсати саноатӣ дар воқеиятҳои нав".

Ӯ ёдовар шуд, ки чанд сол пеш Русия бо Эрон созишномаи муваққатии тиҷорати озодро имзо кард, ки "ин қадами аввал дар самти конвергенсияи имтиёзноки бозорҳои мо буд", менависад РИА "Новости".
"Ҳоло ин аз ҳарвақта муҳимтар аст, зеро дар шароити беш аз 40 соли зиндагии таҳти таҳримҳо Эрон мустақилона корҳои зиёдеро омӯхтааст. Аммо дар Русия дар мавриди он ки дар Эрон чӣ тавлид мешавад ва чӣ тавр ин кишвар метавонад бозори моро пур кунад, холигии муайяни иттилоотӣ вуҷуд дорад", - қайд кард ӯ.
Никишина афзуд, Русия Эронро яке аз шарикони ояндадор дар рушди равобити содироту воридот медонад.
Карта платежной системы Мир - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Созиши Русия ва Эрон барои додугирифт бо пули миллӣ
Ин дар ҳолест, Русия ва Эрон созиш карданд, ки ҳисоббаробаркуниҳо бо истифода аз пулҳои миллиро роҳандозӣ намоянд.
Дар ин бора ноиби сарвазири Русия Александр Новак гуфт, аз ҷумла роҳандозии муомилоти пулӣ байни кортҳои пардохтии "Шитоб" - "Shetab" ва "Мир" баррасӣ шудааст.
Феълан Маскав бо бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун аз он ҳисоббаробаркуниҳоро бо истифодаи пулҳои миллӣ ва рубл роҳандозӣ кардааст.
Қаблан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни ҷаласа дар мавриди вазъи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар гуфт, додугирифти молӣ бо шарикони тиҷорӣ бояд ба рубл ва пули миллии кишварҳои шарик сурат гирад.
Қирғизистон ба хариди сӯзишворӣ аз Русия бо рубл шуруъ кард: Тоҷикистон чӣ?
Русия даҳсолаҳост, ки дар садри шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон қарор дорад. Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ҳифзи иқтисоди миллиро аз таъсири омилҳои берунӣ тасдиқ кардааст, ки истифодаи рублу юан ба ҷойи доллар аз бандҳои он мебошад.
Интизор меравад, бархе созишҳо дар мавриди хариди молу хидматрасониҳо бозбинӣ шаванд. Далели бознигарии созишҳо гузаштан аз доллар ба рубл ва юан зимни харидуфурӯши молҳои истифодаи умум, аз қабили маводи сӯхт, ғизо, чӯб, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хом барои корхонаҳои Тоҷикистон мебошад.
Лентаи хабарҳо
0