https://sputnik.tj/20220525/sozish-rusiya-eron-puli-milli-1048707377.html
Созиши Русия ва Эрон барои додугирифт бо пули миллӣ
Созиши Русия ва Эрон барои додугирифт бо пули миллӣ
Sputnik Тоҷикистон
Дар ояндаи наздик сафари сафари ҳайати мақомдорони баландпояи Бонки марказӣ ва Вазорати молияи Эрон ба шаҳри Маскав дар назар аст
2022-05-25T19:00+0500
2022-05-25T19:00+0500
2022-05-25T19:59+0500
дар русия
иқтисод
савдо
рубл
пул
миллӣ
эрон
бонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102605/14/1026051437_0:115:2201:1353_1920x0_80_0_0_b037f3a0b03c035645697afe37f44dce.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Русия ва Эрон созиш кардаанд, ки ҳисоббаробаркуниҳо бо истифода аз пулҳои миллиро роҳандозӣ намоянд, изҳор дошт ноиби сарвазири ФР Александр Новак. Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла роҳандозии муомилоти пулӣ байни кортҳои пардохтии "Шитоб" - "Shetab" ва "Мир" баррасӣ шуд. Ноиби сарвазири Русия изҳор дошт, ки яке аз масъалаҳои калидӣ муносиботи молиявию бонкӣ миёни кишварҳо мебошад, то шароити ҳисоббаробаркуниҳо ва пардохтҳо миёни шахсони ҳуқуқию созмонҳо фароҳам гардад. Вай афзуд, дар ояндаи наздик сафари мақомдорони Бонки марказӣ ва Вазорати молияи Эрон ба Маскав дар назар аст, ки тайи он таҳкими ҳамкорӣ бо Русияро баррасӣ хоҳанд кард. Феълан Маскав бо бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун аз он ҳисоббаробаркуниҳоро бо истифодаи пулҳои миллӣ ва рубл роҳандозӣ кардааст. Қаблан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни ҷаласа дар мавриди вазъи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар гуфт, додугирифти молӣ бо шарикони тиҷорӣ бояд ба рубл ва пули миллии кишварҳои шарик сурат гирад.Русия даҳсолаҳост, ки дар садри шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон қарор дорад. Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ҳифзи иқтисоди миллиро аз таъсири омилҳои берунӣ тасдиқ кардааст, ки истифодаи рублу юан ба ҷойи доллар аз бандҳои он мебошад.Интизор меравад, бархе созишҳо дар мавриди хариди молу хидматрасониҳо бозбинӣ шаванд. Далели бознигарии созишҳо гузаштан аз доллар ба рубл ва юан зимни харидуфурӯши молҳои истифодаи умум, аз қабили маводи сӯхт, ғизо, чӯб, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хом барои корхонаҳои Тоҷикистон мебошад.
https://sputnik.tj/20220525/qirghiziston-suzishvori-rusiya-rubl-1048696548.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102605/14/1026051437_122:0:2077:1466_1920x0_80_0_0_d3d1428b59b716d18d7cdecf5ba0de19.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, эрон, додугирифт, пули миллӣ, савдо
русия, эрон, додугирифт, пули миллӣ, савдо
Созиши Русия ва Эрон барои додугирифт бо пули миллӣ
19:00 25.05.2022 (Навсозишуда: 19:59 25.05.2022) Дар ояндаи наздик сафари ҳайати мақомдорони баландпояи Бонки марказӣ ва Вазорати молияи Эрон ба шаҳри Маскав дар назар аст
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Русия ва Эрон созиш кардаанд, ки ҳисоббаробаркуниҳо бо истифода аз пулҳои миллиро роҳандозӣ намоянд, изҳор дошт ноиби сарвазири ФР Александр Новак.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла роҳандозии муомилоти пулӣ байни кортҳои пардохтии "Шитоб" - "Shetab" ва "Мир" баррасӣ шуд.
Ноиби сарвазири Русия изҳор дошт, ки яке аз масъалаҳои калидӣ муносиботи молиявию бонкӣ миёни кишварҳо мебошад, то шароити ҳисоббаробаркуниҳо ва пардохтҳо миёни шахсони ҳуқуқию созмонҳо фароҳам гардад.
"Муҳим он аст, ки мо созиш кардем, ҳадди аксар ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ роҳандозӣ шавад. Якҷо бо бонкҳои марказӣ роҳандозии низомҳои пардохт ва пайвасткунии кортҳои "Shetab" ва "Мир"-ро баррасӣ намудем", - гуфт Новак.
Вай афзуд, дар ояндаи наздик сафари мақомдорони Бонки марказӣ ва Вазорати молияи Эрон ба Маскав дар назар аст, ки тайи он таҳкими ҳамкорӣ бо Русияро баррасӣ хоҳанд кард.
Феълан Маскав бо бархе аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва берун аз он ҳисоббаробаркуниҳоро бо истифодаи пулҳои миллӣ ва рубл роҳандозӣ кардааст.
Қаблан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия зимни ҷаласа дар мавриди вазъи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар гуфт, додугирифти молӣ бо шарикони тиҷорӣ бояд ба рубл ва пули миллии кишварҳои шарик сурат гирад.
Русия даҳсолаҳост, ки дар садри шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон қарор дорад. Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Тоҷикистон нақшаи ҳифзи иқтисоди миллиро аз таъсири омилҳои берунӣ тасдиқ кардааст, ки истифодаи рублу юан ба ҷойи доллар аз бандҳои он мебошад.
Интизор меравад, бархе созишҳо дар мавриди хариди молу хидматрасониҳо бозбинӣ шаванд. Далели бознигарии созишҳо гузаштан аз доллар ба рубл ва юан зимни харидуфурӯши молҳои истифодаи умум, аз қабили маводи сӯхт, ғизо, чӯб, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи хом барои корхонаҳои Тоҷикистон мебошад.