https://sputnik.tj/20220525/qirghiziston-suzishvori-rusiya-rubl-1048696548.html
Қирғизистон ба хариди сӯзишворӣ аз Русия бо рубл шуруъ кард: Тоҷикистон чӣ?
Қирғизистон ба хариди сӯзишворӣ аз Русия бо рубл шуруъ кард: Тоҷикистон чӣ?
Sputnik Тоҷикистон
Ҷумҳурии Қирғизистон тақрибан 20 рӯз пеш ба пардохт бо рубли русӣ гузаштааст, гуфт, раиси Хадамоти танзими зиддиинҳисории Қирғизистон
2022-05-25T14:15+0500
2022-05-25T14:15+0500
2022-05-25T20:53+0500
қирғизистон
дар русия
иқтисод
рубл
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101799/15/1017991566_0:901:1393:1685_1920x0_80_0_0_d953418ca3b2270636ff7f1943cfdb36.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Қирғизистон ба харидории сӯзишворӣ ва равғани молиданӣ аз Русия бо рубл шуруъ кард. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба раиси Хадамоти танзими зиддиинҳисории Қирғизистон Кенешбой Тайлаков хабар медиҳад.Мақомдор зимни ҷаласаи парлумони ин кишвар гуфтааст, ки тақрибан 20 рӯз пеш ба пардохт бо пули русӣ гузаштаанд."Имрӯз тоҷирон 70 дарсади маводи сӯхтро бо рубл, боқимондаашро бо доллар мехаранд. Мо чанде пеш, тақрибан 20 рӯз пеш ба пули русӣ гузаштем", - гуфт ӯ.Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистон ҳам нақша дорад, додугирифтҳои тиҷориро бо Русия, ки аз шарикони асосияш аст, бо пулҳои миллӣ роҳандозӣ намояд.Бар асоси ин нақша, дар назар аст, ки пардохти ҳаққи барқе, ки нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" дар Тоҷикистон тавлид мекунад, бо рубл сурат бигирад.Нозирҷон Ёдгори, сухангӯӣ ширкати "Барқи тоҷик" дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, дар ҳоли ҳозир харидории барқ аз "Сангтӯда-1" бо доллар ҳисоб карда мешавад. Ӯ таъкид намуд, ки додугирифт бар асоси шартномаи соли 2009 сурат мегирад, ки миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия баста шудаст.Ӯ тавзеҳ дод, ки ҳаққи барқ бо доллар ҳисобу бо сомонӣ пардохт мегардад.Дастури Путин барои тасреи додугирифти мол бо шарикон бо истифода аз рублҚаблан президенти Русия зимни ҷаласа дар мавриди вазъи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар гуфт, додугирифти молӣ бо шарикони тиҷорӣ бояд ба рубл ва пули миллии кишварҳои шарик сурат гирад.
https://sputnik.tj/20220422/tojikiston-pul-barq-sangtuda-rubl-pardokht-1047863641.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101799/15/1017991566_0:771:1393:1816_1920x0_80_0_0_922f81b6d502e34b24892d9d4745b31d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қирғизистон, хариди сӯзишворӣ, рубли русӣ
қирғизистон, хариди сӯзишворӣ, рубли русӣ
Қирғизистон ба хариди сӯзишворӣ аз Русия бо рубл шуруъ кард: Тоҷикистон чӣ?
14:15 25.05.2022 (Навсозишуда: 20:53 25.05.2022) Ҷумҳурии Қирғизистон тақрибан 20 рӯз пеш ба харидории нафти Русия бо рубли русӣ гузаштааст, гуфт раиси Хадамоти танзими зиддиинҳисории Қирғизистон
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Қирғизистон ба харидории сӯзишворӣ ва равғани молиданӣ аз Русия бо рубл шуруъ кард.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба раиси Хадамоти танзими зиддиинҳисории Қирғизистон Кенешбой Тайлаков хабар медиҳад.
Мақомдор зимни ҷаласаи парлумони ин кишвар гуфтааст, ки тақрибан 20 рӯз пеш ба пардохт бо пули русӣ гузаштаанд.
"Имрӯз тоҷирон 70 дарсади маводи сӯхтро бо рубл, боқимондаашро бо доллар мехаранд. Мо чанде пеш, тақрибан 20 рӯз пеш ба пули русӣ гузаштем", - гуфт ӯ.
Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистон ҳам нақша дорад, додугирифтҳои тиҷориро бо Русия, ки аз шарикони асосияш аст, бо пулҳои миллӣ роҳандозӣ намояд.
Бар асоси ин нақша, дар назар аст, ки пардохти ҳаққи барқе, ки нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" дар Тоҷикистон тавлид мекунад, бо рубл сурат бигирад.
Нозирҷон Ёдгори, сухангӯӣ ширкати "Барқи тоҷик" дар суҳбат бо
Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, дар ҳоли ҳозир харидории барқ аз "Сангтӯда-1" бо доллар ҳисоб карда мешавад. Ӯ таъкид намуд, ки додугирифт бар асоси шартномаи соли 2009 сурат мегирад, ки миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия баста шудаст.
Ӯ тавзеҳ дод, ки ҳаққи барқ бо доллар ҳисобу бо сомонӣ пардохт мегардад.
Қаблан президенти Русия зимни ҷаласа дар мавриди вазъи иқтисодию иҷтимоии ин кишвар гуфт, додугирифти молӣ бо шарикони тиҷорӣ бояд ба рубл ва пули миллии кишварҳои шарик сурат гирад.