Қурби рубл дар Тоҷикистон боз боло рафт

© Sputnik / Алексей СухоруковМонеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро.
Монеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Обуна шудан
Дар бозори арзи Тоҷикистон арзиши асъори аврупоӣ ва амрикоӣ башиддат коҳиш меёбад, аммо дар баробари ин рубли русӣ мавқеи устуворро касб мекунад
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро барои 25 май эълон кард.
Ба иттилои ин ниҳод, арзиши пули русӣ дар ҳоли афзоиш аст. Ҳоло 1 ҳазор рубл 173 сомонӣ ҳисоб мешавад.
Ин нишондиҳанда нисбат ба як рӯзи қабл 0,5 сомонӣ гарон аст.
Қурби доллар ва евро дар кишвар ба поёнравӣ идома медиҳанд.
Ҳамин тариқ, қурби пули амрикоӣ аз 12.1000 то ба 11.4000 сомонӣ поин рафт. Ҳанӯз 20 май имкон буд, 1 долларро ба 12,4500 сомонӣ харид.
Қурби пули аврупоӣ каме коҳишро нишон медиҳад. Ҳоло дар кишвар 1 евро 12,2162 сомонӣ қимат дорад. Як рӯз пеш дар сатҳи 12,5753 ва пеш аз рӯзҳои истироҳат 13,1335 сомонӣ буд.
Денежные купюры США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Сабаби якбора паст шудани қурби доллар ошкор шуд
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 170 сомонӣ ва зимни фурӯш 177 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 172 ва дар фурӯш 174 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 170 сомонӣ мехараду ба ивази 183,5 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 172 ва ҳангоми фурӯш 185 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0