Сабаби якбора паст шудани қурби доллар ошкор шуд

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузариш ба медиабонкДенежные купюры США
Денежные купюры США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Обуна шудан
Таҳлилгарон аз поинравии ногаҳонии "амрикоӣ" дар ҳайрат монданд: қурби доллар тамоюли поинравиро нигоҳ дошта, бори аввал аз 24 феврал то кунун ба 75 рубл расид
ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Поин рафтани қурби доллар ба омилҳое рабт дорад, ки онҳо ба фаъолияти содиркунандагони асъор ва Бонки марказии Русия вобастаанд.
Дар ин бора таҳлилгари аршади ширкати сармоягузории "Русс-Инвест" Роман Блинов дар суҳбат бо агентии "Прайм" изҳори назар кардааст.

"Тағйирёбии босуръати мавқеи пули русӣ вазифаҳои муайян ва дарки ин вазъро, ки чаро ин ҳолат рӯй дода истодааст, матраҳ мекунад", - гуфт иқтисоддон.

Блинов ёдовар шуд, бисёре аз молҳо ва хидматҳо дар Русия ба таври анъанавӣ ба доллар нархгузорӣ мешаванд.
Аммо болоравии босуръати нархҳо дар кишвар ба далели суръат гирифтани таваррум дар ҷаҳон ба касе лозим нест.
Центральный банк России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2022
Бонки Русия меъёри бозтамвилро якбора поин бурд
Ба гуфтаи ӯ, бархе аз сармоягузорони ғарбӣ аз ҳад зиёд пули русӣ доранд, зеро онҳо дар замоне ба Русия омадаанд, ки "амрикоӣ" 120-150 рубл арзиш дошт.
"Онҳо (рубл - шарҳ аз идора) бояд бозпас гирифта шаванд, то суръати таваррум дар кишвар пешгирӣ карда шавад", - таъкид кард Блинов.

Болоравӣ ва фурӯпошии доллар дар соли 2022

Моҳи феврали соли 2022 доллар ва евро ба ҳадди рекордӣ боло рафт.
Қурби "амрикоӣ" аз 120 рубл гузашт ва пули евро то 135 рубл боло рафт.
Сабаби якбора боло рафтани қурби асъор як силсила рӯйдодҳо дар арсаи геополитикӣ буд. Аз ҷумла эътироф шудани ҶМД ва ҶМЛ аз ҷониби Русия, оғози амалиёти вижаи Маскав барои ҳифзи Донбасс ва вокуниши Ғарб ба ин ҳодисаҳо, бахусус таҳримҳо мебошад.
Ҷаҳиши бесобиқаи рубл дар Тоҷикистон: бо доллару евро чӣ шуд?
Рӯзи 23 март қурби доллар аз 100 рубл поин рафт ва евро то 105 рубл коҳиш ёфт.
мавқеи пули русӣ ба далели кори содиркунандагон, ки 80% даромади асъорро мефурӯшанд ва талаботи нав барои фурӯши гази Русия ба кишварҳои ғайридӯст бо рубл мустаҳкам шуд.
Дар баробари ин "амрикоӣ" тамоюли пастшавии худро давом дод.
Ҳамин тавр рӯзи 7 апрел қурби доллар аз 24 феврал барои аввалин бор аз 75 рубл ба поин рафт.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, ин падида муваққатист. Даромади валюта аз содирот низ кам шуда, хароҷоти импорт зиёд мешавад. Ин маънои онро дорад, ки доллар метавонад дубора боло равад.
Лентаи хабарҳо
0