https://sputnik.tj/20220525/fbi-suiqasd-jon-jorj-bush-jilavgiri-1048691255.html
Дар ИМА аз сӯиқасд ба ҷони Ҷорҷ Буши хурдӣ ҷилавгирӣ карданд
Дар ИМА аз сӯиқасд ба ҷони Ҷорҷ Буши хурдӣ ҷилавгирӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Як сокини собиқи Ироқ барои гирифтани қасос аз президенти пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба сӯиқасд омодагӣ мегирифтааст
2022-05-25T11:10+0500
2022-05-25T11:10+0500
2022-05-25T12:40+0500
ҷорҷ буш
има
сӯиқасд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102816/75/1028167586_0:22:2001:1147_1920x0_80_0_0_a628979fe1a6e7e322ffebbbe1957ff6.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Бюрои федералии тафтишотии ИМА сӯиқасд ба ҷони Ҷорҷ Бушро пешгирӣ кардааст. Гуфта мешавад, ки Шиҳоб Аҳмад Шиҳоби 52-сола қасд дошт, аз раисҷумҳури собиқи Амрико барои амалиёти низомӣ дар Ироқ қасос бигирад, ки аз он ҷо ба Оҳайо кӯчидааст. Кормандони Бюрои федералӣ дар бораи нақшаҳои ӯ бинобар иттилоърасони махфӣ огоҳ шудаанд. Эҳтимол меравад, ки ин мард бо "Давлати исломӣ" робита дошта бошад*.Вай ба Техас омад, то хонаи Бушро ба навор гирад. Бюрои федералӣ нақшаҳои ин марди мусаллаҳро пас аз ковиш дар аккаунти "WhatsApp"-и ӯ фош кардааст. Гумонбар аллакай боздошт шуда, иқрор шудааст, ки қасд дошт, чаҳор шаҳрванди дигари Ироқро ба ташкили куштор ҷалб кунад. Онҳо дар Ироқ, Туркия, Миср ва Дания зиндагӣ мекунанд. Ин мард нияти худро ба он рабт дод, ки ӯ раисҷумҳури пешини Амрикоро масъули марги ҳазорон ироқӣ пас аз ҳамлаи артиши Амрико ба кишвараш дар соли 2003 медонад.Ёдовар мешавем, Буш ҳамлаи ИМА ва муттаҳидонаш дар Ироқро роҳбарӣ мекард, ки бисёриҳо онро беасос меҳисобанд. Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, ки ҳадафашон мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи силоҳи қатли ом аст. Дар ин ҷанг беш аз 4000 низомии амрикоӣ ҳамроҳ бо даҳҳо ҳазор ғайринизомии ироқӣ кушта шудаанд. Дар соли 2011 ин амалиёт анҷом дода шуд ва аксари низомиёни амрикоӣ бо дастури раисҷумҳур Барак Обама ин кишварро тарк карданд. Аммо дар соли 2014 контингенти амрикоӣ ба далели ҷанг дар Сурия ва тақвияти ДОИШ дубора тақвият ёфт.* - "Давлати исломӣ" (ДОИШ) созмони террористиест, ки дар Русия мамнуъ аст.
https://sputnik.tj/20220425/jahon-khatar-muvojeh-tramp-metarsad-1047944359.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102816/75/1028167586_0:0:1777:1333_1920x0_80_0_0_7f5273299e5e79e38b5485645ceed71a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сӯиқасд ҷони ҷорҷ буши ҷилавгирӣ
сӯиқасд ҷони ҷорҷ буши ҷилавгирӣ
Дар ИМА аз сӯиқасд ба ҷони Ҷорҷ Буши хурдӣ ҷилавгирӣ карданд
11:10 25.05.2022 (Навсозишуда: 12:40 25.05.2022) Як сокини собиқи Ироқ барои гирифтани қасос аз президенти пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба сӯиқасд омодагӣ мегирифтааст
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Бюрои федералии тафтишотии ИМА сӯиқасд ба ҷони Ҷорҷ Бушро пешгирӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ки Шиҳоб Аҳмад Шиҳоби 52-сола қасд дошт, аз раисҷумҳури собиқи Амрико барои амалиёти низомӣ дар Ироқ қасос бигирад, ки аз он ҷо ба Оҳайо кӯчидааст.
Кормандони Бюрои федералӣ дар бораи нақшаҳои ӯ бинобар иттилоърасони махфӣ огоҳ шудаанд. Эҳтимол меравад, ки ин мард бо "Давлати исломӣ" робита дошта бошад*.
Вай ба Техас омад, то хонаи Бушро ба навор гирад. Бюрои федералӣ нақшаҳои ин марди мусаллаҳро пас аз ковиш дар аккаунти "WhatsApp"-и ӯ фош кардааст.
Гумонбар аллакай боздошт шуда, иқрор шудааст, ки қасд дошт, чаҳор шаҳрванди дигари Ироқро ба ташкили куштор ҷалб кунад. Онҳо дар Ироқ, Туркия, Миср ва Дания зиндагӣ мекунанд.
Ин мард нияти худро ба он рабт дод, ки ӯ раисҷумҳури пешини Амрикоро масъули марги ҳазорон ироқӣ пас аз ҳамлаи артиши Амрико ба кишвараш дар соли 2003 медонад.
Ёдовар мешавем, Буш ҳамлаи ИМА ва муттаҳидонаш дар Ироқро роҳбарӣ мекард, ки бисёриҳо онро беасос меҳисобанд. Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, ки ҳадафашон мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ҷустуҷӯи силоҳи қатли ом аст.
Дар ин ҷанг беш аз 4000 низомии амрикоӣ ҳамроҳ бо даҳҳо ҳазор ғайринизомии ироқӣ кушта шудаанд.
Дар соли 2011 ин амалиёт анҷом дода шуд ва аксари низомиёни амрикоӣ бо дастури раисҷумҳур Барак Обама ин кишварро тарк карданд. Аммо дар соли 2014 контингенти амрикоӣ ба далели ҷанг дар Сурия ва тақвияти ДОИШ дубора тақвият ёфт.
* - "Давлати исломӣ" (ДОИШ) созмони террористиест, ки дар Русия мамнуъ аст.